Маълумоти охирин
Главная / Теги: Тиб (страница 3)

Теги: Тиб

ФЛЮОРОЗ

fluoroz

ФЛЮОРОЗ (аз лотинӣ Лиогит — фтор), бемории музмини устухои ва дандонро гӯянд, ки дар сурати дар организм хеле зиёд шудани фтор ва пайвастҳои он пайдо мешавад. Нишонаҳояш пайдо шудани доғ дар сири дандон, тағйир ёфтани сохти бофтаҳои устухон мебошад.

Муфассал »

ФЛЕБИТ

flebit

ФЛЕБИТ (аз юнонӣ flebos — вена, варид, сиёҳранг), илтиҳоби девораҳои вена (раги варид) -ро гӯянд, ки ҳангоми сироят ё ба вена гузаронидани моддаҳои ангезанда ба вуҷуд меояд. Флебит венаи даромадгоҳи ҷигар (пилефлебит) дар батн одатан чун боди бемориҳои илтиҳобӣ ё римовар пайдо мешавад. Инкишофи склероз (тасаллуб)-и вена оқибати Флебит шуда …

Муфассал »

ФИЗИОТЕРАПИЯ

odam-fiziology

ФИЗИОТЕРАПИЯ (аз юнонӣ рhusis —табиат ва терапия), як қисмати тибро гӯянд, ки таъсири физиологии омилҳои табиӣ (об, ҳаво, гармӣ, офтоб ва рӯшноӣ) ва сунъӣ (ҷараёни электрик, майдони магнитӣ ва ғайра)-ро ба организм меомӯзад. ва усулҳои истифодаи онҳоро ба мақсади табобату пешгирии касалиҳо тадқиқ менамояд. Дар мамлакатҳои Шарқи Қадим, Юнон ва …

Муфассал »

ФЕРМЕНТОПАТИЯ

fermentopatiya

ФЕРМЕНТОПАТИЯ, энзимопатия, бемориҳои ирсиеро гӯянд, ки ҳангоми норасоии ягон фермент ё тағйир ёфтани фаъолияти он пайдо мешаванд. Қариб 500 намуди ферма маълум аст.

Муфассал »

ФАРМАСИЯ

farmakognoziya

ФАРМАСИЯ (аз юнонӣ рharmaceia— дору, истифодаи дору), илми дорусозӣ, илми адвия, илмест оид ба ҷустуҷӯю дарёфт, тадқиқ, нигоҳ доштан ва тайёр кардани доруҳо.

Муфассал »

ФАРМАКОТЕРАПИЯ

dorushinosi

ФАРМАКОТЕРАПИЯ (аз юнонӣ рharmacon- такон — дору ва …терапия), бо дору табобат намудани касалиҳоро гӯянд. Фармакотерапия имкон медиҳад, ки мувофиқи ҳолати касал ва андешаи духтур ба фаъолияти аъзои бадали бемор таъсир расонда шавад. Фармакотерапия якчанд навъ мешавад. Агар ин ё он дору ба сабаби беморӣ таъсир кунад, ин гуна фармакотерапияро …

Муфассал »

ФАРМАКОПЕЯ

dorushinosi

ФАРМАКОПЕЯ (аз юнонӣ рharmakon —дору ва роiео — тайёр мекунам), маҷмӯи стандартҳо (намунаҳо)-и доруҳо ва дастуруламалҳоеро гӯянд, ки сифати доруҳоро ба меъёри муайян «медарорад. Фармакопеяро дар тибби қадими мо қарободин меномиданд. Фармакопея аввалин («Китоб-ул-қарободин-ул-кабир»)-ро Шопур ибни Саҳл (вафот 869) таълиф намудааст, ки нусхаи ягонааш дар китобхонаи шаҳри Мюнхен маҳфуз мебошад. …

Муфассал »

ФАРМАКОЛОГИЯ

dorushinosi

ФАРМАКОЛОГИЯ (аз юнони pharmacon — дору ва …логия), дорушиносӣ, як соҳаи илми тиббу биологияро гӯянд, ки доруҳо ва таъсири онҳоро ба организми одаму ҳайвонот меомӯзад. Аввалин маълумоти мураттаб доир ба доруҳо дар папируси мисрии Эберс (асри 17 то мелод) омадааст. Дар «Вандидод»-и «Авесто» хосияти шифобахшии 760, дар «Аюрведа»-и ҳиндуҳо зиёда …

Муфассал »

ФАРМАКОГНОЗИЯ

farmakognoziya

ФАРМАКОГНОЗИЯ (аз юнонӣ рharmakon — дору ва gnosis — донтаy), як фасли фармаcияфо гӯянд, ки ашёи хоми дорувори наботи (равғани эфир, қатрон, шарбат)-ю ҳайвонӣ ва баъзе маҳсулоти онро меомӯззад. Тадқиқи дорувор, моддаҳои муассир, дарёфти растаниҳои доруӣ, ҷамъоварӣ, хушконидан, ба навъҳо ҷудо ва муайян кардани онҳо ва ғайра масъалаҳои асосии омӯзиши …

Муфассал »

УФУНАТИ НОФ

ufunat

УФУНАТИ НОФ, бемории сироятии навзодонро гӯянд, ки дар натиҷаи аз захмчаи ноф ба хун гузаштани микроби касалиовар пайдо мешавад. Бо лоғарӣ, намакидани сина ва суст сиҳат ёфтани захми ноф зоҳир мешавад. Беморро фавран ба касалхона хобондан зарур.

Муфассал »