Маълумоти охирин
Главная / 2018 / October (страница 21)

Архив Месяца: October 2018

САҶЪ

САҶЪ (арабӣ—овози мурғи хушхон), санъати бадеист, ки мувофиқи талаботи он бояд ҷумлаву ибораҳо дар наср ё мисраю байти шеър ба порчаҳо тақсим шавад, ё дар охири порчаҳо калимаҳое оянд, ки онҳо ё дар қофия, ё дар вазн ва ё дар ҳарду мутобиқи ҳамдигар бошанд. Вобаста ба талаботи дуюм Саҷъро ба …

Муфассал »

САҶДА

САҶДА (арабӣ— сар фуруд овардан), 1) ҳангоми ибодат ба замин сар мондан. Ҳар мусулмон ҳангоми намоз хондан дар масҷид ва ё хона рӯя ҷойнамоз  (саҷҷода) рост истода, аввал ният мекунад ва баъд аз хондани сураҳои намоз ва рукӯъ дасту пешонӣ ба меҳроби ҷойнамоз мегузорад (охириро айнан Саҷда ё худ суҷуд …

Муфассал »

САҲҶ

САҲҶ (харошида шудани пӯст), дар тибби қадим истилоҳеро гӯянд, ки харошида шудан ё тарқидани сатҳи дохилии рӯдаро ифода мекунад.

Муфассал »

САҲРОИ КАБИРИ МАҒРИБ

САҲРОИ КАБИРИ МАҒРИБ, сарзаминест дар шимоли ғарби Африка. Масоҳаташ 266 ҳазор км2. Аҳолиаш тақрибан 75 ҳазор нафар (1982 аз рӯи маълумоти Марокаш, мувофиқи маълумоти ПОЛИСАРИО  қариб 1 миллион нафар), асосан маврҳо, арабҳо ва барбарҳои бодиянишин. Забони расмӣ — арабӣ. Дини асосӣ — ислом. Маркази маъмуриаш Ал-Аюн (қариб 50 ҳазор нафар, …

Муфассал »

САҲРОИ КАБИР

САҲРОИ КАБИР биёбонеет дар Африкаи Шимолӣ, калонтарин биёбони тропикии кураи замин (қариб 1/4 ҳиссаи қитъаи Африкаро ишғол мекунад). Дар ҳудуди ноҳияҳои ҷазираи Марокаш, Тунис, қисми зиёди Алҷазоир, Мавритания, Республикаи Мисри Араб, Либия, ноҳияҳои шимоли Мали, Нигерия, Чад ва Судон воқеъ гардидааст. Биёбон аз Ғарб ба Шарқ 5700 км, аз Шимол …

Муфассал »

САҚҚО

САҚҚО, машкоб, касе, ки бо машк об мекашад. Дар гузашта, аз сабаби душвор будани таъминоти об дар шаҳрҳои калони Осиёи Миёна (Бухоро, Самарқанд, Тошкент, Хуҷанд, Хӯқанд ва ғайра), Эрон ва Афғонистон одамони алоҳида барои аҳолӣ оби нӯшокӣ мекашониданд, ки онҳоро Саққо ё машкоб меномиданд. Саққо бо машк ё кӯза аз …

Муфассал »

САҲАК

САҲАК (арабӣ— бӯи моҳӣ ва гӯшт), дар тибби қадим истилоҳест, ки бадбӯ шудани арақи баданро ифода мекунад.

Муфассал »

САҚОФӢ Исо ибни Умар

САҚОФӢ Исо ибни Умар (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 766), забоншиноси араб, асосгузори мактаби грамматики (наҳвшиносӣ)-и Басра. Аз аҳли қабилаи Банӣ Сақаф (тахаллусаш аз номи ҳамин қабила аст). Осори Сақофӣ то замони мо боқӣ намондааст. Аз ишороти шогирдонаш Халил ибни Аҳмад, Сибавайҳ бармеояд, ки Сақофӣ муаллифи ду асар: 1) «Ал-Ҷомеъ» …

Муфассал »

САҲАЛ

САҲАЛ (арабӣ—гирифтагии овоз), дар тибби қадим дурушт ва дағал гаштани узвҳои сипаро гӯянд (овоз низ гирифта мешавад).

Муфассал »