Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САРҲАДҲОИ ДАВЛАТӢ

САРҲАДҲОИ ДАВЛАТӢ

САРҲАДҲОИ ДАВЛАТӢ, хаттеро гӯянд, ки ҳудуди территорияи давлатро муайян мекунад. Сарҳадҳои давлатии хушкӣ ва обӣ бо мувофиқати байни давлатҳои марбута муқаррар мешавад. Маросими муайян намудани сарҳад 2 марҳала дорад: мувофиқи шартнома муайян намудани самт ва мавқеи сарҳад (делимитасия) ва муқаррар намудани сарҳад дар маҳал (демаркасия).

sarhad

Сарҳадҳои баҳрие, ки обҳои территориявии давлати дар соҳил ҷойгиршударо аз баҳри кушод ҷудо мекунанд, аз тарафи органи қонунбарори давлати соҳилӣ дар ҳудуди обҳои территориявӣ (дар арзи аз 3 то 5 мил) муқаррар мешавад. Сатҳи амудии сарҳадҳои обию хушкӣ сарҳади ҳавоӣ ва қаърии давлат ҳисоб меёбад. Сарҳадҳои давлатӣ, ки аломатҳои сархадӣ доранд, дахлнопазир мебошанд. Барон таъмини дахлнопазирии Сарҳадҳои давлатӣ давлатҳои ҳамҳудуд қоидаи муайяни сарҳадиро муқаррар мекунанд, ки дар он тартиби нигоҳ доштани хатти сарҳад ва инчунин қоидаи гузаштан аз он баён меёбад. Бо мақсади муҳофизати Сарҳадҳои давлатӣ дар вилоятҳои сарҳадӣ қоидаи махсуси сарҳадӣ ҷорӣ мегардад, ки он аз тарафи органи қонунгузории дохилӣ ва бо мувофиқати давлатҳои ҳамҳудуд бароварда мешавад. Мувофиқи Низомнома дар бораи муҳофизати сарҳади давлатии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР, ки Укази Президиуми Совети Олии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР аз 5 августи 1960 («Ведомостҳои Совети Олии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР», 1960, № 34, саҳифаи 324) тасдиқ намудааст, Сарҳадҳои давлатии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР бо аломатҳои дидашавандаи сарҳадӣ (сутунҳои сарҳадӣ, пирамидаҳо, теппаҳо, сангтуда, аломатҳои руиобӣ ва ғайра) нишон дода мешавад. Дар баъзе ҷойҳои алоҳидаи хатти ҳудуди берунии обҳои территориявӣ, ки дар баҳр Сарҳадҳои давлатии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР ҳисоб меёбанд, нишонаҳои рӯиобӣ ва дигар нишонаҳо гузошта мешаванд. Дар дарёҳои сарҳадӣ Сарҳадҳои давлатии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР дар мобайни дарё ва ё дар яке аз шохаҳои калонтарини резишгоҳ, дар дарёҳои сарҳадии киштигард дар ҷои чуқури кищтигарди дарё, дар кӯлҳо бошад дар васати кӯл ё хатти росте, ки сарҳадҳои соҳили кӯлро ба ҳам мепайзанданд, муқаррар карда мещавад. Дар баъзе ҳолатҳо Ҳукумати Советӣ дар территорияҳои обию хушкии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР минтақаҳо ва хатҳои сарҳадиро бо режими сарҳадӣ муқаррар менамояд. Обҳои территориявӣ одатан ба минтақаҳои сарҳадӣ дохил мешаванд. Дарёҳо ва кӯлҳои сарҳадӣ (бо ҷазираҳо) зери назорати қатъии қӯшунҳои ҳарбии сарҳадӣ мебошанд. Танзими ҳаматарафа ва амиқи низоъҳои сарҳадӣ дар асоси розигии тарафайн аҳамияти калон дорад. Дар таҷрибаи муносибатҳои байналхалқӣ чунин низоъҳо тавассути комиссарони сарҳадӣ барҳам дода мешаванд. Вазифаи онҳо аз тафтиш ва ҳалли масъалаи вайрон кардани сарҳад (ба ғайр аз се масъалае, ки ҳалли он муносибати дипломатиро талаб мекунад) иборат аст.
Адабиёт: Курс международного права, том 3, Москва. 1967.

Инчунин кобед

Курсии Сақатшуда

САҚАТИ ИСТЕҲСОЛӢ

САҚАТИ ИСТЕҲСОЛӢ (ба забони русӣ – “брак” ), дар ҳуқуқи советӣ маҳсулотест, ки ба стандарт, шарти …