Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Орхус

Шаҳри Орхус

Орхус (Arhus), шаҳр ва бандарест дар Дания, дар шарқи нимҷазираи Ют­ландия, дар соҳили халиҷи Орхус-Бугт. Маркази маъмурии амти Орхус. Аҳолиаш 246 ҳазор нафар (1974). Узели роҳи оҳан, маркази савдою саноат ва маданият.

Махсусан саноати мошинсозӣ (таҷҳизот, яхдонҳо), истеҳсоли маҳсулоти нефт, саноати химия, бофандагӣ, хӯрокворӣ ривоҷ ёфтааст. Университет (аз 1928), Мактаби олии савдо, музеи кушоди «Шаҳри кӯҳна» ва музеи ба­деӣ дорад. Аз ёдгориҳои меъморӣ калисои ҷомеъ .(асрҳои 13—15), калисои Фру-кирке (асрҳои 11—15), ратушаи кӯҳна (1857) боқӣ мондаанд.

Орхус яке аз шаҳрҳои қадимтарини мамлакат буда, бори нахуст дар маь- хазҳои соли 948 номбар шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …