Маълумоти охирин
Главная / 2019 / May (страница 14)

Архив Месяца: May 2019

САРҲАКАМ

hukuk

САРҲАКАМ, раиси суди ҳакамӣ, ки ҳангоми сар задани мухолифат дар байни судяҳои ҳакамӣ аз тарафи худи онҳо интихоб мегардад ё бо тартиби муқаррар кардан қонун таъин мешавад.

Муфассал »

САРҲАДҲОИ ДАВЛАТӢ

sarhad

САРҲАДҲОИ ДАВЛАТӢ, хаттеро гӯянд, ки ҳудуди территорияи давлатро муайян мекунад. Сарҳадҳои давлатии хушкӣ ва обӣ бо мувофиқати байни давлатҳои марбута муқаррар мешавад. Маросими муайян намудани сарҳад 2 марҳала дорад: мувофиқи шартнома муайян намудани самт ва мавқеи сарҳад (делимитасия) ва муқаррар намудани сарҳад дар маҳал (демаркасия). Сарҳадҳои баҳрие, ки обҳои территориявии …

Муфассал »

“САРҲАДЧИЁНИ СОВЕТӢ”

newspapers

“САРҲАДЧИЁНИ СОВЕТӢ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Тоҷикистон ва Совети депутатҳои меҳнаткашони райони Даштиҷум. Аз соли 1938 то 1957 то тиражи 1000 нусха, ҳафтае 1 маротиба ба забони тоҷикӣ нашр мешуд. Аввал бо номи «Сарҳадчиёни сурх» мебаромад, аз 2 июли 1955 «Сарҳадчиёни советӣ» ном гирифта буд.

Муфассал »

Паҳнкӯҳи САРҲАД

katorkuh

САРҲАД, паҳнкӯҳест дар Эрон, дар қисми ҷанубии кӯҳҳои Эрони Шарқӣ. Аз Шимоли Ғарб, ба Ҷануби Шарқ ба масофаи 400 километр тӯл кашидааст, бараш 200 километр. Баландии қаторкӯҳҳояш 2500 —3000 метр, пастхамиҳои фарохи байни онҳо — қариб 1500 метр. Қуллаи баландтаринаш 4042 метр (вулқони хомӯшшудаи Тафтон, ки қариб тамоми сол барфпӯш …

Муфассал »

Деҳаи САРҒАЙ

САРҒАЙ, деҳаест дар Совети қишлоқи Думбрачии райони Ҷиргатоли Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Территорияи совхози «Лахш-1». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 30 километр, то район 40 километр. Аҳолиаш 350 нафар (1981), тоҷикон ва қирғизҳо. Мактаби 8-сола ва магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ ғалла, картошка ва тамокукорӣ, инчунин чорводорист. Заминҳо аз …

Муфассал »

САРЯН Мартирос Сергеевич

САРЯН Мартирос Сергеевич (28. 2. 1880, Нахҷувони Дон, ҳоло дар ҳудуди шаҳри Ростови Дон,—5. 5. 1972, Ереван), рассоми советӣ, Рассоми Халқии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР (1960), аъзои ҳа- қиқии Академияи Рассомии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР (1947), аъзои Ҳақиқии Академияи Фанҳои …

Муфассал »

САРЪ – эпилепсия

sardard

САРЪ, эпилепсия (аз юн. ерБ 1атЬапо — медорам, ҳуҷум мекунам), як навъ бемории музмини майнаи сари одамро гӯянд, ки сабабҳои пайдоишаш гуногун буда, асосан дар шакли хурӯҷи (эҳтидоди) такроршаванда зоҳир мегардад. Саръ яке аз бемориҳои маъмули асабию рӯҳӣ мебошад. Ба он қариб 1%-и аҳолии ҷаҳон гирифтор аст. Бештар дар синни …

Муфассал »

САРШУЁН

tuy

САРШУЁН, як намуди маросими халқист, ки дар байни тоҷикон аз қадимулайём маъмул буда, пас аз як ҳафтаи издивоҷи духтар барпо мегардад. Дар он занҳо зиёфат ороста, мӯи мандабофтаи духтарии арӯсро кушода, думила мебофтанд, ки он аломати оиладории арӯс буд. Ҳоло ин одат аз байн рафта истодааст. М. Ҳомидҷонова.

Муфассал »

САРШӮИ

САРШӮИ, як навъ гили сафедро гӯянд, ки дар об ҳал карда, бо оби он сар мешӯянд.

Муфассал »

САРШУМОР

САРШУМОР, Сарона, андози сарикасист, ки бори аввал дар аҳди муғулҳо ба сифати андози доимӣ ҷорӣ шуда буд. Он вақтҳо Саршумор «кунчур» ном дошта, аз ҳамаи аҳолӣ ситонда мешуд. Андозаи Саршумор вобаста ба сарвати шахси андоздиҳанда аз як то даҳ динор буд. Вало дар амал Саршумор мувофиқи даромад ситонида намешуд. Дар …

Муфассал »