Маълумоти охирин
Главная / anvarj63 (страница 37)

anvarj63

МАКТАБИ БЕДИЛ

maktabi-bedil

МАКТАБИ  БЕДИЛ, равияи адабие дар адабиёти асрҳои 18—19 ва аввали асри 20 тоҷик, ки дар Осиёи Миёна ба амал омада процесси адабии ин давраҳоро фаро гирифт. Бедил бо истеъдоди фавқулодаи бузурги худ анъанаҳои адабиёти классикии форс-тоҷикро омӯхта, вобаста ба таҳқиқи воқеияти Ҳиндустон паҳлуҳои ғоявии ин адабиётро ба тарзи хос инкишоф …

Муфассал »

Лот

лот

ЛОТ (аз голл. lood), асбоб барои аз болои киштӣ чен кардани умқи об. Локҳои дастӣ, механикӣ ва гидроакустикӣ мавҷуданд. Локи дастӣ порсанги сурбӣ ё чуянии (массааш 3,5—5 кг) конус (пирамида)-шаклест, ки ба нӯгаш симтаноб (лот­линь) баста шудааст (симтанобро ба метрҳо тақсим мекунанд). Бо ёрии он умқи баҳрро то 50 м …

Муфассал »

ЛОДОЙДАМБА Чадраавалын

Chadrabalyn Lodoidamba

ЛОДОЙДАМБА Чадраавалын ( Chadraabalyn Lodoidamba – 1917, аймоқи Говь-Олтой —1970), нависанда ва адабиётшиноси муғул. Аз оилаи гӯянда. Дар Университети Муғулистон аз аспирантураи Академияи илмҳои ҷамъиятии назди КМ КПСС хондааст. Аввалин ҳикояи Лодз «Гурги каллапӯшдор» (1945) дар мавзӯи дӯстии мардуми советӣ ва муғул аст. Муаллифи аввалин романи саргузаштӣ «Дар Олтой» (1919) …

Муфассал »

Ликватсия

Ликватсия

Ликвасия – ба руссӣ – ликвация (аз лот. liquatio —моеъгардонӣ, гудозиш), сегрегация (аз лот. segregatio — ҷудокунӣ), дар металлургия, ғайриякҷинсагии таркиби химиявии хӯлаҳо, ки дар вақти кристаллшавии онҳо ба вуҷуд меояд. Сабаби ба вуҷуд омадани Ликватсия дар он аст, ки хӯлаҳо мисли металлҳои холис на дар як ҳарорати муайян, балки дар …

Муфассал »

ЛОКОМОТИВ

Локоматив

ЛОКОМОТИВ (франс. locomotive, аэ лот. loco movlo — аз ҷой ҳаракат мекунонам), воситаи нақлиёт, ки барои рӯ-рӯи рельс ҳаракат кунондани поезд ё вагонҳои ҷудогона пешбинӣ шудааст. Дар аввал фақат паровозро Локк меномиданд. Баъдтар ҳамаи намудҳои воситаҳои кашандаи роҳи оҳанро чунин меномидагӣ шуданд. Локомотивҳои ҳозира ба 2 гурӯҳ: ҳароратӣ ва электрикӣ …

Муфассал »

Шаҳри Лилонгве

Лилонгве

ЛИЛОНГВЕ (Lilongwe), пойтахти Республикаи Малави. Дар соҳили дарёи Лилонгве воқеъ гаштааст. Роҳи автомобилгард Ликерро бо бандари Салим, ки дар соҳили кӯли Ньяса (Малави) воқеъ гаштааст, алоқаманд мекунад. Аэропорт дорад. Аҳолиаш 103 ҳазор нафар (бо атрофи шаҳр, 1978). Лилонгве маркази тамокукорӣ ва саноати тамоку мебошад.

Муфассал »

ЛИКВАЦИЯ

likvaciya

ЛИКВАЦИЯ (аз лот. liquatio—моеъ гардидаи, гудозишӣ), дар геология, протсессе, ки ҳангоми паст шудани ҳарорат магмаи гудохта ба ду моеи ба якдигар омехтанашаванда ҷудо мешавад. Аз кристалл бастани ин гудохтаҳо агрегатҳои минералии гуногунтаркиб (ҷинсҳои кӯҳию маъданҳо) ба вуҷуд меояд. Як гурӯҳ олимон (Левинсон-Лессинг, Депи ва дигарон) Ликватсияро яке аз роҳҳои асосии …

Муфассал »

МАМАДҚУЛИЗОДА Ҷалил

odami_nomalum

МАМАДҚУЛИЗОДА Ҷалил (тахалл. — Мулло Насриддин; 22. 2. 1866, Нахҷувон— 4. 1. 1932, Боку), нависандаи советии озар, ходими ҷамъиятӣ. Солҳои 1888-98 муаллим буд. Аз соли 1903 дар Тифлис зиндагӣ кардааст. Соли 1906 ба нашри журнали ҳаҷвии «Мулло Насриддин» cap карда, ҳаракати миллии озодихоҳии мамлакатҳои Шарқро, химоя менамояд. Иштирокчии Революцияи 1905—07. …

Муфассал »

Малтоиҳо

malto

МАЛТОИҲО, халқ, аҳолии асосии Малта. Шумораашон 420 ҳазор нафар (1978). Ба забони мальтоӣ (гурӯҳи сомӣ) гап мезананд. Эътиқодмандон пайрави мазҳаби католикии д. Эҳтимол, аслашон финиқӣ бошад. Мальтоза чандин асрҳо зери тасарруфи юнониён, римиҳо, арабҳо ва ғ. буданд. Машғулияти асосии Мальтонҳо деҳқонӣ, чорводорӣ, моҳигирӣ ва баҳрнавардист.

Муфассал »

Маданияти Майкоп

maykop

МАДАНИЯТИ МАЙКОП, маданияти археологии нимаи дуюми ҳазораи 3 то м., ки дар доманаи кӯҳҳои Кавкази Шимолӣ паҳн буд. Аз номи қӯрғони Майкоп, ки соли 1897 тадқиқ гардид, гирифта шудааст. Аз Маданияти Майкоп бисьёр қӯрғонҳо боқӣ мондаанд, ки баъзеи онҳо истеҳкому бошишгоҳанд. Дар охири давраи Маданияти Майкоп мақбараҳои сангӣ пайдо шуданд. …

Муфассал »