БОЛТАЕВ Муҳаммад Назарович (16.10.1928, Бухоро-2011, ҳамон ҷо), файласуф, доктори илмҳои фалсафа (1966), профессор (1969). Ходими хидматнишондодаи илми Ӯзбекистон (1978). Хатмкардаи Институти педагогии шаҳри Бухоро (1950). Муддате дар Омӯзишгоҳи педагогии Бухоро ва Кумитаи комсомоли вилояти Бухоро фаъолият доштааст. Аспирант (1951-54), муаллими калон (1954-68), мудири кафедраи фалсафа ва мантиқи ДДТ (1968-74). Аз …
Муфассал »Архивы за день : 18.12.2017
БОЛТ
БОЛТ (олмонӣ bolte), ҷузъи насбии устувонашакл, ки як нӯги он сарак ва нӯги дигараш печ дошта, барои пайваст кардани қисмҳои ҷудогонаи мошину таҷҳизот истифода мешавад. Саракҳои Болт хеле гуногунанд: 1) шашрӯя, 2) мураббаъ, 3) нимгирд, 4) дугӯша, 5) ҳалқадор, 6) устувонашакл, 7) ниҳон, 8) нимниҳон ва ғайра. Болт аз сарак …
Муфассал »БОЛСМАН Людвиг
БОЛСМАН Людвиг (20.2.1844, Вена – 5.9.1906, Дуино), физикдон-назарияпардози австриягӣ, яке аз асосгузорони физикаи оморӣ ва кинетикаи физикӣ. Узви АИ Вена (1895) ва бисёр академияҳои ҷаҳон. Хатмкардаи Университети Вена (1866). Профессор физикаи назариявии Университети Грате (1869— 73), профессор риёзиёти Университети Вена (1873-76), профессор физикаи таҷрибавии Университети Грате (1876— 89). Солҳои 1889-1902 …
Муфассал »БОЛСАНО Бернард
БОЛСАНО Бернард (5.10.1781-18.12.1848, Прага), риёзидон, файласуф ва геологи чех. Университети Карловро дар Прага хатм кардааст (факултаи фалсафаро соли 1800, факултети геологияро соли 1805). Солҳои 1805-20 мудири кафедраи таърихи дини ҳамин университет буд. Сипас, барои озодфикрӣ аз вазифа сабукдӯш гардид ва барои таҳқиқи муаммоҳои риёзиёт ва мантиқ вақт пайдо кард. Дар …
Муфассал »БОЛОШАҲР
БОЛОШАҲР, деҳа дар ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ. Аз Болошаҳр то маркази ноҳия 24 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1824 нафар (2013), тоҷикон. Мактаби таҳсилоти ибтидоӣ, дорухона, бунгоҳи тиббӣ ва 2 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, кишоварзӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз наҳри Роҳатӣ обёрӣ мешаванд.
Муфассал »БОЛОШАҲР
БОЛОШАҲР, деҳа дар ҷамоати деҳоти Оби Меҳнати ноҳияи Рашт. Аз Болошаҳр то маркази ноҳия 24 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 235 нафар (2013). Нуқтаи савдои хусусӣ, чойхона-фароғатгоҳ, мактаби таҳсилоти умумии ибтидоӣ дорад. Хонандагон таҳсили минбаъдаро дар мактаби таҳсилоти умумии асосии деҳаи Шоле ва мактаб-интернати маркази ноҳия идома медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: …
Муфассал »БОЛОҲИСОР
БОЛОҲИСОР, қалъаи ҷангии машҳуре дар қисми ҷанубӣ шарқии шаҳри кунунии Кобули Афғонистон. Истилоҳи Болоҳисор аз ду калима: боло – баландӣ ва ҳисор – қалъа таркиб ёфта, маънои қалъаи дар баландӣ ҷойгиршударо ифода мекунад. Мавқеияти Болоҳисор имкон дод, ки қалъа дар муқобили ҳамлаи душман мустаҳкам ва қавӣ бошад. Болоҳисор дар масири …
Муфассал »БОЛОҲАВЗ
БОЛОҲАВЗ, ансамбли меъморӣ дар қисми ғарбии Арки Бухоро, ки аз масҷид, манора ва ҳавз иборат аст. Қадимтарин қисмати ансамбли меъморӣ ҳавзи хаштгӯшаи бо тахтасангҳо рӯкашшуда аст, ки дар қисми марказии он воқеъ мебошад. Ин ҳавз яке аз ҳавзҳои сершумори Бухоро буд, ки то фарорасии даврони шуравӣ аҳолиро бо оби ошомиданӣ …
Муфассал »БОЛОХОНА
БОЛОХОНА, дар санъати меъморӣ хонае, ки дар болои бинои асосӣ сохта мешавад. Дар Осиёи Марказӣ Болохонаро дар болои дарвозаҳона низ месозанд. Болохона айвондор ва беайвон мешавад. Таъйиноти ҳар ду навъи он дар фасли гармо барҳаво шудани иқоматгоҳ аст. Болохона аслан дар биноҳои иқоматӣ, вале гоҳе дар биноҳои фарҳангию маъмурӣ низ …
Муфассал »БОЛОТНИКОВ Петр Григорович
БОЛОТНИКОВ Петр Григорович (таваллуд 8.3.1930), варзишгари рус (варзиши сабук). Устоди хидматнишондодаи варзиши Иттиҳоди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ (1959), чемпиони шонздаҳкаратан Иттиҳоди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ (1957-62) дар давидаи ба масофаи 5000 ва 10000 метр, чемпиони Аврупо (1962) ва Бозиҳои олимпӣ (1960) дар давидан ба масофаи 10000 метр. Рекордсмеии ҷаҳон дар давидан ба …
Муфассал »