Орҷоникидзе, деҳаест дар Совети қишлоқи Заргари pайони Коммунистӣ, вилояти Қӯргонтенпа. Территорияи колхози ба номи М. Горкий. Аз Орҷоникидзе то маркази Совети қишлоқи 4 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 835 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ ва лимупарварӣ. Заминҳо аз дарёи Вахш обёрӣ мешаванд.
Муфассал »Архивы за день : 10.08.2017
Деҳаи Орҷоникидзе
Орҷоникидзе, деҳаест дар Совети қишлоқи Калинини райони Колхозобод, вилояти Қӯрғонтеппа. Территорияи колхози ба номи М. Горкий. Аз Орҷоникидзе то маркази Совети қишлоқ 5 километр, то район 15 километр; роҳ кисман асфалтпӯш. Аҳолиаш 1315 нафар (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Мактаби миёна, клуб, китобхона, пункти тиббӣ, магазин дорад. Соҳаҳои хоҷагӣ — пахтаю …
Муфассал »Қуллаи Орҷоникидзе
Орҷоникидзе, қулла дар Помир, дар шохаи ҷануби шарқии қаторкӯҳи Академияи Фанҳо. 8 километр шарқтар аз қуллаи Коммунизм воқеъ аст. Баландиаш 6346 метр (аз рӯи маълумотҳои дигар 6280 метр). Нишебиҳояш бо пиряху барфҳои бисёрсола пӯшида шудаанд. Ба шарафи Г. К. Орҷоникидзе номидаанд. Қулларо бори аввал 28 августи 1937 иштирокчиёни экспедитсияи Помир …
Муфассал »Шаҳри Владикавказ
Шаҳри Владикавказ ин пойтахти Республикаи Осетия Шимолӣ мебошад ва онро пештар (то 1931 — Владикавказ, аз 1944 то 1954— Дзауҷикау ва 1955-1990 Орҷоникидзе) меномиданд. Масоҳати шаҳр 291 км² мебошад. Дар соҳили дарёи Терек воқеъ аст. Аҳолиаш 1 миллиону 80 ҳазор нафар дар 2017 сол дошт. Владикавказ калонтарин маркази саноат ва маданияти республика мебошад. Соҳаҳои муҳими саноатӣ …
Муфассал »Орҷоникидзе Григорий
Орҷоникидзе Григорий Константинович (Серго) [24, 10. 1886. деҳаи Гореш, уезди Шорапани губурнияи Кутаиси, ҳозира райони Орҷоникидзеи Республикаи Советии Сотсиалисти Гурҷистон— 18. 2. 1937, Москва, ҳодими давлатӣ ва партиявии советӣ. Аз оилаи дворянин. Аъзои Партияи коммунистӣ аз соли 1903. Солҳои 1901— 05 дар мактаби фелдшерии Тбилиси таҳсил кардааст, дар кружокҳои сотсиал-демократ …
Муфассал »Орӣ Саидаҳмад
Орӣ Саидаҳмад ибни Шоҳабдурадим (1884—1918, Қалъаихум), шоири тоҷик. Дар Дарвоз ба дунё омада, ҳамон ҷо касби камол кардааст. Дар шеъру шоирӣ шавқу завқи зиёде дошта, шеърҳояш дар байни халқ маъмулу мақбул гаштаанд. Ашъори Орӣ дар баёзу маҷмӯаҳои қаламӣ дарҷ гардидаанд.
Муфассал »Шаҳри Орша
Орша, шаҳрест дар вилояти Витебски Республикаи Советии Сотсиалистии Булғория, дар соҳили дарёи Днепр. Узели калони рохи оҳан. Аз Орша автомагистрали Ленинград — Киев мегузарад. Аҳолиаш 112 ҳазор нафар (1979). Комбинати катон, фабрикаҳои трикотаж, дӯзандагӣ,_заводҳои дастгоҳсозӣ, мошинҳои дарздӯзӣ, асбобсозӣ, силикат, конструксияҳои оҳану бетонӣ, корхонаҳои саноати хӯрокворӣ (комбинати гӯшту консерв, заводҳои панир, …
Муфассал »Шаҳри Орхус
Орхус (Arhus), шаҳр ва бандарест дар Дания, дар шарқи нимҷазираи Ютландия, дар соҳили халиҷи Орхус-Бугт. Маркази маъмурии амти Орхус. Аҳолиаш 246 ҳазор нафар (1974). Узели роҳи оҳан, маркази савдою саноат ва маданият. Махсусан саноати мошинсозӣ (таҷҳизот, яхдонҳо), истеҳсоли маҳсулоти нефт, саноати химия, бофандагӣ, хӯрокворӣ ривоҷ ёфтааст. Университет (аз 1928), Мактаби …
Муфассал »Орхит
Орхит (аз юнонӣ orchis — хоя), илтиҳоби хояи одам. Аксар вақт чун боди бемориҳои сироятӣ (ханозир, грипп, сӯзок, тиф, бруселлёз, сил ва ғайра) ва латхӯрии хоя ба вуҷуд меояд. Беморӣ тез cap мешавад (ҳарорат баланд ва хоя калон шуда, сахт дард мекунад). Орхит одатан баъди 2—3 ҳафта хомӯш мегардад, баъзан …
Муфассал »Орфоэпия
Орфоэпия (юнонӣ orphoepeia аэ orthos — дуруст ва epos — нутқ, сухан), маҷмӯи қоидаҳои талаффузи адабии ягон забони миллиро гӯянд, ки ягонагии сохти овозии онро таъмин мекунад. Қоидаҳои талаффузи забони адабӣ якҷоя бо нормаҳои лексикӣ, грамматикӣ, фонетикӣ, услубӣ, имлоӣ ва ғайра мубодилаи афкорро байни намояндогони шеваҳои мухталиф осонтар мекунанд. Қоидаҳои …
Муфассал »