Маълумоти охирин

БОРУДӢ

imagesБОРУДӢ Олимҷон писари Муҳаммадҷон (1857, Қазон – 1921, Маскав), рӯҳонии мусулмон ва маорифпарвари Руссия. Баъди гирифтани таҳсилоти ибтидоӣ дар мадрасаи Гулбуюи Урал барои касби таҳсилоти олии динӣ ба Бухоро рафт ва муддати 7 сол дар он ҷо таҳсил кард. Баъди бозгашт ба ватан ба ҷорӣ кардани усули нави таълим пардохт. Борудӣ соли 1882 дар Қазон мадрасаи «Муҳаммадия»-ро таъсис дод, ки бонуфузтарин таълимгоҳи исломии Руссия ба шумор мерафт; он алҳол яке аз се таълимгоҳи олии исломии Тотористон аст ва то 500 нафар толибилм дорад. Дар ин Мадраса ба шогирдон (онҳоро «шокирд» меномиданд) забону адабиёти тоторӣ, русӣ, арабӣ, форсӣ, инчунин алгебра, нақшакашӣ, физика, ҷуғрофиё, фалсафа, мантиқ, психология, педагогика, ҳуқуқ ва тиб таълим дода мешуд. Борудӣ ҳамзамон дар ҷунбишҳои сиёсӣ ва иҷтимоии Урал низ фаъолона иштирок мекард. Мақомоти Руссия барои ин, инчунин бар асари эътирозҳои тарафдорони усули кӯҳнаи таълим, Борудиро ба муддати 2 сол ба Волга-Дони Ғарбӣ бадарға карданд. Дар анҷумани дуюми мусулмонони Руссия (соли 1917) сарварии идораи динии марказии мусулмонони Руссияи дохилӣ ва Сибир ба зиммаи Борудӣ вогузошта шуд ва ӯ ҳамзамон муф¬тии мусулмонони Руссия интихоб гардид. Борудӣ зимни чандин мулоқот бо сафири Давлати Усмонӣ Камолӣ Суйламаз-уғлӣ, ки то августи 1918 дар Маскав буд, таваҷҷуҳи ӯро ба умури мусулмонони турки Руссия ҷалб кар¬да, барои ҳифзи ҳуқуқи онҳо аз ӯ дастгирӣ ва ёрӣ хост. Барои ҳамин кушишҳо аз ҷониби мақомоти Руссия дастгир ва чанд моҳ зиндонӣ шуд.
Борудӣ барои ҷорӣ кардани усули ҷадид ба ҳавзаи таълим ва тарғибу ташвиқи афкори маорифпарварӣ дар миёни мусулмонон, бедор кардан ва боло бурдани сатҳи фикрӣ ва фарҳангии онҳо саъю талош мекард. Бо ин мақсад ба марказҳои фарҳанги исломии он рӯзгор – Истанбул, Димашқ, Маккаву Мадина ва Қоҳира сафар карда, бо шахсиятҳои маъруфи илмии ин шаҳрҳо дидор ва гуфтушунид намуд. Борудӣ мехост таълим ба забони туркӣ сурат ги-рад, барои ҳамин ҳам ба забони туркӣ чандин китоби дарсӣ таълиф кард, ки дар мадрасаҳои он замон истифода бурда мешуданд. Муҳимтарин асари Борудӣ китоби «Маорифи исломӣ» аст, ки бори нахуст соли 1891 чоп шуда, минбаъд борҳо ба табъ расид. Китоби мазкур дар ҷунбиши бедории мусулмонони Руссия таъсири амиқ гузошт. Маҷаллаи таъсисдодаи Борудӣ «ад-Дину ва-л-адаб», ки солҳои 1906-1917 дар Қазон чоп мешуд ва афкори ҷадидии муътадил дошт, яке аз муҳимтарин васоити иттилоотии мусулмонони Руссия дар он замон ба шумор мерафт.
Адабиёт: Валидов К. Очерк истории образованности и литературы татар, Оксфорд, 1986; Ислам в современной России. Энциклопедия. Москва, 2008;
С. Маҳмадуллоҳ.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …