Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / УЛАН-УДЭ

УЛАН-УДЭ

УЛАН-УДЭ (то 1931 — Верхнеудинск), пойтахти Республикаи Автономии Совети Сотсиалистии Бурят., истгоҳи киштиҳо дар ҷои якшавии дарёи Уда ба дарёи Селенга. Узели роҳи оҳан. Аҳолиаш 329 ҳазор нафар (1984). Соҳаҳои асосии саноаташ: мошинсозӣ, коркарди металл, чӯбкорӣ.

ulan-ude

Инчунин комбинатҳои моҳути маҳин, гӯшту консерва, заводи калони шиша мавҷуданд. 4 донишкадаи олӣ, филиали Шӯъбаи сибирии Академияи Фанҳои СССР, 4 театр ва 4 музей дорад. Шаҳр соли 1666 бунёд шудааст; аз соли 1923 пойтахти РАСС Бурят.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …