РАСУЛОВ Муҳаммадҷон Яъқубович (таваллудаш 25. 8. 1920, Хуҷанд), патофизиологи тоҷик, яке аз ходимони фаъоли соҳаи нигаҳдории тандурустӣ дар Точикистон, Духтури Хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон (1960). Аъзои КПСС аз соли 1944. Соли 1943 Институти давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 1943—1948 ҷонишини вазири нигаҳдории тандурустии РСС Тоҷикистон ва муаллими Институти тиббии Тоҷикистон, …
Муфассал »РАСУЛ РИЗО
РАСУЛ РИЗО (тахаллусаш; ном ва фамиляаш Расул Иброҳим-ӯғлӣ Р и з о е в. таваллудаш 19. 5. 1910, шаҳри Гӯкчай), нависандаи советии озар. Шоири Халқии Озарбойҷон (1960), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1980), Ходими Хизматнишондодаи Санъати РСС Озарбойҷон (1944). Аъзои КПСС аз соли 1939. Дар ВГИК хондааст (1935—1937). Солҳои 1945—1949 вазири кинематографияи …
Муфассал »РАСТРЕЛЛИ Варфоломей Варфоломеевич
РАСТРЕЛЛИ (Rastrelli) Варфоломей Варфоломеевич (Бартоломео Франческо) (1700, Париж—1771, Петербург), меъмори рус. Намояндаи барҷастаи услуби барокко дар санъати нимаи асри 18 рус. Аслаш аз Италия, соли 1716 ҳамроҳи падараш — ҳайкалтарош Б. К. Растрелли ба Петербург омадааст. Растреллиҳои 1730—63— меъмори дарбор. Растрелли анъанаҳои услуби бароккоро дар санъати меъмории миллии рус ба …
Муфассал »РАСТОРГУЕВА Вера Сергеевна
РАСТОРГУЕВА Вера Сергеевна (таваллудаш 5. 6. 1912, вилояти Липетск), шарқшинос-эроншиноси советии рус, доктори илмҳои филология (1965), профессори (1969), Ходими Хизматнишондодаи Илми РСС Тоҷикистон (1978). Университети давлатии Ленинград (1938) ва аспирантураи Институти забон ва тафаккури АФ СССР-ро хатм намуда, дар вазифаҳои зерин кор кардааст: муаллими Институти давлатии педагогии Сталинобод ва инспектори …
Муфассал »РАСТА
РАСТА, саф ё қатори дӯконҳои бозорро гӯянд. Дар Осиёи Миёна ва дигар мамлакатҳои Шарқ аз давраҳои қадим cap карда дӯконҳо мувофиқи навъи молҳояшон ба Растаҳо ҷудо мешуданд. Ҳар кадоми Раста вобаста ба чизи фурӯхта мешудагиаш номи махсусе (ба монанди Растаи атторӣ, Pастаи заргарӣ ва ғайра) ба худ мегирафт. Раста ҳоло …
Муфассал »РАССЕЛ Бертран
РАССЕЛ Бертран (18. 5. 1872, Треллек, Уэлс — 2. 2. 1970. Пенриндайдрайт, Уэлс), файласуф, мантиқшинос, математик, сотсиолог ва ходими ҷамъиятии англис. Университети Кембриҷро соли 1894 хатм кард. Солҳои 1910—1916 профессор ҳамин донишкада ва минбаъд университетҳои Британияи Кабир ва ИМА низ буд. Аз соли 1908 аъзои Ҷамъияти подшоҳии Лондон. Соли 1919 …
Муфассал »РАСПЕ Рудолф Эрих
РАСПЕ (Разре) Рудолф Эрих (1737, Ганновер —1794, Макросе, Ирландия), нависандаи немис. Аз маҷмӯаи «Ҳамсафари одамони хушзавқ» (1781—1783) қиссаҳои саргузашти барои Мюнҳаузенро соли 1876 ба англисӣ тарҷума карда, бе имзо чоп кунонд. Сюжетҳоеро, ки манбаашон эҷодиёти халқ, латифаҳои атиқӣ, шарқӣ ва ғайра мебошанд ба зиндагӣ ва аъмоли шахси таърихӣ — барои …
Муфассал »РАСМИИ ЯЗДӢ Мир Абдурраззоқ
РАСМИИ ЯЗДӢ Мир Абдурраззоқ (соли таваллудаш номаълум, Язд —вафоташ 1615), шоири форс-тоҷик. Дар зодгоҳаш таҳсил намуда, ба камол расидааст. Дар миёнаҳои умр ба Ҳиндустон сафар намуда, ба хидмати дарбор дохил шуд. Қасида, ғазал ва дигар навъҳои шеърӣ эҷод кардааст, вале то замони мо аз эҷодиёташ намунаҳои кам боқӣ мондаанд. Ин байтҳо …
Муфассал »PACK Расмус Кристиан
PACK (Rask) Расмус Кристиан (22. 11. 1787, Бренненкилле, ҷазираи Фюн—14. 11. 1832, Копенгаген), забоншиноси даниягӣ. Китобдор (1829) ва профессори забонҳои шарқии Университети Копенгаген (1831). Яке аз асосгузорони методи муқоисавии таърихӣ дар забоншиносӣ буда, ин методро аввалин бор дар ҳалли масъалаи пайдоиши забони исландӣ татбиқ кард ва бо роҳи муқаррар намудани …
Муфассал »РАСИН Жан
РАСИН (Racine) Жан (21. 12. 1639, Ферте-Милон—21. 4. 1699, Париж), драматурги франсавӣ, аъзои академики Франсия (1673). Аз оилаи амалдор. Фоҷиаи «Андромаха» (1667), ки нахустин асари муҳими ӯ буда, масъалаҳои ахлоқро ба миён мегузорад, дар таърихи драматургияи франсавӣ саҳифаи нав кушод. Мавзӯи асосии песаҳои Расин ҳаёти маишиву оилавӣ буда, ба онҳо …
Муфассал »