Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТЕРМИНОЛОГИЯ

ТЕРМИНОЛОГИЯ

ТЕРМИНОЛОГИЯ (аз лотинӣ (низ — ҳад, ҳудуд ва …логия), истилоҳот, истилоҳшиносӣ, маҷмӯъ (систсма)-и истилоҳи соҳаи муайяни илм, техника, истеҳсолот, сазюат, касбу ҳунар, фаъолияти ҷамъиятиро гӯянд, ки бо мафҳумҳои гуногун алоқаманданд. Ба маънои том терминология як соҳаи лексикология аст, ки қонуниятҳои ташаккулу такомули истилоҳотро меомӯзад. Манбаи ташаккули терминологияи мамлакатҳои Шарқи Миёна ва Наздик забони арабӣ, мамлакатҳои Ғарб забонҳои лотинию юнонӣ буданд. Бунёди терминологияи илмии тоҷикиро дар асри 10 Абӯалӣ ибни Сино («Донишнома») ва Абӯрайҳони Берунӣ («Ат-Тафҳим») гузоштаанд. Минбаъд ташаккули терминологияи илмии тоҷикӣ дар осори Носири Хисрав, Хайём, Сӯҳравардӣ, Насируддини Тӯсӣ, Исмоили Ҷурҷонӣ, Қозизодаи Румӣ, Ғиёсуддини Кошонӣ ва Аҳмади Дониш идома дошт. Тли тоҷик дар солҳои Ҳокимияти Советӣ ҳамроҳ ба тараққиёти пуравҷи ҳаёти иқтисодӣ, сиёсию ҷамъиятӣ, илму техника, маданияту санъат ташаккул ёфт. Дар ин давра терминология чун тамоми лексикаи забони тоҷикӣ, дар заминаи захираю имкониятҳои луғавӣ ва воситаҳои грамматикии забони адабии тоҷик, забони зиндаи халқ ва лаҳҷаю шеваҳои он, инчунин аз ҳисоби калимаҳои русию интернационалӣ ба вуҷуд омада, инкишоф ёфт. То ҳол дар Тоҷикистоя 45 номгуй луғати терминологии соҳавӣ нашр шудааст. Ин луғатҳо аз ҳисоби сарвати забони модарӣ ва забонҳои дигар алалхусус забони русӣ (ба кор бурдани терминҳои русию интернасионалӣ) сохта шудаанд.

zabon

Бо масъалаҳои терминалогия дар СССР Комитети терминологияи илмию техникаи АФ СССР ва Госстандарти СССР, инчунин ташкилотҳои банлалхалқии СЭВ, ЮНЕСКО (INFOTERM) ва ғайра машғуланд. Дар Тоҷикистон танзими истилоҳсозӣ, таснифу тадвини луғатҳои терминологиро Камитети терминологии назди Президиуми Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон идора менамояд, ки соли 1960 бо ташаббуси С.         У. Умаров таъсис ёфтааст.

Адабиёт: Принципҳои асосии терминологияи забони тоҷикӣ, Душанбе, 1971: Турсунов А., Мулоҳизаҳо роҷеъ ба истилоҳ ва имлои тоҷикӣ, «Садои Шарқ», 1967, 6: Умаров С., Упорядочение терминологии — неотложная задача. «Коммунист Таджикнстана», 8 декабр 1960.

В.                                          Шарифов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …