Маълумоти охирин

ТУТ

ТУТ (Могив), як навъ дарахтест аз оилаи тутхро. То 35 м кад мекашад. Баргу шоху навдааш шираи сафед дорад. Гулаш майдаи дучинса, хушагулаш «гушворак», мевааш серобу сершира ва сертухм (дарозиаш 1—5 см), сафед, гулоби, сурх ва бунафши сиёхтоб. Бештар тути сафед (балхи) ва шахтут (тути сурх) маъмул аст.

tut

Тути сафед (М. alba, нигаред расм) дарахтест, ки то 20 м кад мекашад. Онро чун дарахти мевадор аз замонхои кадим дар Точикистон, Афгонистон, Эрон ва гайра мепарваранд. Холо дар кишвархое, ки ба кирмакдори (нигаред низ Кирмак) машгуланд, парвариши тут вусъат офтааст. Тутро асосан аз дола, инчунин бо рохи пайванд зиёд мекунанд. Меъёри кишти тухми —10—20 кг/га. Тут апрел — май гул мекулад, июн — июл мепазад. Дарахти тут то 200—300 сол умр мебинад.

Шахтут (М. nigra)-ро бештар дар Закаваказия ва Осиёи Миёна мепарваранд.

Меваи тут ширии ё нордон (беш аз 10% канд дорад) аст. Онро тару тоза ё хушконда истеъмол мекунанд. Махсусан навъхои тути бедона, балхи, тути понгози, марворидак, мавизак, чиртут, сафедак ва гайра маъмуланд. Аз тути хушк тутпуст (тути куфта), попланг — талкон (бо магзи зардолу ё чормагз дар сангчувоз мекубанд), тутпусти шалпи — орди нордон (ба тут барги чукри хамрох карда орд мекунанд) ва тутпусти манур (ба тути хушк гандуми зирбондаги ё чушонидаи хушк хамрох карда орд мекашанд) тайёр мекунанд. Аз тут ширини («шинни») мепазанд. Хусусияти шифоии тут аз кадим маълум аст. Онро Чолинус, Абуалии Сино ва дигарон барои табобати касалихои гуногун истифода бурдаанд. Масалан, Сино тути хушкро ба беморони гирифтори реши руда, исхоли музмин ва гайра тавсия медод. Ба акидаи у тути нордон рушди омоси дахону гулуро боз медорад; афшурааш давои реши равон аст. У пустлохи тутро подзахри тутакали ва шираи баргашро подзахри гунда мехисобид.

Мухаммад Хусейн дар «Махзан-ул-адвия» (таълифаш 1776) ду навъ – ширин (набати) ва турш (шоми) будаии тутро кайд намудааст. Тути ширинро «тавлидкунандаи хуни солех…, кушояндаи бастагихо, ислохкунандаи чигар ва фасоди сипурз…» хисобидааст. Дар тибби халк акидае хукмфармост, ки тут иллати дилро рафъ менамояд ва галаёни хунро ба низом меорад. Дар Республикаи Сосиалистии Ветнам аз барги тут доруи «фомидол» тайёр мекунанд, ки онро барои табобати дарди тарбод, сили пуст ва гайра истифода мебаранд. М. Хочиматов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …