Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 137)

Гуногун

РАУФОВ Юсуфҷон

РАУФОВ Юсуфҷон (таваллудаш 1902, шаҳри Уротеппаи ҳозира вилояти Ленинобод), наққоши тоҷик. Ходими Хизматнишондодаи Санъати РСС Тоҷикистон (1963). Аз оила наққоши касбӣ. Нозукиҳои касби наққоширо аз падараш усто Муҳаммад Рауфи Носирӣ омӯхт. Солҳои 1927—1929 дар Дорулмуаллимини Тошкент таҳсил намуда, сипас дар pайони Кӯктоши РСС Тоҷикистон муаллими мактаби миёна шуда кор кардааст. …

Муфассал »

РАТУША

ratusha

РАТУША, бинои худидоракунии шаҳр дар баъзе мамлакатҳои Европа. Тарзу усули сохтани Ратуша асосан дар асрҳои 12—14 шакл гирифта, унсурҳои санъати меъмории ҳисору калисосозиро низ дар бар мегирад. Ратуша аксаран аз бинои дуқабата иборат буда, дар қабати дуюми он толори маҷлис ва пешайвоне барои муродиат ба аҳолии шаҳр ҷойгирогд. Дар Ратуша …

Муфассал »

РАУФОВ Борис

РАУФОВ Борис (таваллудаш 10. 1. 1928, деҳаи Унҷии Хуҷанд), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Аъзои КПСС аз соли 1950. Солҳои 1941—1948 колхозчӣ, 1948—1950 ва 1964—1967 сардори бригадаи пахтакорӣ, 1953—1964 ронандаи колхози ба номи А. А. Жданови pайони Қумсангир,1950—1953 дар сафи Армияи Советӣ ва аз 1968 обмони колхози ба номи С. …

Муфассал »

Қалъаи РАТМ

РАТМ, қалъаест дар Помири Ғарбӣ, мансуб ба асрҳои 3 то мелод—7—8 мелод, ки 15 км шарқтари деҳаи Лапгари pайони Ишкошими ВМКБ воқеъ аст. Соли 1947 бостоншинос А. Н. Бернштам кашф ва 1962 бостоншиноси тоҷик У. Бобоев тадқиқ намуд. Ратм аз Шимолу Шарқ ба Ҷанубу Ғарб кашол ёфтааст. Дарозиаш 58,2 м, …

Муфассал »

РАТЛ

jom

РАТЛ (арабӣ 1) дар тибби қадим воҳиди вазнест, ки ба 144 дир­ҳам ё 449,28 г. баробар аст; 2) пиёла, паймона, ҷом, қадаҳ; пиёлаи шароб.

Муфассал »

РАСУЛОВА Ҳоҷирахон

РАСУЛОВА Ҳоҷирахон (таваллудаш 9. 1. 1917, деҳаи Қизилюлдузи ҳозира райони Ленин), пахтакор Меҳнати Сотсиалистӣ (1947). Аъзои КПСС аз соли 1946. Солҳои 1929— 1941 колхозчӣ,1941— 1968 сардори звено ва бригадаи пахтакорӣ, 1965—1967 колхозчии колхози «Ленинград» райони Ленин ва аз соли 1967 нафақахӯри шахсӣ. Звенои Расулова солҳои 1945—1947 ҳосили фаровони пах­та рӯёнд. …

Муфассал »

РАСУЛОВА Муҳаррам Расуловна

РАСУЛОВА Муҳаррам Расуловна (таваллудаш 17. 6. 1926, Хуҷанд, ҳозира шаҳрт Ленинобод), ботаники советӣ, аъзо- корр. АФ РСС Тоҷикистон (1981). Аъзои КПСС аз соли 1951. Аз оилаи коргар. Солҳои 1941—1943 лаборанти заводи пахтатозакунии шаҳри Ленинобод. Солҳои 1943—1945 донишҷӯ, 1945—1947 лаборанти Институти муалли­мии занона ва дар як вақт донишҷӯи шӯъбаи шабонаи факултети …

Муфассал »

РАСУЛОВ Ҷаббор

rasulov-j

РАСУЛОВ Ҷаббор (10. 7. 1913, Хуҷанд—4. 4. 1982, Душанбе), хо­дими партиявӣ ва давлатии советӣ. Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ В (1981). Аз оилаи коргар. Аъзои КПСС аз соли 1939. Солт 1934 Институти пахтакории Осиёи Миёнаро хатм намудааст. Солҳои 1934 —1938 агроном, 1938 —1941 сардори уп­равления, ҷониши­ни комиссари халқии зироати РСС Тоҷикистон. Солҳои …

Муфассал »

РАСУЛОВ Раҳматулло

РАСУЛОВ Раҳматулло (таваллудаш 1901, деҳаи Гурёти pайоги Ҳисор—16. 9. 1976, ҳамон ҷо), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Со­тсиалистӣ (1948). Аъзои КПСС аз соли 1937. Солҳои 1929 колхозчӣ, 1930 сардори бригадаи пахтакории колхози «Меҳнаткаш», 1931 —1936 раиси Советт қишлоқи Навобод, 1936—1953 раиси колхози «30-солагии Октябр», 1953—1956 раиси селпои Навобод, 1956—1967 мудири агроучасткаи колхози …

Муфассал »