Маълумоти охирин
Главная / 2018 / October (страница 22)

Архив Месяца: October 2018

САҲАР

САҲАР (арабӣ— бедорӣ, бехобӣ), дар тибби қадим бемориеро гуянд, ки боиси бехобист.

Муфассал »

САҲБО Мирзоҳаит

САҲБО Мирзоҳаит (тақрибан 1850, Вобканди вилояти Бухоро—1918, Қубодиён), шоири тоҷик. Дар давраи амир Абдулаҳад ба хидмати дарбор ҷалб гардида, унвони «тӯқсабо» ва «бӣ» гирифта буд. Азбаски Саҳбо шоири ҳақгӯ буда, аз нуқсонҳои аморат бепарда сухан меронд, амир ба мақсади аз пойтахт дур кардан ӯро ҳокими Қарабор таъин мекунад. Вале Саҳбо …

Муфассал »

САҲБО

САҲБО  шоир ва мударриси тоҷик. Дар нимаи дуюми асри 19— аввали асри 20 умр ба сар бурдааст. Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш — Миёнколи Самарқанд гирифта, баъдан дар Бухоро таҳсилро идома додааст. Пас аз хатми таҳсил то охири умр дар мадрасаҳои Бухоро мударрисӣ кардааст. Аз ашъори Саҳбо чанд ғазал ва байтҳои …

Муфассал »

САҲВ

САҲВ (арабӣ— ҳушёршавӣ, ҳушёрӣ), дар тасаввуф яке аз ҳолатии сӯфист, ки аз сукр (ҳолати мастӣ) ба ҳолати маъмулиаш бармегардад. Саҳвро муҳаққиқони тасаввуф дар силсилаи ҳолоти сӯфӣ аз сукр болотар донистаанд.

Муфассал »

САҲЛИ МУМТАНЕ

САҲЛИ  МУМТАНЕ (арабӣ— осони номумкин), дар адабиётшиносӣ «шеъреро гуянд, ки гуфтани он саҳлу осон намояд, аммо мисли он натавон гуфт ё гуфтан душвор бошад» (Атоулло Маҳмуди Ҳусайнӣ, «Бадоеъ-ус-саноеъ»). Саҳли мумтане баҳои олитарин аст ба сифати асари бадеӣ. Ҳамон шеъре ба ин баҳо сазовор шуда метавонад, ки тамоми унсурҳои таркибии он …

Муфассал »

САҲЛ ИБНИ ҲОРУН

САҲЛ ИБНИ ҲОРУН (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 830), насрнависи эронинажоди араб. Дар Басра ва Бағдод зиндагӣ кардааст. Пайрави мазҳаби шуубия, шахси ватанпарвар буд, анъанаҳои адабии пешазисломии эрониро дӯст медошт ва онҳоро дар адабиёти араб тарғиб мекард. Фозилу донишманд буд ва ҳамзамононаш ӯро «Бузургмеҳри ислом» мегуфтанд. Ибни Надим дар «Ал- …

Муфассал »

САҲЛИЯ

САҲЛИЯ  яке аз силсилаҳои тасаввуф, ки пайравони он Саҳл ибни Абдулло (825—905)-ро пешвои худ мешуморанд. Ин силсила бар хилофи муроқибаи ботинӣ ба муҷоҳида ва риёзати қалбӣ аҳамият дода, онро вазифаи асосии солики роҳи тариқат медонад.

Муфассал »

САҲМ

zodiac sign Sagittarius, vector illustration

САҲМ (лотинӣ sagitta, русӣ Стрела), Тир, бурҷест дар Нимкураи шимолии осмон. Равшаноии муниртарин ситораҳояш мувофиқан ба 3,5 ва 3,8 қадри ситоравии зоҳирӣ баробар аст. Вақти мусоиди мушоҳида моҳи июн. Аз тамоми минтақаҳои СССР мушоҳида мешавад.  Нигаред низ Осмон.

Муфассал »

САҲНА

САҲНА 1) майдончаест, ки дар он намоиш (намоиши театрӣ, консерт ва ғайра) баргузор мегардад. 2) Дар песа, спектакл як қисми намоиш ё парда. 3) Ба маънии театр ҳам меояд.

Муфассал »