Маълумоти охирин
Главная / Теги: Таърих (страница 55)

Теги: Таърих

Обхона

0

Обхона 1) мустароҳ, мабраз, халоҷо; 2) хонаи сернам; 3) яке аз ҳабсхонаҳои аморати Бухоро; зиндони дарунии роҳрави арки Бухоро, ки бинои ниҳоят сернами торик ва бадбӯй буд. Аз бандиёни ба онҷо партофташуда (хусусан шахсони дар натиҷаи ҷазои сахт маҷрӯҳ ва ярадоршуда) ниҳоят каме ҷон ба саломат мебурданд. Адабиёт: Айнӣ Садриддин, …

Муфассал »

Обишир

0

Обишир, мағораҳоест дар давраи мезолит, ки дар маҷрои қадимаи дарёи Сӯх, соҳили рости сои Обишир. вилояти Фарғона воқеъ аст. Соли 1966 отряди археологии Институти таърих ва археологияи Академияи Фанҳои РСС Узбекистон дар Обишир хафриёт гузаронд. Мағораҳои 1 ва 5 ба ҳазораи 8 то милод тааллуқ доштаанд. Обишири 1—25,5 метр паҳноӣ, …

Муфассал »

Обираҳмат

0

Обираҳмат, мағораест дар давраи палеолит. Дар 100 километр шимоли шарқи Тошкент, дар қаторкӯҳи Кӯксу, боло­тар аз истироҳатгоҳи Обираҳмат ва посёлкаи Бурчимулло дар баландии 1250 метр аз соҳили баҳр воқеъ аст. Солҳои 1964—65 бостоншиноси ӯзбек Р. X. Сулаймонов тадқиқ намуд. Дар Обираҳмат 21 қабати таҳшини ғорӣ дар чуқурии 10 метр ошкор …

Муфассал »

Обикиик

0

Обикиик, қароргоҳест дар давраи мезолит, мансуби ҳазораи 8—7 то милод. Соли 1948 А. П. Окладников кашф ва соли 1964 бостоншинос В. А. Ранов тадқиқ намуд. Қароргоҳ байни дараи Даҳана ва водии Обикиик дар суфачаи 10—12 метр баландтар аз водӣ воқеъ аст. Як тарафи суфача ба адири қаторкӯҳи Даҳана мерасад. Қисми …

Муфассал »

Нӯҳ ибни Нарс

Нӯҳ ибни Нарс (Нӯҳи 1) (соли таваллуд номаълум — вафот 25.8.954), Шоҳи давлати Сомониён. Солҳои 943—954 ҳукм рондааст. Нӯҳ 10 апрели 943 дар натиҷаи сӯиқасди рӯҳониён ва сипоҳниён дарбор бар зидди падараш Наср ибни Аҳмад ба тахт нишаст. Нӯҳ ибни Нарс баробари ба сари ҳокимият омадан тарафдорони харакати қарматияро зери …

Муфассал »

Нӯҳ ибни Мансур

0

Нӯҳ ибни Мансур (Нӯҳи II) (соли таваллуд номаълум — вафот 23. 7. 997), шоҳи давлати Сомониён, дар синни 13 ба тахт нишастааст ва давлатро аз номи ӯ модараш ва баъдтар вазир Абдулҳусайни Утбӣ идора мекард. Солҳои 80 асри 10 баъди вафоти Утбӣ дар дохили давлат байни лашкаркашон Тош, Фоиқ, Абӯалии …

Муфассал »

Нукар

0

Нукар навкар  дар асрҳои миёна хизматчии ҳарбии феодалони калон, хон, шоҳ ё султон. Нукар аз ибтидои асрҳои миёна маъмул буда, дар ҳолати ҷанг пеш аз ҳама ҷанговар ва дар замони осоишта — посбон, муқарраб ҳисоб меёфт. Ба ива­зи хизмати Нукар аввалҳо хонаю ҷой, хӯрок, либос, яроқу аслиҳа ва сонитар қисми …

Муфассал »

Нӯгтез

0

Нӯгтез, олати сангин давраи па­леолит аст. Нӯгтезро аз саҳфаҳои секун­ҷа дар шакли кӯтоҳ ва паҳн тайёр мекарданд. Нӯги Нӯгтез одатан секунҷа буд. Нӯгтез ҳамчун корд барои коркарди чӯб, шикори ҳайвонот ва ғайра ис- тифода мешуд.

Муфассал »

Нуқтавия

0

Нуқтавия (ар. — аз нукта ҷараёни динии бидъатиест, ки соли 1398 дар Эрон аз тарафи Маҳму­ди Пасехонӣ (Гелонӣ) таъсис шудааст. Маҳмуди Пасехонӣ пайдоиш ва зухури ҳама чизро аз як нуқта (хок) медонист ва пайравони ӯ бо номи аҳли Нуқтавия маъмул гаштанд. Аҳли Нуқтавия  ба таносух бовар доранд. Ба ақидаи онҳо …

Муфассал »

Нуралӣ

Нуралӣ, қаҳрамони эпоси «Гӯрӯғлӣ», набераи Гӯрӯғлӣ, писари Аваз, модараш Қарақӯзи  баҳодур. Дар бораи таваллуд ва корномаҳои ӯ дар репертуари гурӯғлихонони тоҷик достонҳои зиёд вуҷуд до­ранд. Аз тифлӣ осори паҳлавонӣ дар симояш зоҳир мешавад. Дар яксолагӣ ғайраташ ба кӯдаки ҳафтсола баробар будааст. Нуралӣ ҷавони зебо, чобук, зираку зуровар буда, дар паҳлавонӣ …

Муфассал »