Маълумоти охирин

Архивы за день : 13.10.2017

Патхур

Патхур, қуллаест дар Помирӣ Ғарбӣ, баландтарин нуқтаи қаторкӯҳӣ Рушон. Баландиаш 6080 метр. Дар қисми марказии қаторкӯҳ воқеъ гаштааст. Теғаҳояш тези дандонадор. Дар поёни нишебиҳои атрофи қулла пиряхҳо мавҷуданд. Аз пиряхи Марков, ки дар нишебии ҷанубӣ воқеъ гаш¬тааст, дарёи Патхур ва аз пиряхҳои нишебии шимолӣ дарёи Равмеддара (шохоби чапи Бартанг) cap …

Муфассал »

Паттаарча

Паттаарча, паттабурс (Juniperiis sibii ica), буттаи сӯзанбарги ҳамеша сабзест аз оилаи сарвиҳо. Дар кӯҳҳои Тоҷикистон Паттаарча асосан дар баландии 2500—3700 метр аз сатҳи баҳр месабзад. Дар баъзе мавзеъҳои Помиру Олой («масалан, дар Ванҷ ва дар қисми шарқи қаторкӯҳи Петри 1) паттаарчазорҳои анбӯҳ ҳастанд. Нигаред низ Арча.

Муфассал »

Патти Аделина

patti-adelina

Патти (Patti) Аделина (19. 2. 1843, Мадрид —27. 9. 1919, Брекнок, Уэлс), сарояндаи италиявӣ (сопранои колоратурӣ). Овози оҳангдори софу чарангосӣ ва маҳорати баланди иҷрокунандагӣ дошт. Аввалин маротиба дар саҳнаи Операи италиявии Ню-Йорк бо партияи Лючия («Лючия ди Ламмермур»-и Донисет­ти) баромад кардааст (1859). Ба бисёр мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла чанд карат …

Муфассал »

Патри

patri

Патри, Патрас (Patrai), шаҳрест дар Юнон, дар нимҷазираи Пелопон­нес; бандар дар соҳили ҷануби шарқии халқии Патраикоси б. Ион. Маркази маъмурии вилояти Ахея. Аҳолиаш 112 ҳазор нафар (1971). Стансияи роҳи оҳан, аэродром дорад. Соҳаҳои саноаташ: бофандагӣ, хӯрокворӣ, коғаз, пойафзол, химия ва коркарди металл. Ба хориҷа афлесун, лимӯ. равғани зайтун, вино мебарорад. …

Муфассал »

Патрисийҳо

patrisiyho

Патрисийҳо (лотинӣ patricii, аз pa­ter— падар), аввалҳо дар Рими Қа­дим шояд ҳамаи аҳолии тагҷоиро мегуфгаанд, ки халқи Римро ташкил медод ва ба плебейҳо муқобил меистод. Дар давраҳои ташаккули чамъияти синфӣ ва давлат (охири асри6 то милод) Патрисийҳо ба синф-табақаи ҳукмрони Республикаи Рим табдил ёфтанд; асоси иқтидори иқтисодии онҳоро ҳуқуки номаҳдуд …

Муфассал »

Патронаж

patronaj

Патронаж (франсавӣ patronage — пуштибонӣ), дар СССР як шакли ко­ри муассисаҳои муолиҷавию профилактикист. Патронаж дар хона гузаронидани чорабиниҳои профилактикӣ, ҷорӣ кардани қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва беҳтар намудани шароити са­нитарию гигиении рӯзгорро дар бар мегирад. Патронажро духтурҳо, ҳамшираҳои шафқати поликлиникаҳо, фелдшер ва акушерҳои консултасияҳои занона иҷро менамоянд. Патронажи занони ҳомила ва …

Муфассал »

Патристика

patristika

Патристика (аз юнонӣ pater — падар), исталоҳест, ки маҷмӯи таълимотҳои динӣ, фалсафӣ ва сиёсию иҷтимоии мутафаккирони асрҳои 2—8 масеҳиро ифода мекунад. Патристика дар шарояти бӯҳронӣ сохти чамъияти ғуломдорӣ пайдо шуда, дар мубориза ба муқобили гностисизм, ҳама гуна шаклҳои бидъат ва умуман дину оинҳои қадимӣ ташаккул ёфтааст. Патристика бо идеализми афлотуния, …

Муфассал »

Патриархат

patriarxat

Патриархат (аз юнонӣ pater — падар ва archo — идора мекунам; айнан — падаршоҳӣ), шакли маъмули муносибатҳои ҷамоаи ибтидоӣ, ки дар он мард дар хоҷагӣ, чамъият ва оила роли асосӣ мебозид. Нигаред Падаршоҳӣ.

Муфассал »