САЙФИИ НИШОПУРӢ-Бадеъуззамон Али ибни Аҳмад (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоир ва насрнависи асри 12 форс-тоҷик. Маълумоти тарҷумаиҳолӣ дар бораи Сайфии Нишопурӣ хеле кам аст. Вале дар аксари тазкираҳо (аз «Лубоб-ул-албоб» то «Маҷмаъ-ул-фусадо») исми Сайфии Нишопурӣ ҳамчун шоири бомаҳорат ва насрнависи тавоно зикр гардидааст. Аз таълифоти Сайфии Нишопурӣ то замони мо 1 қасидаи нопурра, 4 ғазал ва 1 рубоӣ тавассути тазкираҳо расидаанд. Қасидаи Сайфии Нишопурӣ ишқӣ буда, дар он калимаҳои «сим» ва «санг» илтизом шудаанд:
Эй нигори сангдил, зи лӯъбати симинузор,
Дар дили ман меҳри ту чун сим дар санг устувор.
Якчанд байти ин қасидаро Шамси Қайси Розӣ дар «Ал-Мӯъҷам» барои санъати эъҷот далел овардааст. Ғазалҳои Сайфии Нишопурӣ дар мавзӯи ишқ, баҳор, зебоиҳои табиат ва хушиҳот зиндагӣ суруда шудаанд. Ба қавли Мудаммади Авфӣ Сайфии Нишопурӣ китобе доштааст иборат аз сад номаи ошиқона «дар маънию аҳвол, ки миёна ошиқу маъшуқ афтад». Китоби мазкур бо лутфу таровати махсусе таълиф шуда, писанди аҳли фазлу адаб гардида буд.
С. Имронов.
Tags шоир
Инчунин кобед
САФОЛ
САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …