Маълумоти охирин
Главная / Техника / ТРАКТОРСОЗӢ

ТРАКТОРСОЗӢ

ТРАКТОРСОЗӢ, як соҳаи мошинсозиро гӯянд, ки трактор, муҳаррикҳои трактору комбайн ва барои онҳо қисмҳои эҳтиётӣ мебарорад. Тракторсозӣ ҳамчун соҳаи саноат аз соли 1917 (вақте ки дар заводҳои Форди ШМА истеҳсоли зиёди тракторҳо сар шуд) вуҷуд дорад.

traktor-mtz
Тракторсозӣ дар СССР соли 1923 ба вуҷуд омад. Аввалия заводҳои махсусгардонадаи Тракторсозӣ —заводи тракторсозии Сталинград (ҳозира заводи тракторсозии Волгоград) ва заводи тракторсозии Харков тракторҳои чархдори тамтаи СТЗ ва ХТЗ бароварданд.
Саноати тракторсозии СССР 57 хел трактор (20 универсалӣ, 11 шудгоркунанда, 16 хел барои саноат ва 10 хел барои хоҷагии ҷангал) мебарорад. СССР ба бисёр мамлакатҳои ҷаҳон трактор мефурӯшад. Тракторҳои СССР сазовори зиёда аз 120 мукофоти олии намоишу ярмарка ва азназаргузарониҳои умумиҷаҳонӣ гардидаанд.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …