САН-ДИЕГО шаҳрест дар ҷануби ғарби Штатҳои Муттаҳтдаи Америка, штати Калифорния, дар наздикии сарҳади Мексика. Аҳолиаш 875 ҳазор нафар (1980, бо атрофаш 1,5 миллион нафар). Сан-Диего бандари калони баҳрӣ ва яке аз марказҳои муҳими саноати ҳарбии ИМА (заводҳои ракетаю самолётсозӣ) мебошад.
Дар шаҳр корхонаҳон радиоэлектронӣ, киштисозию таъмири киштӣ, коркарди металл, саноати хӯрокворӣ (асосаи консерви мева), чӯбгарӣ ва курортҳо мавҷуданд. Университет дорад. Шаҳрро соли 1769 испанҳо бунёд кардаанд.