Маълумоти охирин
Главная / Теги: Шахсони машҳур (страница 31)

Теги: Шахсони машҳур

СЛЕЙТОН Доналд

slayton

СЛЕЙТОН  Доналд (таваллудаш 1. 3. 1924, Спарта, штати Вискоисий), кайҳоннаварди америкоӣ, майори мустаъфии ҚҲД и ШМА. Дар ҚҲҲ аз соли  1942. Иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ. Баъди хатми Университети Миннесот (1949) ба унвони бакалаври илмҳои табиатшиносӣ соҳиб шуд ва дар компанияи авиатсионии «Боинг» (дар Сиэтл, штати Вашингтон) кор кард. Соли 1951 …

Муфассал »

СКРИБИН Константин Иванович

scribin

СКРИБИН Константин Иванович (7. 12. 1878, Петербург —17. 10. 1972, Москва), гелминтологи советӣ, асосгузори илми гедминтологӣ дар СССР, академики  АФ СССР (1939), ВАСХНИЛ (1935), АИТ СССР (1944), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1958). Институти ветеринарии Юрьев (Тарту)-ро хатм кардааст (1905). То соли 1911 дар Осиёи Миёна духтури ҳайвонот буд. Солҳои 1917—20 профессори …

Муфассал »

СКУНХА

skunkha

СКУНХА (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), пешвои «скифҳои кулоҳборик» — қабилаҳои бодиянишине, ки дар қисми шарқии баҳри Каспий ва наздикии баҳри Арал зиндагӣ мекарданд. Мувофиқи маълумоти катибаи Бесутун Дорои I соли 519 то милод ба қӯшуни Скунха ҳуҷум оварда, ӯро асир гирифт ва шахси дигарро пешвои скифҳо таъин намуд. Скунха …

Муфассал »

СКРЯБИН Александр Николаевич

scriabin

СКРЯБИН Александр Николаевич (6. 1. 1872, Москва—27. 4. 1915, ҳамон ҷо), бастакор ва пианнионавози рус. Солҳои 1888—92  дар Консерваторияи Москва таҳсил намудааст. Солҳои 1898—1903 профессори консерваторияи мазкур. Солҳои 1904—09 дар хориҷа зистааст. Яке аз бузургтарин намояндагони маданияти охири асри 19 ва ибтидои асри 20       Скрябин асосан барои фортеппано ва мусиқии …

Муфассал »

СКРИНСКИЙ Александр Николаевич

skrinskiy

СКРИНСКИЙ Александр Николаевич (таваллудаш 15. 1. 1936, Оренбург), физики советӣ, академики АФ СССР (1970;  аъзо-корреспондент 1968). Баъди хатми Университети давлатии Москва (1959) дар Институти физикаи ядрои Шӯъбаи Сибирии АФ СССР кор мекунад. Дар айни замон аз соли 1967 профессори Университети давлатии Новосибирск. Асарҳояш асосан ба физикаи энергияҳои баланд ва физикаю …

Муфассал »

СКОТТ Дейвид

david-scott

СКОТТ (Skott) Дейвид (таваллудаш  6. 6. 1932, Сан-Антонио, штати Техас), лётчик – кайҳоннаварди ШМА, полковники ҚҲҲ-и ШМА. Академияи ҳарбии ШМА (Уэст- Пойнт), Институти технология Моссачусет (1962), мактаби эксперименталии лётчик – санҷишгарони ҚҲҲ ва мактаби пилотҳо (барои тадкиқи аэрокайҳон) – ро хатм кардааст. Аз соли 1963 дар гурӯҳи қайҳоннавардони Управденияи миллии …

Муфассал »

СКОЧИНСКИЙ Александр Алексавдрович

skochinsky

СКОЧИНСКИЙ Александр Алексавдрович (13. 7. 1874, деҳаи Олёкма, ҳозира РАСС Ёқутутистон— 6. 10. 1960, Москва), олими советӣ дар соҳаи кӯҳкорӣ, академики АФ СССР (1935), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1954). Корҳои илмии Скочинский асосан ба проблемаҳои аэрологияи конҳо бахшида шудаанд ва масъалаҳои бехатариву ба вуҷуд овардани шароитҳои бароҳати истеҳсолиро ҳангоми коркарди зеризаминии …

Муфассал »

СКОТТ Валтер

walter_scott

СКОТТ (Skott)  Валтер (15. 8. 1771, Эдинбург—21. 9. 1832, Абботсфорд), нависандаи англис. Аз оилаи ҳуқуқшиноси шотландӣ. Бо тарҷумаи осори адибони немис, ҷамъоварии фолклор машғул шудааст. Скотт асосгузори романи таърихист. «Уэверли» (1814), «Роб Рой» (1818), «Айвенго» (1820), «Кенилворт» (1821), «Квентин Дорвард» (1823), «Вудсток» (1826) беҳтарини романҳои таърихии ӯянд. Чанде аз таълифотк …

Муфассал »

СКОБЕЛЕВ Михаил Дмитриевич

skobelev

СКОБЕЛЕВ Михаил Дмитриевич (29. 9. 1843, Петербург — 7. 7. 1882, Москва), ходими ҳарбии рус, генерал аз инфактерия (1881). Аз оилаи офисер. Баъди хатми Академияи Штаби генералии Николаев (1868) ӯро дар рутбаи штабс – ротмистр ба Окрути ҳарбии Туркистон фиристоданд. Соли 1872 ба Штаби генералӣ таъин мегардад, соли 1873 дар …

Муфассал »

СКОБЕЛСИН Дмитрий Владимирович

unknown_person-07

СКОБЕЛСИН Дмитрий Владимирович (таваллудаш 24. 11. 1892, Петербург), физики советӣ, академики АФ СССР (1946; аъзо –корреспондент 1939), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1969). Баъди хатми Университети Петроград (1915) дар институтҳои политехникӣ (1916—37), физикаю техникаи (1925—39) Ленинград кор кард. Директори Институти физикаи АФ СССР (1951—72) буд. Солҳои 1929—31 дар лабораторияи М. Склодовская-Кюри тадқиқот …

Муфассал »