Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОРРОМИНИ

БОРРОМИНИ

borrominiБОРРОМИНИ (Borromoni; аслан Кастелли, Castelli) Франческо (25.9.1599-2.8.1667), меъмор, яке аз пешвоёни барокко (усули меъморӣ)-и итолиёӣ. Дар Милан касби сангтароширо омӯхт. Тақрибан соли 1620 ба Рум омад ва таҳти роҳбарии К. Мадерни, баъд Ҷ. Л. Бернини кор кард. Борромини тахайюлоти ғании ороиширо бо ҳисоби дақиқи ҳандасию ҳисобӣ тавъам намуда, тарҳҳои мураккаби нозук офаридааст, ки бо шаклҳои барҷаста ва фурӯхамидаашон касро ба ҳайрат мегузоранд. Асарҳои асосии Борромини: калисоҳои Сан-Карло алле Куатро Фонтане (1638-41), Сант-Иво алла Сапиенс (1642-60), бозсозии Коллегияи тарғиби имон (1646-67), намои калисои Сан-Анезе ин Агоне (1653-55) – ҳамааш дар Рум. Борромини ба бемории рӯҳии шадид гирифтор шуда, оқибат худкушӣ намуд.

Адабиёт: Новая российская энциклопедия. Т. III (1). Москва. 2007.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …