Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЙФИИ ҲИРАВӢ Сайфуддин Муҳаммад ибни Яъқуб

САЙФИИ ҲИРАВӢ Сайфуддин Муҳаммад ибни Яъқуб

САЙФИИ ҲИРАВӢ Сайфуддин Муҳаммад ибни Яъқуб (1282, Ҳирот — соли вафоташ номаълум), шоир ва таърихнависи форс-тоҷик. Дар шеър «Сайфӣ» тахаллус мекард. 80 қасида, 150 қитъа дар васфи ҳокимони Курт (Карт) эҷод намудаасг. Яке аз асарҳои машҳури Сайфии Ҳиравӣ «Таърихи мулуки Курт» маъруф ба «Таърихномаи Ҳирот» аст, ки байни солҳои 1307—1321 таълиф шудааст.
Ин асар воқеаҳои таърихии як аср (1220—1321)-ро дар бар гирифта, барои омухтани ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии вилояти Ҳирот ва ҳукмронии мулуки Курт, инчунин барои омӯхтани ҳаёту эҷодиёти шоирону нависандагони гузашта ва ҳамзамони муаллиф сарчашмаи мӯътамаде мебошад.
Сайфии Ҳиравӣ дар таълифи асар аз «Таърихи ҷаҳонкушо»-и Ҷувайнӣ, «Ҷомеъ-ут- таворих»-и Рашидуддини Фазлуллоҳ, чандин асарҳои таърихӣ доир ба Ҳирот ва нақлу ривоятҳои халқӣ, ҳикоятҳои кӯҳансолон истифода кардааст. Матни «Таърихномаи Ҳирот» соли 1944 бо муқаддимаи профессор Муҳаммад Зубайри Сиддиқӣ дар Калкатта ба табъ расидааст. Асари дигари Сайфии Ҳиравӣ маснавиест бо унвони «Сомнома» (20 ҳазор байт), ки дар он аз корнамоиҳои яке аз сарлашкарони Курт Ҷамолуддии Муҳаммади Сом сухан меравад. Аз ин асар порчаҳои пароканда дар «Таърихномаи Ҳирот» омадаанд.
Ад.: Адабиёти форсу- тоҷик дар асрҳои ХИ—XIV, Д., 1976; Петруше в с к и й И. П., Труд Сайфи как источник по истории Восточного Хорасана «Труды Южно-туркменистанскоЙ археологической комплексной экспедиции» (ЮТАКЭ), т. 5, Ашхабад. 1955.
С. Имронов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …