СКРИНСКИЙ Александр Николаевич (таваллудаш 15. 1. 1936, Оренбург), физики советӣ, академики АФ СССР (1970; аъзо-корреспондент 1968). Баъди хатми Университети давлатии Москва (1959) дар Институти физикаи ядрои Шӯъбаи Сибирии АФ СССР кор мекунад. Дар айни замон аз соли 1967 профессори Университети давлатии Новосибирск. Асарҳояш асосан ба физикаи энергияҳои баланд ва физикаю техникаи суръатфизоҳои зарраҳои заряднок оиданд. Лауреати Мукофоти Ленинӣ (1967). Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотоиида шудааст.
Tags Шахсони машҳур
Инчунин кобед
САФОЛ
САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …