Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТОШМУҲАММАДОВ Феликс Мастибекович

ТОШМУҲАММАДОВ Феликс Мастибекович

ТОШМУҲАММАДОВ Феликс Мастибекович (21. 12. 1926, шаҳри Хоруғи ВАБК), режиссёр, актёр ва драматурги тоҷик. Артисти Хизматнишондодаи Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (1963). Аъзои КПСС аз соли 1960. Студияи театрии Душанбе, курси олии режиссёрии Институти театр ва мусиқии Ленинград (1951), Институти давлатии санъати театри Москваро (1957) хатм намуд. Солҳои 1957—62 режиссёр ва директори Театри драмаи русии ба номи В. В. Маяковский, солҳои 1963— 68 сардори Управленияи санъати Вазорати маданияти Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, 1968—71 саррежиссёр ва аз соли 1971 режиссёри Театри драмаи русии ба номи В. В. Маяковский. Беҳтарин асарҳои таҳиякардааш: «Беҷиҳоз»-и А. Островокий, «Хонадоршавӣ»-и Н. Гоголь— дар Театри драмаи мусиқии Хоруғ; «Пешаи миссис Уоррен»-и Б. Шоу, «Соати бурҷи Кремль» ва «Садоқат»-и Н. Погодин, «Ҳакими бузург»-и С. Улуғзода ва В. Виткович ва ғайра— дар Театри драмаи русии ба номи В. В. Маяковский. Тошмуҳаммадов баробари фаъолияти режиссёриаш, инчунин песаҳо ва оид ба театр мақолаю тақризҳо менависад. Муаллифи асарҳои драмавии «Шуҳрати аздастрафта», «Одами ғайриоддӣ» (ҳарду 1957), «Ҳаёт даъват мекунад» (1959), «Разведкаи шабона» (1975), «Ишқ ва қарз» (1976), «Эстафета» (1978), «Саёҳат ба моҳ» (1965) ва ғайра, муаллифи монографияи «Образи Ленин дар театрҳои Тоҷикистон» (1960) ва якчанд маҷмӯаи песаҳо. Бо 3 медал, Грамотаҳои фахрии Президиуми Совети Олии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Б. Абдураҳмонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …