Маълумоти охирин
Главная / anvarj63 (страница 39)

anvarj63

Ломбросо Сезаре

ЛОМБРОЗО СЕЗАРЕ

ЛОМБРОЗО (Lombroso) Чезаре (11. 1835, Верона —9. 10. 1909, Ту­рин, Италия), психиатори суӣи ва антропологи италиявӣ, асосгузори ҷараёни антропологӣ дар кримино­логия ва ҳуқуқи ҷиноятии буржуазӣ. Соли 1858 Университети Павияро хатм кард, аз соли 1862 профессори ҳамин университет, аз соли 1896 профессори Университети Турин. Ломборзо ҷиноятро мисли таваллуд ва вафот ҳодисаи …

Муфассал »

ЛОЛАИ МАҲМЁЗ

ЛОЛАИ МАҲМЁЗ

ЛОЛАИ МАҲМЁЗ (Corydalis), ҷинси растанӣ аз оилаи шохтаранҳо. Алафи бисьёрсола, баъзан ду ё яксо­ла. Барги бонавбати ду-се карат се парра, гули зигоморфии сафед, зард, бунафш ё қирмизӣ ва ғӯзамеваи дарозрӯяи дуқабата дорад. Қариб 280 намуди Лола м. дар қисмҳои муътадили Евросиё ва Америкаи Шимолӣ паҳн шудааст. Дар СССР қариб 70 …

Муфассал »

МАНТИЯИ ЗАМИН

mantiyai-zamin

МАНТИЯИ ЗАМИН, табақаест байни қишр ва ядрои Замин 83% ҳаҷм (ғайр аз атмосфера) ва 67% массаи Заминро фаро мегирад. Бино бар ақидаҳои мавҷуда Мантияи Замин, аз ҳамон элементҳои химиявӣ иборат аст, ки онҳо ҳангоми пайдоиши Замин дар ҳолати сахт буданд ё ба таркиби пайвастҳои сахти химиявӣ дохил мешуданд (аз қабили …

Муфассал »

МАНИФЁСТИ ПАРТИЯИ КОМ­МУНИСТӢ

manifest_kommunisticheskoj_partii

«МАНИФЁСТИ ПАРТИЯИ КОМ­МУНИСТӢ», нахустин ҳуҷҷати программавии коммунизми илмиет, ки дар он ғояҳои асосии марксизм ифо­да ёфтаанд. К. Маркс ва Ф. Энгельс «М. П. К.»-ро бо сулорииш Конгресси 2-юмн Иттифоқи коммунистон (1847) ҳамчун программаи Итгифоқ навиштанд. Соли 1848 дар Лондон бори аввал ба забони немисӣ нашр гардид. В. И. Ленин боигарии …

Муфассал »

Лоладарахт

guli-loladaraxti-zard

ЛОЛАДАРАХТ (Liriodendron tuli- pifera), дарахтест аз оилаи Magnoliaceae. Баландиаш 30—60 м. Барги лирашакли 4 — 6-парра, гули калони зарди ё сурхи сабзтоб (кутраш то 6 см), меваи ҷалғузашакл, тухми «қанотакдор» (вазни 1000 тоаш 60—63 г) дорад. Дар шахроити республика моҳи май гул карда, тухмаш октябр мепазад. Лоладарахт аз набототи қисми …

Муфассал »

Деҳаи Лолагӣ дар ноҳияи Ҳисор

Деҳаи Лолагӣ дар ноҳияи Ҳисор

ЛОЛАГӢ – деҳаест дар ҷамоати Навободи ноҳияи Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон Масоҳати колхози «Ленинизм» аст. Аз Лолагӣ то маркази ҷамоат 7 км., то маркази ноҳия ва стансияи роҳи оҳани Хонақоҳ 14 км. роҳи мумфарш аст. Аҳолиаш 789 нафар (2015), тоҷикон. Мактаби миёна ва мағоза до­рад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ ва парвариши …

Муфассал »

Малиновский, Родион Яковлевич

alinovski-radion

МАЛИНОВСКИЙ Родион Яковлевич (23. 11.1898, Одесса — 31. 3. 1967, Москва), лашкаркаши советӣ, Маршали Иттифоқи Советӣ (1944), ду карат Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1945 ва 1958),Қаҳрамони Халқии Югославия (1964). Аъзои КПСС аз соли 1926. Аз соли 1914 дар армия. Солҳои 20—30 ӯ аз командири взвод то ба дараҷаи командири корпус сабзида …

Муфассал »

Мактаби биологӣ

biologiya

Мактаби биологӣ, ҳаёти ҷамъиятӣ инсониро дар асоси қонунҳои биология (мубориза баҳри зиндагӣ, интихоби табиӣ, таркиби ҳуҷайравии организм ва ғ.), инчунин истифодаи идеяҳои мальтусчигӣ ва нажодпарастӣ таъбир менамояд. Кӯшиши таъбири ҳодисаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси биология ғайриилмист. В. И. Ленин қайд карда буд, ки ба соҳаи фанҳои ҷамъиятӣ кӯчонидани мафҳумҳои биологӣ …

Муфассал »

Тазкираи Майхона

maixona

«МАЙХОНА» тазкираи Абдуннабии Фахруззамонии Қазвинӣ, ки соли 1619 дар ш. Патнаи Ҳиндустон таълиф шуда, шарҳи ҳол ва намунаи осори 90 шоири соқиноманависро дар бар мегирад. Тартиби умумии тазкира ва тарзи табақабандии он аз рӯи «мартаба» ба тариқи зайл аст: Мартабаи аввал — дар зикри 29 нафар шоиронест, ки пеш аз …

Муфассал »

Лолаарӯсак

Лолаарусак

ЛОЛААРӮСАК (Раpaver rhoeas), як навъ гиёҳи яксола. Пояаш (дарозиаш 5—40 см) ҳамида ва мӯякҳои дурушт дорад. Баргҳояш каммӯяк, баъзан тамомаи лучи паршаклу паррадор. Дарозии онҳо 10— 12 мм, гулбарг 4—18 мм буда, бо осони ва барвақт мерезанд; ранги онҳо сурхтоб, доғи сиёҳ доранд ё бедоғанд; ғӯзамевааш луч ва дарозиаш 15— …

Муфассал »