Маълумоти охирин

Архивы за день : 02.05.2019

САНДУҚ

sanduk

САНДУҚ, 1) асбоби рӯзгор, қуттии калоне, ки дар он анҷоми рӯзгор, асбоби зинат ва дигар чизҳои нодирро нигоҳ медоранд. Дар ибтидо онро аз пӯсти ҳайвонот тайёр мекарданд. Баъдтар Сандуқро аз чӯб, филизот месохтанд. Тахтаҳои пеш, қафо ва зери Сандуқро ба ҳам васл намуда, мехкӯб мекунанд. Тахтаҳоро суфтаву ҳамвор намуда, баъд …

Муфассал »

САНЖЕЕВ Гарма Дансаранович

САНЖЕЕВ Гарма Дансаранович (таваллуд 8. 2. 1902, деҳаи Тайшини уезди Балаӯани, губернияи Иркутск, ҳозира райони Алари вилояти Иркутск —6. 12. 1982, Москва), забоншиноси советӣ. Док- тори илмҳои филологии (1948). Профессор (1953). Ходими Хизматнишондодаи Илм ва Техникаи Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Бурятия. (1962), Ходими Хизматнишондодаи Илми Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия …

Муфассал »

САНДОН

519

САНДОН, с и н д о н, 1) олати оҳангарӣ, мисгарӣ ва заргариест, ки ба рӯи он оҳан ё филизро монда, бо хоиску кӯба мезананд. Сандон хӯлаи фӯлодини сарпаҳнест, ки сайқал дода шудааст. Онро одатан бар кундаи чӯб устувор мекунанд. Дар асбобсозӣ ва истеҳсоли соат Сандони хурди бар миз устувор …

Муфассал »

САНДИНО Аугусто Сесар

САНДИНО Аугусто Сесар (18. 5. 1895, Никиноомо, департаменти Масая — 21. 2. 1934, Манагуа), қаҳрамони миллии халқи Никарагуа, генерал (1926). Аз оилаи деҳқон. Борҳо касб иваз намуда, ниҳоят дар ҷустуҷӯи кор ватанро тарк ва дар конҳон Гондурас, Гватомала, саноати нефти Мексика кор кард. Соли 1926 ба ватан бозгашза, ба муборизаи …

Муфассал »

Шаҳри САН-ДИЕГО

san-diego

САН-ДИЕГО шаҳрест дар ҷануби ғарби Штатҳои Муттаҳтдаи Америка, штати Калифорния, дар наздикии сарҳади Мексика. Аҳолиаш 875 ҳазор нафар (1980, бо атрофаш 1,5 миллион нафар). Сан-Диего бандари калони баҳрӣ ва яке аз марказҳои муҳими саноати ҳарбии ИМА (заводҳои ракетаю самолётсозӣ) мебошад. Дар шаҳр корхонаҳон радиоэлектронӣ, киштисозию таъмири киштӣ, коркарди металл, саноати …

Муфассал »

Шаҳри САНДЕРЛЕНД

sanderland_72

САНДЕРЛЕНД , шаҳрест дар Британияи Кабир, дар графии Тайн-энд-Уир. Бандари соҳили баҳри Шимолӣ. Аҳолиаш 296 ҳазор нафар (1976). Маркази калони киштисозӣ. Дар Сандерленд корхонаҳои саноати мошинсозӣ, самолётсозӣ, чӯбгарӣ, шиша, кулолӣ, коғаз мавҷуданд. Таҷҳизоти кон, асбобҳои радиоэлектронӣ, пӯлод, танобу арғамчин ва ғайра истеҳсол карда мешавад. Аз наздикии Сандерленд ангиштсанг истихроҷ карда, …

Муфассал »

САНДАЛӢ

sandali-xona-gahvora

САНДАЛӢ, воситаи гармшавӣ, чорпояест, ки фасли зимистон ба рӯи алавдон мегузоранду ба атрофаш мешинанд. Сандалӣ дар байни халқҳои Шарқ, аз ҷумла тоҷикон аз асрҳои миёна маълум буд. Он шаклан мураббаъ (70X70 сантиметр) буда, 60—70 сантиметр баландӣ дорад. Дар қисми поёнии пояҳои Сандалӣ барои пойҳоро гузошта нишастан, тахтачаҳоро ба шакли чиллик …

Муфассал »

Деҳаи САНДАҒУНДАК

САНДАҒУНДАК, деҳаест дар Совети қишлоқи «Правда»-и райони Ӯротеппа, вилояти Ленинобод. Территторияи совхози «Ӯротеппа». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 3 километр, то рай- он 4 километр. Аҳолиаш 625 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби миёна, пункти тиббӣ ва чойхона дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ зироаткорист. Заминҳо аз пармачоҳҳо ва обанбори Каттасой обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

САНДАЛИҲО

MINOLTA DIGITAL CAMERA

САНДАЛИҲО , як оилаи растаниҳои дупалларо гӯянд, ки қариб 400 намуд (30—35 ҷинс)-и гиёҳ, буттаву дарахтонро дар бар мегирад. Аксари Сандалиҳо растаниҳои нимпаразитанд; дар шох ё бехи растаниҳои дигар месабзанд, барги сабз ва дар решаашон «макакҳо» (гаусторияҳо) доранд. Барги баъзе Сандалиҳои паразит ба пулакча табдил ёфтааст. Гулашои одатан майдаву боранг …

Муфассал »

САНДАЛ

MINOLTA DIGITAL CAMERA

САНДАЛ, чандал, чандан, сафедсандал, сандалдарахт, (ЗапЫиш а1Ьит), дарахти ҳамешасабзест аз оилаи сандалищо. То 10 метр қад мекашад. Сандал дарахти паразит аст. Дар решаи он «макакҳо» (гаус- торияҳо) ҳосил мешаванд. «Макакҳо» моддаҳои ғизоиро аз бофтаи найшакар, хайзурон, нахл (палма) ва ғайра ҷаббида мегиранд. Сандал мустақил ҳам месабзад. Сандал дар Ҳиндустон, нимҷазиаи …

Муфассал »