Маълумоти охирин
Главная / Биология / ФАРМАКОЛОГИЯ

ФАРМАКОЛОГИЯ

ФАРМАКОЛОГИЯ (аз юнони pharmacon — дору ва …логия), дорушиносӣ, як соҳаи илми тиббу биологияро гӯянд, ки доруҳо ва таъсири онҳоро ба организми одаму ҳайвонот меомӯзад. Аввалин маълумоти мураттаб доир ба доруҳо дар папируси мисрии Эберс (асри 17 то мелод) омадааст. Дар «Вандидод»-и «Авесто» хосияти шифобахшии 760, дар «Аюрведа»-и ҳиндуҳо зиёда аз 100 растании доруӣ тавсиф шудааст. Доир ба доруҳо дар асарҳои Буқрот (зиёда аз 250) ва Дисқуридус (750) низ маълумоти муфид мавҷуданд.

dorushinosi

Дар тараққиёти Фармокология Закариёи Розӣ, Абӯалии Сино, Абӯмансур Муваффақ ибни Алии Ҳиравӣ, Абӯрайҳони Беруни ва дигар саҳми калон гузоштаанд. Сино дар «Ал-Қонун» (китобҳои 2 ва 5), рисолаҳои «Алвохия» («Файзия»), «Моҳияти сиканҷабин», «Коснӣ» ва ғайра доир ба масъалаҳои гуногуни Фармокология маълумот додааст. Китоби дуюми «Ал-Қонун» хосияти шифобахшии 812 доруи содда, китоби панҷуми он 716 доруи мураккаб, «Алвоҳия» («Файзия») 907 доруи соддаро дар бар мегирад. Алҳол дар СССР зиёда аз 70 доруи дар китоби дуюми «Ал-Қонун» зикршуда истифода мешавад.
Асосгузори Фармокологияи таҷрибавӣ Р. Бухгейм (Дерпт; асри 19) мебошад. Дар Россия аввалин маълумотҳо доир ба растаниҳои доруӣ асрҳои 16—18 пайдо шуданд. Соли 1778 аввалин фармакопеяи рус («Рharmacopoea Rossica») нашр шуд.
Фармокологияи муосир якчанд шоха — фармакодинамика (таълимотест оид ба таъсири доруҳо ба организм), фармакокинетика (таълимот доир ба ҷаббиш, паҳншавӣ ва биотрансформасияи доруҳо дар органӣзм), Фармокологияи молекулавӣ (таълимотест дар хусуси таъсири биохимиявии доруҳо дар ҳуҷайра ва бофтаҳо), Фармокологияи клиникӣ (озмоиши дорувор дар амалияи тиббӣ ва аниқ кардани тарзи истифодаи онҳо) тақсим мешавад. Фармокология инчунин умуми ва ҷузъӣ мешавад. Фармокологияи умумӣ механизмҳо ва қонуниятҳои муштараки таъсири доруҳоро ба организм (вобаста ба сохти химиявӣ, хосияти химиявию физикӣ, тақсимшавии онҳо дар узву бофтаҳо, биотрансформасия — оксидшавӣ, барқароршавӣ, гидролиз ва ғайра), тарзи истеъмол ва роҳҳои тазриқ (дарунӣ, зерипусти, дохилимушаки, дохиливаридӣ ва ғайра) роҳҳои аз организм хориҷ шудан, масъалаҳои стандартонӣ, таснифоти доруҳо ва ғайраро меомӯзад. Фармокологияи ҷузъӣ доруҳои алоҳидаро аз нуқтаи назари таъсири хоси онҳо (масалан, карахткунанда, хобовар, ва ғайра) тадқиқ мекунад.
Фармокология бо фармасия (масалан, химияи фармасевтӣ, фармакогнозия ва ғайра), токсикология, физиологил, биохимия, биология ва ғайра алоқаманд аст. Дар инкишофи Фармокологияи советӣ Н. П. Кравков, И. П. Павлов, М. П. Николаев, Н. В. Вершинин, В. И. Скворцов, С. В. Аничков ва дигар ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Дар СССР доир ба Фармокология дар Институти фармакологияи Академияи Илмҳои Тоҷикистон СССР, Институти умумииттифоқии тадқиқоти илмии химиявию фармацевтип ба номи С. Орджоникидзе (Москва), Ин-ти химиявию фармасевтии Харков ва ғайра тадқиқот мебаранд. Дар Тоҷикистон оид ба Фармокология дар баъзе кафедраю лабораторияҳои мактабқои олӣ ва институттҳои тадқиқоти илмӣ тадқиқот мебаранд.
Адабиёт: Аничков С. В., Беленкий М. П., Учебник фармакологии, Л.. 1969; Мозгов И. Б., Фармакология, Москва, 1974; Кудрин А. Н., Фармакология с основами патофизиологии, Москва. 1977; Нуралиев Ю. Н., Медисина эпохи Ависенны, Душанбе, 1981; ҳамон муаллиф, Медисинские трактаты Ависенны, Душанбе, 1982. Xаркевич Д. А., Фармакология, Москва, 1981. Ю. Нуралиев.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …