Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТОПОЛОГИЯ

ТОПОЛОГИЯ

ТОПОЛОГИЯ (аз юнони tороs —чой ва …логия), як фасли математикаро номанд, ки мафхуми муттасили — яке аз мухимтарин мафхумхои математикаро меомузад. Ба ибораи дигар, Топология мафхуми бефосилагиро (ки масалан, дар мафхуми худуд ифода мешавад) хамачихата тадкик мекунад. Типологияи сатххо махдуд нест ва зимни ин Топологияи бисёрчена ба миён омад.
Топология хамчун илм дар асархои Л. Эйлер, Б. Риман, Ж. А. Пуанкаре ташаккул ёфтааст. Дар инкишофи минбаъдаи Топология ва пайдоиши шохахои нави он математикони совети сахми мухим гуазштаанд. Инкишофи босуръати Топология дар чоряки аввали асри 20 бо ташкил шудани мактаби топологхои Москва алокаманд аст. Кашфиётхои мухимми Топология асри 20 ба номи олимони совети вобастаанд. Назарияи умумии чен (П. С. Урысон), назарияи хозираи аксиоматикаи фазохои топологи (П. С. Александров), назарияи фазохои компакти (Александров ва Урысон), теоремахо доир ба зарби фазохои компакти (А. Н. Тихонов), меъёри метриконии фазохо, назарияи характерхо (Л. С. Понтрягил) ва гайра ба вучуд оварда шуданд. Топология дар дигар сохахои математика татбики васеъ дорад ва боиси пайдоиши шохахои нави он гардидааст (назарияи фазохои хатти-топологи).

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …