Маълумоти охирин
Главная / Теги: Таърих (страница 60)

Теги: Таърих

Оҳанги «Нахчиргон»

«Нахчиргон»  шикор, шикоргоҳ), 1) оҳанги маросимии қадимист. Яке аз оҳангҳои сигонаи Борбади Марвӣ. 2) Шӯъбаи созӣ дар «Ҳаштмақом». 3) Гушаи созӣ дар «Дувоздаҳмақом», ки дар шӯъбаҳои «Наҳованд» ва «Ҳумоюн» амал дошт.

Муфассал »

Нафс

1

Нафс (ар. —ҷон), дар таърихи илм ва фалсафа мафҳумест ба­рои ифодаи ҳаёт ва фаъолияти психикии инсон ва ҳайвону наботот; дар дин, фалсафа ва психологияи идеалистӣ мабдаи ҳаётбахш ва олати маърифат дониста мешавад, ки гӯё новобаста ба тан ва пеш аз он вуҷуд доштааст ва бо хости худо бо ҷисм пайваста …

Муфассал »

Натурализм

0

Натурализм (франсавӣ. naturalisme, аз лотинӣ nature — табиат), 1) дар фалсафа, назаре ба олам аст, ки мувофиқи он табиат принсипи ягона ва умумии шарҳи ҳамаи мавҷудот буда, зуҳуроти ғайритабиӣ ва «фавқуттабииро» истисно мекунад. Ба баъзе шаклҳои материализм (стихиявӣ, табиию илмӣ, механикӣ, вульгарӣ ва ғайра) ва ҷараёнҳои идеалистӣ хос аст. Дар …

Муфассал »

Натурализатсия

0

Натурализатсия ба граждани ё табааи давлатӣ қабул кардани шахсест, ки аз худи рузи таваллудаш граждан ё табааи давлати мазкур намебошад. Натурализатсия ба шахсоне дода мешавад, ки гражданӣ ва табааро на­дошта бошанд, аз як гражданӣ ва табаа ба гражданӣ ва табааи дигар гузаранд. Таркиби Натурализатсия тавассути қонунгузории ҳар давлат муайян карда …

Муфассал »

Насх

0

Насх (ар. нусхабардорӣ, рӯйнавискунӣ), як навъи хати арабист. Дар асри 9 ва аввали асри 10 аз хатҳои муҳаққақ ва сулс ба вуҷуд омадааст. Дар такмилн Насх хизмати Ибни Муқла ва бародараш Абдуллоҳ бузург аст. Насх аз ҷиҳати осонхонӣ дар байни тамоми навъҳои хати арабӣ дар ҷои аввал меистод. Баробари ба …

Муфассал »

Настурия

0

Настурия, як ҷараёни дину илоҳиёти насронист, ки дар асри 5 дар Ви­зантия ба вуҷуд омадааст. Асосгузори Настурия патриарх (битриқ)-и Қустантания (428—31) Несторий буд. Ба қавли Несторий, Марьям Исоро бо сурати одами зоидааст, вале баъд ӯ майлу шавқи одамиро бартараф кар­да, сифатҳои худоӣ пайдо намудааст. Аз ин рӯ, дар ниҳоди Исо …

Муфассал »

Наср Ибни Сайёр

Наср Ибни Сайёр (соли таваллуд ва вафот номаълум), яке аз ҳокимони араб дар вилояти Хуро­сон. Наср ибни Сайёр ҳокими Хуросон (738) таъин шуда, то соли 748 барои мустаҳкам намудани ҳокимияти Умавиён кӯшид. С-олҳои 738—741 дар музофотҳои миёноби дарёҳои Ому ва Зарафшон, дар Чоч (Тошкент), Фороб ва Фарғона ҷангида, медалҳои ба …

Муфассал »

Наср Ибни Аҳмад ибни Исмоил

Наср Ибни Аҳмад  ибни Исмоил (Насри II, соли таваллуд тахминан 906 — вафот 943), ҳокими давлати Со­мониён. Азбаски Наср ибни Аҳмад ҳанӯз ноболиғ буд, давлатро аз номи ӯ аввал вазир Абӯабдуллоҳи Ҷайҳонӣ, сони вазир Абулфазли Балъамӣ идора мекарданд. Дар ин давра барои тахту тоҷ дар байни аъзоёни сулолаи Со­мониён задухӯрдҳои …

Муфассал »

Наср Ибни Аҳмад

Наср Ибни Аҳмад Ибни Асади Сомонӣ (Насри I, соли таваллуд номаълум — вафот 893), саромади сулолаи Сомониён, ҳокими Самарқанд (864—892). Ӯ дар соҳили дарёи Нодир дар шаҳри Ҳайлам таваллуд ёфтааст. Халқи Бухоро бар зидди зулми Ху­сайн ибни Тоҳир (бародари ҳокими Хуросон — Муҳаммад ибни Тоҳир), ки соли 874 ба Бухоро …

Муфассал »

Мюллер Иоганнес Пе­тер

1

Мюллер (Muller) Иоганнес Пе­тер (14. 07. 1801, Коблентс —28. 04. •1858, Берлин), табиатшиноси немис, яке аз асосгузорони физиология» муоснр, а и атом ия и тсиёсй ва эмбри­ология. С. 1822 Уп-ти Бои яро хатм кардааст. Проффесор Университеттҳои Бонн (аз 1830) ва Берлин (аз 1833). Тадқиқоти ӯ ба омӯзиши системаи асаби марказӣ …

Муфассал »