Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТЕКТОНИКА

ТЕКТОНИКА

ТЕКТОНИКА (аз юнони tektonicoz — мансуби сохтмон), геотектоника, як сохаи геологияро гуянд, ки инкишофи структураи кишри Замин ва аз таъсири харакатхои тектоники тагйир ёфтани он, инчунин деформацияхои ба тараккии куллии Замин вобастаро меомузад. Дар боби маънидоди деформация ва харакати кишри Замин ду фарзияи геологи хаст, ки якеро фиксизм ва дигареро мобилизм меноманд.

tektonika

Неотектоника фасли махсуси тектоника мебошад. Дар заминаи тектоника ва сейсмология сейсмотектоника ба вучуд амадааст. Тектоника ахамияти калони амали дошта, чустучу ва инкишофи самарабахши сарватхои табиатро таъмин мекунад. Чойгиршавии умумии минтакахои маъдандор, хавзахои ангишт ва гайра ба таксимоти унсурхои калони кишри Замин вобастаанд. Дар вацти сохтмони иншоотхои гуногуни обёрь (обанборхо, стансияхои электрии оби ва гайра) маълумотхо дар бораи структураи кабатхои болоии кишри Замиш ва доир ба шиддатёбии харакатхои навтарини тектоники ба назар гирифта мешаванд.

Дар СССР тадкикоти тектоники дар Институти физикаи Замини Академияи Фанхои СССР, Институти тектоника ва геофизикаи Шуъбаи сибирии Академияи Фанхои СССР, Институтхои геологияи Академияи Фанхои республикахои иттифоки, институтхои тадкикоти илмии Вазорати геологияи СССР, Вазорати саноати нефт ва гайра гузаронида мешавад. Комитети байниидоравии тектоники ба кори хамаи ин муассисахо назорат карда, журнали «Геотектоника»-ро нашр менамояд.

Тектоникаи худуди Точикистон низ ба таври кофи омухта шудааст. Ба ин кор шуъбаи Геологияи регионали ва бо тадкики харакати навтарини тектоники шуъбаи Неотектоникаи Институти геологияи Академияи Фанхои РСС Точикистон машгуланд. Дар омухтани тектоникаи террт. респубика олимон — академики Академияи Фанхои РСС Точикистон С. А. Захаров, аъзочкоррспонденти Академияи Фанхои РСС Точикистон М. М. Кухтиков, номзади илмхои геология ва минералогия А. М. Бобоев ва дигарон хиссагузори кардаанд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …