Маълумоти охирин

Архивы за день : 20.10.2017

Пашино Пётр Иванович

pashino-petr-ivanovich

Пашино Пётр Иванович (5. 2. 1836—3. 9. 1891, Петербург), шарқшинос, журналист ва сайёҳи рус. Соли 1852 гимназияи Қазон, 1856 шуъбаи шарқшиносии Университети Петербургро хатм намудааст. Пашино дар Петербург бо Н. А. Добролюбов шинос шуда, тахаллуси адабии «П. А. Шино»-ро гирифтааст. Баъди хатми университет дар ҳудуди Булғорияи Волга (губернияи Қазон) ҳафриёти …

Муфассал »

Пашенная Вера Николаевна

pashennaya-vera-nikolaevna

Пашенная Вера Николаевна (19. 9. 1887, Москва —28. 10. 1962, ҳамон ҷо), актрисаи советии рус. Артисти Халқии СССР (1937). Аъзои КПСС аз соли 1954. Баъди хатми Омӯзишгоҳи театрии Москва (1907) дар Театри Хурд кор карда, дар песаҳои маишӣ ва мазҳакавӣ, ки ба ҳаёти халқи рус бахшида шуда­анд, бисёр нақшҳои олӣ …

Муфассал »

Пашанг

Пашанг яке аз персонажҳои достонҳои ҳамосии мардуми эронинажод, шоҳи Турон, падари Афросиёб. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Пашанг борҳо ёд мешавад, вале қиссаву ривоятҳои ба ӯ марбут оварда нашудаанд. Пашанг ба ҷангҳои зидди шоҳони Эрон — Нузар, Зав, Гаршосп ва дигарон писараш — Афросиёбро мефиристод. Баъди ба тахт нишастани Кайқубод Пашанг ба …

Муфассал »

Пасифизм

pasifizm

Пасифизм (аз лотинӣ pacificus — сулдофарин, аз рах — сулҳ ва fa­cto — мекунам), ҳаракати зидди ҷангиест, ки иштироккунандагони он эътирофу эъломи аз ахлоқ берун будани ҷангҳоро омили асосии пешгирии ҷангу ҷидол медонанд. Пасифистҳо ҳама гуна ҷанг, аз ҷумла ҷангҳои озодихоҳонаи одилонаро низ инкор мекунанд. Онҳо ба ҷои аз байн …

Муфассал »

Пасиент

pasient

Пасиент (аз лотинӣ patiens — бемор, дардманд), шахсе ки ба духтур барон ёрии тиббӣ муроҷиат ме¬кунад ё дар назорати тиббӣ мебошад.

Муфассал »

Пасаев Виктор Иванович

pasaev-viktor-ivanovich

Пасаев Виктор Иванович (19. 6. 1933, Оқтеппа, Республикаи Советии Сотсиалистии Қазоқистон— 30. 6. 1971), лётчик-кайҳоннаварди СССР, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (30. 6. 1971, баъди мар­гаш). Аъзои КПСС аз соли 1968. Баъди хатми Институти индустриалии (ҳозира Институти политехникии) Пенза (1955) дар Расадхонаи марказии аэрологӣ ва Бюроҳои конструкторӣ кор кард. Аз соли 1969 …

Муфассал »

Пахтақайнар

Пахтақайнар, деҳаест дар Совети қишлоқи Калинини pайони Коммунисти вилояти Қурғонтеппа. Территорияи колхози ба номи Владимир Илич Ленин. Аз Пахтақайнар то маркази Совети қишлоқи  2 километр, то район 5 километр. Аҳолиаш 500 нафар. (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Деҳа магазин ва чойхона дорад. Со­ҳаи асосии хоҷагӣ—пахтакорӣ. За­минҳо ба воситаи канал аз дарёи …

Муфассал »

Пахташиркат дар pайони Турсунзода

Пахташиркат, деҳа, маркази Совети қишлоқи  Кирови pайони Турсунзодаи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Территорияи колхози ба номи Владимир  Илич  Ленин. Аз Пахташиркат то маркази район 5 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1160 нафар. (198|1), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Деҳа китобхона, чойхона, магазин дорад. Со­ҳаи асосии хоҷагӣ — анҷирпарварӣ. Заминҳо аз дарёи Қаротоғ обёрӣ …

Муфассал »

Пахтақайнар

Пахтақайнар, деҳаест дар Совети қишлоқи Роҳи Ленин, pайони Вахши вилояти Қурғонтеппа. Территорияи колхози «Ленинград». Аз Пахтақайнар то маркази Совети қишлоқи 3 километр, то рай­он 8 километр. Аҳолиаш 680 нафар. (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Деҳа мактаби ибтидоӣ, пункти тиббӣ ва магазин дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ пахта­корист. Заминҳо аз канали Дарахтзор обёрӣ …

Муфассал »

Пахтаобод дар pайони Ҳисор

Пахтаобод, деҳаест дар Совети қишлоқи Деҳқонободи pайони Ҳисори Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Территорияи колхози «Съезди 22-юми партия». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 2 километр, то район 3 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 750 нафар. (.1981), тоҷикон ва ӯз­бекҳо. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пах­такорӣ. Заминҳо аз дарёи Чангоб обёрӣ мешаванд.

Муфассал »