Орфоэпия (юнонӣ orphoepeia аэ orthos — дуруст ва epos — нутқ, сухан), маҷмӯи қоидаҳои талаффузи адабии ягон забони миллиро гӯянд, ки ягонагии сохти овозии онро таъмин мекунад. Қоидаҳои талаффузи забони адабӣ якҷоя бо нормаҳои лексикӣ, грамматикӣ, фонетикӣ, услубӣ, имлоӣ ва ғайра мубодилаи афкорро байни намояндогони шеваҳои мухталиф осонтар мекунанд. Қоидаҳои талаффузи адабӣ дар асоси материалҳои фонетикӣ муқаррар мешаванд.
Агар фонетика ба талаффуз такя карда, системаи овозии забонро тавсиф ва қонуниятҳои онро ошкор созад, Орфоэпия натиҷаи тадқиқоти фонетикиро исти- фода карда, қоидадҳои талаффузи адабиро баён ва нормаҳои талаффузро пешниҳод мекунад. Аз ин рӯ Орфоэпияро фонетикаи амалӣ ё нормативӣ метавон номид. Мавзуи баҳси Орфоэпияро талаффузи дурусти фонемаҳои забон (садонокҳо ва ҳамсадоҳо) дар ҳолатҳои гуногуни фонетикӣ, ҳамнишиниҳои онҳо дар шароитҳои мухталифи фонетикӣ, калимаҳо ва шаклҳои гуногуни грамматикии онҳо нормаҳои талаффузи воҳидҳои забарзанҷирӣ (зада, оҳанг ва ғайра) ташкил медиҳанд. Орфоэпия категорияи таърихист.
Вай баробари ташаккул ёфтани забони адабӣ ба миён меояд, вале нормаҳои он баъдтар пайваста ба пайдоиши шаклҳои гуногуни нутқи шифоҳӣ ва васеъшавии географияи забони адабӣ шакл гирифта, тадриҷан суфта ва дар байни ҷамъият мустаҳкам мешаванд, хусусияти ягонагию муттаҳидӣ пайдо мекунанд. Мафҳуми талаффузи дуруст шартист. Маъмулан талаффузи дуруст тарзи талаффузи лаҳҷае дониста мешавад, ки асоси забони адабӣ қарор ёфтааст. Асоси нормаҳои талаффузи адабии тоқикӣ ҳанӯз дар асрҳои 9—10 дар заминаи лаҳҷаи зиёиёни Самарканд ва Бухоро —ду маркази тамаддуни тоҷикон шакл гирифта, ба воситаи онҳо дар миёни табақаи саводноки аҳолии маҳалҳои дигар паҳн шуданд.
Баъд аз Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр ин қоидаҳо асосан боқӣ монда бошанд ҳам, дар натиҷаи дигаргуниҳои куллие, ки дар ҳаёти моддӣ ва маънавии халқи тоҷик ба амал омаданд ва махсусан табдили марказҳои адабию маданӣ ва ба забони халқ наздик шудани забони адабӣ дар нормаи талаффуз баъзе тағйирот ба миён омад. Масалан, дар системаи вокализм нормаи орфоэпии забони ҳозира ба ҷои ҳашт фонемаи садоноки пешина имрӯз шаш фонема (а, и, о, у, э, ӯ)-ро пешниҳод мекунад.
Ин тағйирот ҳоло дар ҷараёни мустаҳкамшавӣ мебошад. Инкишофи ҳаматарафаи нутқи шифоҳӣ баъди инқилоб дар театр, кино, телевизион, мактабҳои миёна ва олӣ, муассисаҳои илмӣ ва маданӣ, баромадҳои аҳли илму адаб ин ҷараёнро метезонад. Орфоэпия моил ба тағйирот аст. Тамоюли асосӣ ба навишт наздик шудани талаффуз мебошад.