Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХОҶӮИ КИРМОНӢ

ХОҶӮИ КИРМОНӢ

ХОҶЎИ КИРМОНӢ -Абулато Камолуддин Маҳмуд ибни Али (1290, Кирмон —1354, Шероз), шоири форс-тоҷик. Дар таърихи адабиёти форс-тоҷик ин шоир баъди Хусрави Деҳлавӣ дувумин шахсест, ки анъанаи Низоми Ганҷавиро давом дода, достонҳои ишқию ахлоқӣ сурудааст. Ў соҳиби шаш маснавист, ки панҷтояш бо номи «Хамсаи Хоҷу» ёд шудааст. Маснавии аввали худ «Ҳумой ва Ҳумоюн »-ро (дар баҳри мутақориб) с. 1332 дар Бағдод ба поён расонидааст. Он аз ишқи пурмоҷарои Ҳумой Замини Ховарӣ — писари шоҳ Ҳушанг ва Ҳумоюн — духтари фағфури Чин ривоят мекунад. Маснавии дуюмаш баъди даҳ соли достони якум бо номи «Гулу Наврўз» (дар баҳри ҳазаҷ) дар пайравии «Хусрав ва ширин»-и Низомии Ганҷавӣ таълиф шудааст. Дар он қиссаи ишқи пуршўри Наврўз — писари шоҳ Фирўзи хуросонӣ ва Гул — духтари қайсари Рум тасвир шудааст. Маснавии сеюмаш «Равзан-ул-анвор» (соли таълиф номаълум; дар баҳри сареъ) дар пайравии «Махзан-ул-асрор»-и Низомии Ганҷавӣ таълиф шудааст. Маснавии чаҳорумаш «Камолнома» (1343; дар баҳри хафиф) яке аз аввалин ва беҳтарин татаббуъҳои «Бўстон»-и Саъдӣ Шерозист; маснавии панҷумаш «Гуҳарнома» (ё «Гавҳарнома», 1344; дар баҳри ҳазаҷ) ва достони охирин «Сомнома» (дар вазни мутақориб) ном доранд. Қадимтарин нусхаи дастнависи девони Xоҷуи Кирмонӣ с. 1349 китобат шудааст. Девони ў аз ду ҳисса — «Саноеъ-ул-камол» ва «Бадоеъ-ул-ҷамол» иборат мебошад. Ҳиссаи якум калонтар буда, қасоид, қитаот, таркибот, тарҷеот, ғазалиёт ва ду маснавӣ — «Ҳумою Ҳумоюн» ва «Гулу Наврўз»-ро дар бар гирифтааст. Дар қисми дуюм қасоиди мадҳӣ, таркибот, «Шавқиёт» ном дафтари ғазалиёт ва рубоиёти ў ҷой доранд. Қисми зиёди девони шоир аз қасида фароҳам омадааст. Ғазалиёташ бо номҳои «Сафариёт» ва «Ҳазариёт» дар ҳар ду қисми девон ҷамъ омадаанд. Xоҷу Кирмонӣ устоди ғаза л эътироф гардидааст. Латофату таровати ғазали ў ба дараҷаест, ки Ҳофизи Шерозӣ гуфтааст:

Устоди сухан Саъдист назди ҳама кас, аммо,

Дорад ғазали Ҳофиз тарзи сухани Хоҷу.

Xоҷуи Кимонӣ ба ғазалиёти Саноӣ, Шайх Аттор, Ҷалолуддини Румӣ пайравӣ намуда, то андозае ба шеваи Саъдии Шерозӣ наздик омадааст. Дар девони Xоҷуи КИрмонӣ 432 рубоӣ мавҷуд аст, ки дар тавсифи маъшуқа, мавзуъҳои фалсафӣ, шикоят аз замона, танқиди зоҳидон ва ғ. суруда шудаанд.

Ад.: Адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои XII—XIV, қ. 2, Д.. 1983. К. Айнӣ:

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …