Маълумоти охирин

ТУТ

ТУТ (Могив), як навъ дарахтест аз оилаи тутҳро. То 35 м қад мекашад. Баргу шоху навдааш шираи сафед дорад. Гулаш майдаи дуҷинса, хӯшагулаш «гӯшворак», мевааш серобу сершира ва сертухм (дарозиаш 1—5 см), сафед, гулобӣ, сурх ва бунафши сиёҳтоб. Бештар тути сафед (балхӣ) ва шаҳтут (тути сурх) маъмул аст.

tut

Тути сафед (М. alba, нигаред расм) дарахтест, ки то 20 м қад мекашад. Онро чун дарахти мевадор аз замонҳои қадим дар Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва ғайра мепарваранд. Ҳоло дар кишварҳое, ки ба кирмакдорӣ (нигаред низ Кирмак) машғуланд, парвариши тут вусъат офтааст. Тутро асосан аз дола, инчунин бо роҳи пайванд зиёд мекунанд. Меъёри кишти тухмӣ —10—20 кг/га. Тут апрел — май гул мекулад, июн — июл мепазад. Дарахти тут то 200—300 сол умр мебинад.

Шаҳтут (М. nigra)-ро бештар дар Закаваказия ва Осиёи Миёна мепарваранд.

Меваи тут ширии ё нордон (беш аз 10% қанд дорад) аст. Онро тару тоза ё хушконда истеъмол мекунанд. Махсусан навъҳои тути бедона, балхӣ, тути понғозӣ, марворидак, мавизак, ҷиртут, сафедак ва ғайра маъмуланд. Аз тути хушк тутпӯст (тути кӯфта), попланг — талқон (бо мағзи зардолу ё чормағз дар сангҷувоз мекӯбанд), тутпӯсти шалпӣ — орди нордон (ба тут барги чукрӣ ҳамроҳ карда орд мекунанд) ва тутпӯсти манур (ба тути хушк гандуми зирбондагӣ ё ҷӯшонидаи хушк ҳамроҳ карда орд мекашанд) тайёр мекунанд. Аз тут ширинӣ («шиннӣ») мепазанд. Хусусияти шифоии тут аз қадим маълум аст. Онро Ҷолинус, Абӯалии Сино ва дигарон барои табобати касалиҳои гуногун истифода бурдаанд. Масалан, Сино тути хушкро ба беморони гирифтори реши рӯда, исҳоли музмин ва ғайра тавсия медод. Ба ақидаи ӯ тути нордон рушди омоси даҳону гулӯро боз медорад; афшурааш давои реши равон аст. У пӯстлохи тутро подзаҳри тутакалӣ ва шираи баргашро подзаҳри ғунда меҳисобид.

Муҳаммад Ҳусейн дар «Махзан-ул-адвия» (таълифаш 1776) ду навъ – ширин (набатӣ) ва турш (шомӣ) будаии тутро қайд намудааст. Тути ширинро «тавлидкунандаи хуни солеҳ…, кушояндаи бастагиҳо, ислоҳкунандаи ҷигар ва фасоди сипурз…» ҳисобидааст. Дар тибби халқ ақидае ҳукмфармост, ки тут иллати дилро рафъ менамояд ва ғалаёни хунро ба низом меорад. Дар Республикаи Сосиалистии Ветнам аз барги тут доруи «фомидол» тайёр мекунанд, ки онро барои табобати дарди тарбод, сили пӯст ва ғайра истифода мебаранд. М. Ҳоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …