САЙФУДДИНИ ДЕҲЛАВӢ (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1582), шоир ва донишманди форс-тоҷик. Гузаштагони Сайфуддини Деҳлавӣ аз Бухоро буда, баъдтар сокини Ҳиндустон шудаанд. Баробари Сайфуддини Деҳлавӣ падар ва писараш аз донишмандон ва мутасаввифони машҳури замон ба шумор мерафтанд. Сайфуддини Деҳлавӣ муриди Шайх Амонуллоҳи Понипатӣ будааст. Сайфуддини Деҳлавӣ асарҳои манзум (ғазал, рубоӣ, …
Муфассал »Архив Месяца: April 2019
САЙФУДДИНИ БОХАРЗӢ
САЙФУДДИНИ БОХАРЗӢ (1190, деҳаи Бохарзи вилояти Хуросон —1261 деҳаи Фатҳободи вилояти Бухоро), яке аз намояндагони тасаввуфи асри 13. Дар ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии Осиёи Миёна мақоми калон дошт. Дар мадрасаҳои Ҳирот ва Нишопур таҳсил кардааст. Фаъолияташро дар Хоразму Бухоро гузаронида, ба дараҷаи «Шайхулолам» расидааст. Бино ба маълумоти муҳаққиқони асрҳои миёна …
Муфассал »САЙФИИ ҲИРАВӢ Сайфуддин Муҳаммад ибни Яъқуб
САЙФИИ ҲИРАВӢ Сайфуддин Муҳаммад ибни Яъқуб (1282, Ҳирот — соли вафоташ номаълум), шоир ва таърихнависи форс-тоҷик. Дар шеър «Сайфӣ» тахаллус мекард. 80 қасида, 150 қитъа дар васфи ҳокимони Курт (Карт) эҷод намудаасг. Яке аз асарҳои машҳури Сайфии Ҳиравӣ «Таърихи мулуки Курт» маъруф ба «Таърихномаи Ҳирот» аст, ки байни солҳои 1307—1321 …
Муфассал »САЙФИИ ҚАЗВИНӢ
САЙФИИ ҚАЗВИНӢ – Мир Яҳё Абдулатиф Ҳусайнӣ (Ҳасанӣ) (янтвар 1481, Қазвин —14. 6. 1555, Исфаҳон), «шоир ва муаррихи форс-тоҷик. Илмҳои расмии даврро дар зодгоҳаш омӯхта, ба камол расидааст. Ӯро сарвари сунниҳои Қазвин эълог карда, гунаҳкор донистанд ва ба фармони шоҳ Таҳмоспи сафавӣ маҳбус гардид. Дар зиндони Исфаҳон вафот кард. Аз …
Муфассал »САЙФИИ САРОӢ
САЙФИИ САРОӢ (1323, Хоразм —1396, Искандария), шоир ва тарҷумони ӯзбек. Дар Олтинӯрда ва Миср зиндагӣ кардааст. Солҳои 1362 —1380 дар Олтинӯрда 20 ҳокими муғул иваз шуд. Ба ин гирудори тоҷхоҳӣ ва вазъияти ногувор тоб оварда натавониста, аксар уламову удабо ба шаҳрҳои дигар кӯчиданд. Сайфии Сароӣ рози Мисрро пеш гирифт. Дар …
Муфассал »САЙФИИ НИШОПУРӢ
САЙФИИ НИШОПУРӢ-Бадеъуззамон Али ибни Аҳмад (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоир ва насрнависи асри 12 форс-тоҷик. Маълумоти тарҷумаиҳолӣ дар бораи Сайфии Нишопурӣ хеле кам аст. Вале дар аксари тазкираҳо (аз «Лубоб-ул-албоб» то «Маҷмаъ-ул-фусадо») исми Сайфии Нишопурӣ ҳамчун шоири бомаҳорат ва насрнависи тавоно зикр гардидааст. Аз таълифоти Сайфии Нишопурӣ то замони …
Муфассал »САЙФИИ АРӮЗИИ БУХОРОӢ
САЙФИИ АРӮЗИИ БУХОРОӢ (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1503), шоир ва адабиётшиноси форс-тоҷик. Дар Бухоро ва Ҳирот илм омӯхтааст. Бо доираи адабие, ки Ҷомию Навоӣ сарварӣ мекардаанд, қаробат пайдо намуда, дар муҳити адабии Ҳирот шӯҳрат ёфт. Соли 1487 Ҳиротро тарк карда, ба Бухоро омад. Назар ба маълумоти сарчашмаҳои адаби Сайфии …
Муфассал »САЙФИЕВ Наҷмӣ
САЙФИЕВ Наҷмӣ (таваллудаш 12. 7. 1932, деҳаи Чуқурак, ҳозира совхози «Варгонза»-и pайони Китоб, вилояти Қашқадарёи РСС Ӯзбекистон), адабиётшиноси советии тоҷик, доктори илмҳои филология (1983). Факултети таъриху филологияи УДТ-ро хатм кардааст (1957). Лабораяти калони сектори адабиёти классикии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ (1957—1958), ходими хурди илмӣ (1958—1959, 1962—1964), аспирант …
Муфассал »САЙФИДДИНОВ Шарофиддин Сангинович
САЙФИДДИНОВ Шарофиддин Сангинович (таваллудаш 24. 8. 1929, Хуҷанд), бастакори советии тоҷик, Ходими Хизматнишондодаи Санъати РСС Тоҷикистон. (1974). Аъзои КПСС аз соли 1962. Аввал ҳамчун скрипканавоз дар Омӯзишгоҳи мусиқии Ленинобод, баъдтар дар Душанбе таҳсил кардааст. Солт 1052 шӯъбаи миллии Консерваторияи Москваро (синфи композитсияи В. Г. Феро, баъдтар факултети назариявии бастакорӣ), соли …
Муфассал »САЙФИ ФАРҒОНӢ Сайфуддин, Муҳаммад
САЙФИ ФАРҒОНӢ Сайфуддин, Муҳаммад (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири форс-тоҷик. Дар охири асри 13 ва ибтидои асри 14 зистааст. Ҳамзамон ва дӯсти Саъдии Шерозӣ. Дар зодгоҳаш таҳсил кардааст. Шоир ватанашро дӯст медошт, аз он дил кандан намехост. Аммо аз таъқиби муғулҳо ночор ватанро тарк гуфта, ба Табрез рафт ва …
Муфассал »