Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТОПОЛОГИЯ

ТОПОЛОГИЯ

ТОПОЛОГИЯ (аз юнонӣ tороs —ҷой ва …логия), як фасли математикаро номанд, ки мафҳуми муттасилӣ — яке аз муҳимтарин мафҳумҳои математикаро меомӯзад. Ба ибораи дигар, Топология мафҳуми бефосилагиро (ки масалан, дар мафҳуми ҳудуд ифода мешавад) ҳамаҷиҳата тадқиқ мекунад. Типологияи сатҳҳо маҳдуд нест ва зимни ин Топологияи бисёрчена ба миён омад.
Топология ҳамчун илм дар асарҳои Л. Эйлер, Б. Риман, Ж. А. Пуанкаре ташаккул ёфтааст. Дар инкишофи минбаъдаи Топология ва пайдоиши шохаҳои нави он математикони советӣ саҳми муҳим гуазштаанд. Инкишофи босуръати Топология дар чоряки аввали асри 20 бо ташкил шудани мактаби топологҳои Москва алоқаманд аст. Кашфиётҳои муҳимми Топология асри 20 ба номи олимони советӣ вобастаанд. Назарияи умумии чен (П. С. Урысон), назарияи ҳозираи аксиоматикаи фазоҳои топологӣ (П. С. Александров), назарияи фазоҳои компактӣ (Александров ва Урысон), теоремаҳо доир ба зарби фазоҳои компактӣ (А. Н. Тихонов), меъёри метриконии фазоҳо, назарияи характерҳо (Л. С. Понтрягил) ва ғайра ба вуҷуд оварда шуданд. Топология дар дигар соҳаҳои математика татбиқи васеъ дорад ва боиси пайдоиши шохаҳои нави он гардидааст (назарияи фазоҳои хаттӣ-топологӣ).

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …