Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Қалъаи РАТМ

Қалъаи РАТМ

РАТМ, қалъаест дар Помири Ғарбӣ, мансуб ба асрҳои 3 то мелод—7—8 мелод, ки 15 км шарқтари деҳаи Лапгари pайони Ишкошими ВМКБ воқеъ аст. Соли 1947 бостоншинос А. Н. Бернштам кашф ва 1962 бостоншиноси тоҷик У. Бобоев тадқиқ намуд. Ратм аз Шимолу Шарқ ба Ҷанубу Ғарб кашол ёфтааст. Дарозиаш 58,2 м, бараш 38,1 м. Сохти секунҷаи девор ва бурҷҳо ба мавқеи қалъа мувофиқат мекунад. Деворҳо аз тахтасангу гил сохта шудаанд, вале қалъаро асосан ҷариҳо муҳофизат мекарданд. Дар саҳ­ни қалъа иқоматгоҳҳои хурди ба якдигар ҷафс сохта шудаанд. Бурҷҳои деворҳо тиркашҳои росткунҷа доранд. Сафолпораҳои аз саҳни қалъа ҷамъовардашуда ба сафолҳои пуштаҳои Помир монанданд. Дар Ратификатсия ҳафриёт гузаронда нашудааст.

У. Бобоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …