Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАСУЛОВ Муҳаммадҷон Яъқубович

РАСУЛОВ Муҳаммадҷон Яъқубович

РАСУЛОВ Муҳаммадҷон Яъқубович (таваллудаш 25. 8. 1920, Хуҷанд), патофизиологи тоҷик, яке аз ходимони фаъоли соҳаи нигаҳдории тандурустӣ дар Точикистон, Духтури Хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон (1960).

Аъзои КПСС аз соли 1944. Соли 1943 Институти давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 1943—1948 ҷонишини вазири нигаҳдории тандурустии РСС Тоҷикистон ва муаллими Институти тиббии Тоҷикистон, солҳои 1949—1954 ходими илмии Институти физиологияи патологии А ИТ СССР ва солҳои 1955—1971 директор ва ходими илмии Институти эпидемиология ва гигиенаи Душанбе (дар як вақт дотсенти Институти тиббӣ, муаллими Институти педагогии занонаи Душанбе). Солҳой 1971—1981 директори китобхонаи ил­мии тиббии Вазорати нигахдорни тандурустии РСС Тоҷикистон. Расулов зиёда аз 100 асару мақолаҳои илмӣ дорад, ки онҳо ба масъалаҳои физиологияи нор­малӣ, патофизиология, таърихи тиб, нигаҳдории тандурустӣ бахшида шудаанд. Расулов муаллифи аввалин луғати нимтафсирии тиббӣ (русӣ-лотинӣ- тоҷикӣ) дар чор ҷилд мебошад. Аз соли 1954—1982 чонишини муҳаррир, муҳаррири масъул ва котиби масиули журнали «Нигаҳдории тандурустии Тоҷикистон». Аз соли 1981 нафақахӯр. Бо ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат», медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Ас.: Диссертации учёных Таджикиста­на по медицине (аннотации), Д., 1964, 1968; Медицинский словарь, т. 1., Д., 1974; т. 2—3. Д.. 1982; т. 4. Д. 1986.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …