Маълумоти охирин
Главная / 2017 / October (страница 11)

Архив Месяца: October 2017

Периодонит

pereodonit

Периодонит (аз пери… ва юн. odontos — дандон), газаки пардаи реша ва бофтаҳои атрофи дандон. Асосан баъди кариеси дандон пайдо ме­шавад. Аммо аз такроран зарб хурдани дандон (масалан, аз рӯи одат газидани ангушт, қалам, мех, бо дан­дон кандани ришта ва ғайра) низ ба вуҷуд меояд. Периодонтит шадид ва музмин мешавад. …

Муфассал »

Периметр

perimetr

Периметр (юн. реrimetron — давра, аз реrimetrio — атрофро чен мекунам), дарозии контури сарбаст. Ин истилоҳро бештар барои ифодаи ҳосили ҷамъи дарозии ҳамаи тарафҳои секунҷа ва бисёркунҷа истифода мебаранд.

Муфассал »

Перикл

perikl

Перикл (Реrikles) (тақрибан 490 то м., Афина —429 то мелод, ҳамон ҷо), ходими сиёсии Юнони Қадим, стратег (сарфармондеҳ)-и Афина дар солҳои 444/ 443—429 то мелод (ғайр аз 430). Аз оилаи ашроф. Маълумоти мукаммале гирифтааст. Аз ибтидои фаъолияти сиёсиаш ба табақаҳои миёнаи демократияи ғуломдорӣ (сардораш Эфиалт), ки манфиатдорони афзудани иқтидори баҳрии …

Муфассал »

Перикардит

perikardit

Перикардит (аз пери… ва kardio —дил), газаки халтачаи дил (перикард). Перикардити одам ду хел меша­вад: сироятӣ ва ғайрисироятӣ. Перикардити сироятиро коккҳо, вирусҳо, микобактерияҳои сил вағайра. меангезанд. Перикардити сироятӣ вобаста ба намуди ангезанда тарбодӣ, сифилисӣ, фасодӣ ва ғайра мешавад. Перикардити ғайрисироя­тӣ Перикардите мебошад, ки ҳангоми уре­мия, инфаркти миокард, ҷарроҳии дил ва …

Муфассал »

Перидотит

peridotit

Перидотит (аз франс. peridot — перидот ё оливин), ҷинси кӯҳии интрузивии ултраасосӣ, ки ғолибан аз оливин (70—30%) ва пироксенҳо (30—70%) таркиб ёфтааст. Аз минералҳои дуюмдараҷа магнетит, ил­менит, пирротин, хромит, шпинел, бечода, баъзан платина ва минералҳои никелдор дорад. Перидотит ҷинси тираранг буда, аксар сабз ё хокистарранги сабзтоб аст. Дар натиҷаи просессҳои …

Муфассал »

Перидерма

periderma

Перидерма (аз пери… ва юн. derma— пӯст), бофтаи рӯйпӯши поя, реша, решапоя ва бехи растаниҳои бисёрсола (баъзан яксола)-ро гӯянд. Перидерма аз пӯк (феллема), феллодерма (бофтаи дохилӣ) ва феллоген иборат аст. Дар узвҳои растаниҳо одатан якчанд Перидерма ҳосил мешавад. Ҳар як Перидермаи нав нисбат ба Перидермаи аввала дарунтар ҷой мегирад. Перидерма …

Муфассал »

Перигелий

perigeliy

Перигелий (аз пери… ва юн. helios— Офтоб), нуқтаи ба Офтоб наздиктарини мадори сайёра, коме­та, радифи маснуи Замин ва ё ди­гар чирми кайҳонӣ, ки ҳаракати он нисбат ба Офтоб муоина карда ме­шавад. Муқобили афелий.

Муфассал »

Перигей

perigey

Перигей (аз пери… ва юн. ge — Замин) нуқтаи ба Замин наздиктарини мадори Моҳ, радифи маснуи Замин ва ё дигар ҷирми осмонӣ, ки ҳаракати он нисбат ба Замин муоина карда мешавад. Муқобили апо­гей. Дар астрономияи классикии Шарқ истилоҳи ҳ а з и з ба маънои Перигей истифода мешуд.

Муфассал »

Периблема

periblema

Периблема (юн. рeriblema — рӯйпӯш, парда) дар ботаника, яке аз қабатҳои ҳуҷайраҳои меристемавии қисми махрутшакли нуқтаи сабзиши решаро гуянд. Аз П. хучай- рахои пустлохи аввалини реша ва баъзан ҳуҷайраҳои ғилофаки реша ва протодермаҳои ба ризодерма (пустлохи реша) табдилёбанда ҳосил мешаванд. Периблема дар қисми махрутшак­ли нуқтаи сабзиши навда нест.

Муфассал »

Периастр

periastr

Периастр (аз пери… ва юн. аstron — ситора), нуқтаи ба ситора наздиктарини мадори ситораи дигар, ки гирди ситораи якум ҳаракат мекунад. Дар мавриди ночиз будани таъ­сири дигар ҷисмҳои осмонӣ ин ҳара­кат аз рӯи қонуҳои Кеплер муайян мешавад. Мавқеи Периастр дар фазо бо таъ­сири ҷалаёне тағйир меёбад, ки ба туфайли ҷозибаи …

Муфассал »