Маълумоти охирин
Главная / Биология / ФАРМАКОПЕЯ

ФАРМАКОПЕЯ

ФАРМАКОПЕЯ (аз юнонӣ рharmakon —дору ва роiео — тайёр мекунам), маҷмӯи стандартҳо (намунаҳо)-и доруҳо ва дастуруламалҳоеро гӯянд, ки сифати доруҳоро ба меъёри муайян «медарорад. Фармакопеяро дар тибби қадими мо қарободин меномиданд.

dorushinosi
Фармакопея аввалин («Китоб-ул-қарободин-ул-кабир»)-ро Шопур ибни Саҳл (вафот 869) таълиф намудааст, ки нусхаи ягонааш дар китобхонаи шаҳри Мюнхен маҳфуз мебошад. Солҳои 967—976 Абӯмансур Муваффақ ябни Алии Ҳиравӣ қарободинеро бо номи «Китоб- ул-абния ан ҳақоиқ-ил-адвия»; таълиф намуд, ки дар он номи 584 дору (465 наботӣ, 74 маъданӣ ва 45 ҳайвони) сабт шудааст. Дар таърихи дорушиносӣ китоби панҷуми «Ал-Қонун»-и Абӯалии Синоро низ Фармакопея меноманд. Баъди Сино дар тибби форсу тоҷик қариб 10 қарободин навишта шуданд, ки маъмултаринашон «Қарободини хоразмшоҳӣ»-и Саид Исмоили Ҷурҷонӣ (асри 12), «Қарободини кабир»-и Муҳаммад Ҳусайни Шерози (асрҳои 17—18), «Қарободини кабир»-и Муҳаммадҳусайн ибни Муҳаммад Оқилӣ (асрҳои 18—19) ва ғайра мебошанд. Дар Европа Фармакопеяи аввалин соли 1498 (Riecettario Ғlorentino; дар Флоренсия) ва дар Россия соли 1776 («Рharmocopoea Rossica») нашр шуд. Соли 1968 дар СССР Ф бори 10-ум аз чоп баромад, ки аз 707 мақола (738 дору) иборат аст. Фармакопеяи СССР ҳуҷҷати умумидавлатии қонунгузор мебошад. Дар Фармакопея доир ба усулҳои таҳлили химиявӣ, физикию химиявӣ ва биологии доруҳо, реактиву индикаторҳо, рӯйхати доруҳои заҳрнок (рӯйхати А) ва пуртаъсир (рӯйхати Б), ҷадвали меъёри истифодаи якдафъагӣ ва якшаборӯзии дору барои калонсолону кудакон ва ғайра маълумот мавҷуд аст. Ю. Нуралиев.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …