Маълумоти охирин
Главная / 2017 / October / 23 (страница 4)

Архивы за день : 23.10.2017

Пашм

pashm

Пашм 1) мӯи бадани ҳайвоноти ширхор, ки сифатҳои ресандагӣ до­рад; 2) яке аз нахҳои табиии асосин бофандагӣ. Миқдори зиёди Пашми саноатро Пашми гӯсфанд ташкил медиҳад; миқдори нисбатан ками онро аз буз, шутур, гажгов (кутос), харгӯш, заргуш, асп, гов, гавазн, саг ва дигар ҳайвонот мегиранд. Пашмро барои истеҳсоли матоъ, маснуоти ҷулоҳи …

Муфассал »

Пастхамӣ

pastxami

Пастхамӣ, чуқурии рӯи заминро гӯянд, ки атрофаш тамоман ё қисман баста аст. Бараш одатан ба даҳҳо, садҳо ва баъзан ҳазорҳо ки мерасад (масалан, Пастхамӣ Тарим, Сарикамиш, Фафгона ва г.). П. бештар дар цапщап харакатхои тектоникй пайдо мешавад. Одатан қаъри Пастхамиҳои тектоникӣ аз ҷинсҳои терригению вулконогенӣ таркиб ёфтаанд. Дар ҷойҳои камҳаракати …

Муфассал »

Пастхамии Кумаю Манич

pastxamii-kumayu-manich

Пастхамии Кумаю Манич, пастии тӯлонии новамонандест, ки Кавкази Пешро аз ҳамвории Европаи Шарқӣ ҷудо мекунад. Пайдоишаш тектоникист. Бараш 20-—30 км; дар қисми марказӣ то 1—2 км. Пастхами дар давраи антропоген гулӯгоҳе буда, баҳрҳои Каспий ва Сиёҳро бо ҳам мепайвастааст. Ҳоло ин ҷойро силсилаи кӯлу обанборҳо фаро гирифтааст: кули Манич-Гудило (кӯли …

Муфассал »

Пастигав

dehai-pastigav

Пастигав, деҳаест дар Совети қишлоқи Лангари райони Мастчоҳ вилояти Ленинобод. Территорияи Иттиҳодияи гусфандпарварии район. Аз Пастигав то маркази Совети қишлоқи 55 км, то маркази район 320 км. Аҳолиаш 390 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби 8-сола ва пункти тибби дорад. Соҳаҳои хоҷагӣ — чорводорӣ, ғаллакорӣ, боғдори ва обчакорӣ. Заминҳо аз дарёчаҳои …

Муфассал »

Пастии Ҷануби Каспий

pastii-janubi-kaspiy-2

Пастии Ҷануби Каспий, пастиест дар шимоли Эрон, дар назди соҳилҳои ҷанубии баҳри Каспий. Тӯлаш 525 км, бараш 2—6 км, дар делтаи дарёҳои Сафедруд ва ғайра то 40 км. Иқлимаш субтропикӣ, боришоти солона беш аз 1000 мм. Ҷо-ҷо бешаҳои бу­дут, момроз ва роздор воқеъ гаштаанд, ки пур аз буттазор ва дарахтони …

Муфассал »