Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХОҶАГОН

ХОҶАГОН

ХОҶАГОН, як силсилаи маъруфи тасаввуфро гўянд, ки пайравони он Абдулхолиқи Ғиждувониро пешвои худ мешумориданд. Xоҷагон бештар дар ҳудуди Осиёи Миёна, Эрон, Афғонистон интишор ёфта буд. Рукни асосии таълимоти Xоҷагон порсоӣ ва диндорист. Бино ба таълимоти Абдулхолиқи Ғиждувонӣ сўфии ҳақиқӣ бояд тамоми қоидаҳои шариат ва тариқатро риоя карда, баъд ба зинаи ҳақиқат гузарад. Пайравони силсилаи Xоҷагон зўҳду тақво ва парҳезгорию таваккулро инкор мекарданд. Онхо зимни муҷоҳида ба касбу кори муайян машғул шудани сўфиёнро раво медонистанд. Абдулхолиқи Ғиждувонӣ дар асарҳояш пайравонашро ба тасфияи нафс ва дурӣ ҷустан аз ҷоҳталабӣ тарғиб кардааст. Мас., ў дар «Васиятнома»-аш навиштааст: «Қавли саҳеҳ он аст, ки иштиғол ба касб монеаи тасаввуф нест».

Абдулхолиқи Ғиждувонӣ муршиди Баҳоуддини Нақшбанд мебошад. Аз ни рў, ташаккулу инкишофи силсилаи Xоҷагон давраи тўлониро дар бар мегирад ва нақшбандия як тариқати силсилаи Xоҷагон ба шумор меравад. Таълимоти асосии силсилаи Xоҷагон аз ёздаҳ принцип иборат мебошад: хуш дар дам, хилват дар анҷуман, назар ба қадам, сафар дар ватан, ёдкард, нигаҳдошт, ёддошт, бозгашт, вуқуфи ададӣ, вуқуфи қалбӣ, вуқуфи замонӣ. Ҳашт принципи аввалро ба Абдулхолиқи Ғиждувонӣ ва сетои дигарашро ба Баҳоуддини Нақшбанд нисбат медиҳанд. Пайравони силсилаи Xоҷагон ба ин принципҳо шарҳу тавзеҳоти зиёде навиштаанд.

Пайравони силсилаи Xоҷагон мардумро ба диндорӣ ва итоаткорӣ даъват  намуда, ба мисли дигар ҷараёнҳои динию ирфонӣ дар таърихи афкори ҷамъиятӣ роли иртиҷоӣ бозидаанд.

А. Муҳаммадхоҷаев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …