Маълумоти охирин

БОЗОРӢ

imagesБОЗОРӢ Хоҷаалӣ, шоири тоҷик (асри 16). Зодгоҳаш Астаробод. Дар чанде аз монобеи адабӣ, аз ҷумла «Туҳфаи Сомӣ»-и Соммирзои Сафавӣ чун шоири хуштабъу ширинсухан ёд шудааст. Намунаҳо аз осораш (ғазалҳо, рубоиҳо, қитъаҳо) ба тавассути тазкираҳо боқӣ мондаанд. Абёти зерин аз ӯст:

Бо дил гуфтам, ки эй дил аҳволи ту чист?

Дил дида пуроб карду бисёр гирист.

Гуфто, ки чӣ гуна бошад аҳволи касе,

К-ӯро ба муроди дигаре бояд зист?

Ап.: Энциклопедиям адабиёт ва санъати тоҷик, Ч. 1, Душанбе, 1988.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …