Маълумоти охирин
Главная / Теги: Таърих (страница 6)

Теги: Таърих

ХОНИИ ХЎҚАНД

xonii-xeva-xukand

ХОНИИ ХЎҚАНД, давлати феодалиест, ки асрҳои 18—19 дар водии Фарғона (марказаш ш. Хўқанд) вуҷуд дошт. Намояндаи қабилаи минг Шоҳрух-бий (асосгузори Xонии Xўқанд) с. 1710 дар музофоти Хўқанд мулки на он қадар калон ба даст оварда, худро аз аморати Бухоро ҷудо ва соҳибихтиёр эълон кард. Набераи ў Ирдона-бий (ваф. 1774) дар …

Муфассал »

ХОНИИ ХЕВА

xonii-xeva-xukand

ХОНИИ ХЕВА, давлати феодалӣ  дар Осиёи Миёна, ки с. 1512 Элбарсхон (ҳукмр. 1511—38), писари Беркасултон аз авлоди Ҷўҷӣ  ташкил карда буд. Ба ин хонӣ  воҳаи қадимии зироаткории Хоразм, заминҳои туркманнишини Манқишлоқ дар маҳалли кўҳҳои Балхаш, Деҳистон ва қисми шимоли Хуросон дохил мешуданд. Аҳолии Xонии Xева. асосан авлодони сокинони қадимаи Хоразм, …

Муфассал »

ХОНГАЗА

 ХОНГАЗА, харобаи бошишгоҳи асрҳои 1—4, ки дар ҳудуди с-зи Бешкенти pаёни Шаҳртуз воқест. Хонгазаро солҳои 1958—59 бостоншинос А. М. Ман­дельштам таҳқиқ намуд. Хароба дар намуди ду теппаи хокӣ боқӣ мондааст. Масоҳати ҳар яке аз теппаҳо тақр. 1 га. Дар натиҷаи ҳафриёт маълум гардид, ки бошишгоҳ дар баландӣ бино ёфта будааст. …

Муфассал »

ХОНАШУМОР

nalog-doma

ХОНАШУМОР, хонапулӣ, ҳавлипулӣ, як навъ андозест, ки а. 19— ибт. а. 20 дар хониҳои Осиёи Миёна барои манзилу ҷой аз аҳолӣ меситониданд. Дар аморати Бухоро аз дар хонавода соле 15 тангаи тилло Xонашумор мегирифтанд. Дар хонии Хўқанд Xонашумор  20—40 тангаи нуқраро ташкил медод. Дар баъзе мавридҳо (ҳангоми ҷанг бо дигар …

Муфассал »

ХОН

xon

ХОН (аз туркӣ — қоон, хоқон — ҳоким), унвони ҳокимони халқҳои турк ва муғул. Дар ибтидо сардори қабила, баъдтар ҳокимони олиро Xон меномиданд. Дар аҳди Салҷуқиён ва Хоразмшоҳиён ҳокими вилоят ё шаҳр, дар Империяи феодалии муғул сардори улус Xон (ҳокими импе­рия Қоон) ном дошт. Ҳокимони Хониҳои Хева (1512—1920) ва Хўқанд …

Муфассал »

Димнаи ХОЛЧАЁН

 ХОЛЧАЁН, димнаи атиқии мансуб ба хазораи 1 то м. ва а. 3 м. дар раёни Деҳнави вил. Сурхондарёи РСС Узбекистон солҳои 1959—63 экспедицияи археологӣ ва санъатшииосии  иниститути санъатшиносии Ўзбекистон (бо роҳбарии Г.А.Пугаченко) кашф ва тадқиқ намудааст. Бозёфтҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар Холчаён асрҳои  4-3 то милод одамон маскун буданд, дар …

Муфассал »

ХОЛБӮТА

 ХОЛБӮТА (1880, деҳаи Муҷум, ҳозира раёни Ғончӣ —1923), қӯрбошии дастаҳои босмачиён, кн дар ҳудуди Тоҷикистон ба муқобили Хокимияти Советӣ мубориза бурдааст. Xолбӯта то ғалабаи Револютсияи Октябрь, сардори дастаи роҳзанони Уротеппа буд. Баъди барпо гардидани Ҳокимияти Советӣ дар раёнҳои шимоли Тоҷикистон бо фиреб ба органҳои маҳаллӣ роҳ ёфт ва чанд муддат …

Муфассал »

СЪЕЗДҲОИ КОЛХОЗЧИЁН

sezdhoi-kolxozchiyon

СЪЕЗДҲОИ КОЛХОЗЧИЁН, Съезди 1-уми умумииттифоқии колхозчиёни зарбдор 15—19 феврали соли 1934 дар Москва барпо гардид. Дар он 1513 вакил ҷамъ омад. Тамоми кори съезд таҳти шиори ба миёнгузоштаи партия — «Колхозҳо бояд болшевикӣ, колхозчиён осудаҳол гардонда шаванд» гузашт. Съезд ба сифати вазифаи аввалдараҷа аз ҷиҳати ташкилию хоҷагӣ мустаҳкам кардани колхозҳо, …

Муфассал »

СЪЕЗДИ ЛКСМ ТОҶИКИСТОН

sezd-lksm-tojikiston

СЪЕЗДИ ЛКСМ ТОҶИКИСТОН, органи олии ЛКСМ Тоҷикистон, дар чор сол камаш як бор гузаронида мешавад. Дар бораи даъвати съезд ва рӯзномаи он камаш яку ним моҳ пеш аз съезд эълон карда мешавад. Миқдори намояндагиро Комитети Марказии ЛКСМ таъин мекунад. Съезд ҳисоботҳои Комитети Маркази ЛКСМ ва Комиссияи марказии тафтишотро мешунавад ва …

Муфассал »

СЪЕЗДИ КПСС

27-sezd-kpss

СЪЕЗДИ КПСС, органи олии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ. Съездҳои навбатӣ мувофиқи Устави КПСС (соли 1961 Съезди 22-юм тасдиқ кард, соли 1966 дар Съезди 23- юм ва соли 1971 дар Съезди 24-ум, соли 1986 дар Съезди 27-ум тағйироти ҷузъӣ дохил карда шуд) аз тарафи Комитети Маркази КПСС ва камтар аз як …

Муфассал »