Маълумоти охирин
Главная / Теги: Тиб (страница 29)

Теги: Тиб

Норӣ Ибодуллоҳ

Норӣ Ибодуллоҳ Муҳаммадсолеҳи Бухороӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), олими тиб, дорушиноси асри 19 тоҷик. Дар Бухоро таваллуд ёфта, дар Самарқанду Хоразм таҳсили илм кардааст. Аз асарҳои Норӣ танҳо «Маҷмӯаи Солеҳӣ» то замони мо расидааст. Асари мазкур масъалаҳои таснифу ташхис ва пешгирию муолиҷаи бемориҳо, тайёр кардану истифода бурдани доруҳои соддаю …

Муфассал »

Нигоҳдории тандурустӣ

1

Нигоҳдории тандурустӣ, маҷмӯи тадбирҳои давлатӣ, иқтисодӣ, тиббӣ ва ғайра, ки ҷамъият барои муҳофизати беҳдошту тандурустии аъзоёни худ меандешад. Характери Нигоҳдории тандурустӣ пеш аз ҳама, ба сохти иҷтимоию иқтисодии ҷамъият ва даълат вобаста аст. Мақсади Нигоҳдории тандурустӣ ҳам дар мамлакатҳои сотсиалистӣ ва ҳам дар мамлакатҳои капиталистӣ пешгирию муолиҷа кардани бемориҳо. таъмин …

Муфассал »

Нештар

1

Нештар, асбоби ҷарроҳии қади­ма, ки теғи дутарафаи тез дошт. Нештар барои буридани ҷои фасод, раги венозӣ ҳангоми хунсардиҳӣ ва барои черткунӣ истифода мешуд. Дар амалияи тибби муосир онро скалпел (навъи дигари нештар) иваз карда аст.

Муфассал »

Нефрология

0

Нефрология (аз юн. nephros — гурда ва …логия), як фасли илми тиб, ки физиологияи нормали ва па­тологии гурда ва муолиҷаю пешгирии бемориҳои онро меомӯзад. Бемориҳои гурда, аз қабили нефрит, нефроз, нефросклероз, пиелонефрит, амилоидоз, пефропатияи занони ҳомил ва ғайра аз бемориҳои бештар паҳншудаи узвҳои дарунӣ ба ҳисоб мераванд ва ба онҳо …

Муфассал »

Нейрохирургия

1

Нейрохирургия, илми клиникиест, ки назарияю амалияи ташхис ва бо роҳи ҷарроҳӣ табобат кардани бемориҳои системаи асабро меомӯзад. Нейрохирургия соҳаҳои зеринро дар бар ме­гирад: нейроонкология, нейротравматология, нейроангиология ва ғайра. Нейрохирургия чун илми мустақил дар аввали асри 20 ҷудо шуд. Аввалин ҷарроҳии ней­рохирургӣ — трепанасия (кушодани косахонаи сар)-и одам ҳанӯз дар асри …

Муфассал »

Наҷибуддини Самаркандӣ

Наҷибуддини Самаркандӣ Абӯҳомид Муҳаммад ибни Алӣ ибни Умар (соли таваллуд номаълум — вафот 1222), табиб ва олими форс-тоҷик. 8 асари илмиаш маълум буда, аз онҳо «Ағазият-ул- марзо» («Хӯроки беморон»), ки дар бораи парҳез, навъҳои таом ва хусусиятҳои шифобахшии онҳо баҳс мекунад ва «Ал-асбоб ва-л-аломот» («Сабабу аломатҳои беморӣ») дар байни табибони …

Муфассал »

Наркоз

1

Наркоз (аз юн. narkosis — беҳис шудан, карахтшавӣ), хоби бо роҳи сунъӣ барангехтаест, ки кас пурра ё қисман беҳуш гашта, дардро ҳис намекунад. Наркозро ҳангоми ҷарроҳӣ барои рафъи дард (анестезия) истифода мебаранд. Наркоз ингалятсионӣ, ғайриингалятсионӣ ва омехта мешавад. Хангоми  Наркози ингалятсионӣ эфир, хлороформ, хлорэтил, оксиди нитрогон (I), тсиклопропан, фторотан ва …

Муфассал »

Намлаи пилк

2

Намлаи пилк мурчадаваки  пилк, доначаест сурхи сӯзон, ки дар пилки чашм падид меояд ва андак варам карда паҳн мешавад.

Муфассал »

Намла

2

Намла (ар. — мӯрча), донаҳои ҷӯшишмонанде, ки дар бадан зоҳир мегарданд. Он бо хориш ва сӯзише, ки гуё мурча газида истода бошад, ҳис мешавад. Мавзеи он андак варам мекунад ва пӯсти атрофро сироят менамояд; бемор гӯё роҳ гаштани мурчаро ҳис мекунад.

Муфассал »