Маълумоти охирин
Главная / Теги: Таърих (страница 54)

Теги: Таърих

Оинаҳои Тасс

«Оинаҳои Тасс», плакатҳои агитасионии сиёсӣ, ки Агентии телег­рафии Иттифоқи Советӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) мебаровард. Расм ва матнҳои «Оинаҳои Тасс» ба ғалаба даъват намуда, шуҳрати корнамоиҳои одамони советиро нишон медоданд. қаҳрамониҳои гузаштаи халқҳои СССР-ро хотиррасон ва кирдорҳои истилогарони фашистиро бо қаҳру ғазаб маҳкум менамуданд. Дар баровардани «Оинаҳои Тасс» …

Муфассал »

Оинаи тоҷикта

«Оинаи тоҷикта», варақаи мусаввари ташвиқотист, ки солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Агентии те­леграфии Тоҷикистон («ТоҷикТА») нашр мекард. Дар он доир ба воқеаҳои муҳимтарини рӯз, қаҳрамонии аскарони советӣ дар фронт ва фидокории меҳнаткашон дар ақибгоқ нақл карда мешуд. Нашри «Оинаи тоҷикта» аз охири соли 1941 оғоз ёфт, ҳафтае як бор мебаромад ва …

Муфассал »

Озарбади Маҳраспандон

Озарбади  Маҳраспандон, Отурпати Маҳраспандон (ҷузъи аввали ин ном дар Авесто ба шакли «Атерепата», яъне нигаҳбони оташ омадааст. Ҷузъи дуввуми он аз «мантра»— сухан ва «спента” — муқаддас таркиб ёфтааст) (соли таваллуд ва вафот номаълум), мубадон мубад (нигаред мубад), рӯҳонии бузурги зардуштияи замони Сосониён. Зиндагӣ ва фаъолияташ дар давраи Шопури II …

Муфассал »

Одиссей

0

Одиссей (юнони лотинӣ Улисс), дар асотири Юнони Қадим шоҳи Итака, қаҳрамони асосии достони «Одис­сея» аст, ҳамчун иштирокчии Ҷанги Троя шуҳрат дорад. Одиссей маккор ва зирак буд. Саргузашти Одиссей дар асар­ҳои Гомер, Софокл, Еврипид ва дигар, инчунин санъати тасвирӣ (гулдони атиқа, нақшу нигори Помпей ва ғайра) инъикос ёфтааст.

Муфассал »

Одами неандерталӣ

01

Одами неандерталӣ, одамон и қадимтарин — палеоантропҳост, ки 200-—35 ҳазор сол пеш дар Европа, Осиё ва Африка вуҷуд доштанд ва танҳо устухонбандиашон боқӣ мондааст. Устухони Одами нендерталӣ дар хамаи давлатҳои Европа (ба ғайр аз Скан­динавия), Африка ва Осиё, дар СССР дар Кийикоба ва Тешиктош ёфт шудааст. Аз номи аввалин бозёфт …

Муфассал »

Одами гейделбеогирӣ

01

Одами гейделбеогирӣ, як намуди одами ҳафриётист. Антропологи немис О. Шётензак соли 1907 дар назди ш. Гейделберг (ҳудуди ҳозираи Республикаи Федератии Германия) дар чуқурии 24 метр ҷоғи поёни онро ёфт. Тақрибан 400 ҳазор сол то милод ву­ҷуд дошт. Ҷоғи поёнаш норасо ва манаҳ надорад, сохти дандонаш ба дандони одамони ҳозира монанд. …

Муфассал »

Хусусиятҳои биологии одам

0

Хусусиятҳои биологии одам. Ор­ганизми одам аз бисёр ҷиҳат ба организми ҳайвоноти мӯҳрадор ва махсусан ширхӯр монанд аст. Аз ҷумла чун ҳайвонҳои мӯҳрадор, асо­си скелета Одамро сутунмӯҳра ташкил медиҳад. Одам ду даст ва ду пой, сис­темаи сарбастаи дилу paг, системаи асаби найчагӣ дорад. Бадани Одам аз рӯи принсипҳои симметриям дутарафа сохта …

Муфассал »

Пайдоиши одам

0

Пайдоиши одам. Дар рӯи Замин Одам дар натиҷаи таҳаввули дуру да- рози таърихӣ пайдо шудааст (ннигаред Антропогенез). Одам чун фарди биоло­гӣ бо олами ҳайвонот, пеш аз ҳама бо қатори приматҳо, ки ба ҳайати онҳо ба сифати оилаи хоси гоминид дохил мешавад, робитаи зич дорад. Агар тадаввули олами зиндаро ба дарахте …

Муфассал »

Овариз

0

Овариз (саҳеҳаш а в а р и з), андози фавқулоддаест, ки аз деҳқонон ва косибон барои хароҳоти ҷанг ва ҷашнҳои дарбори шоҳ ситонида мешуд. Овариз дар Мовароуннаҳру Хуросон ҳанӯз то истилои муғул вуҷуд дошта, дар давраи ҳукмронии муғулҳо хеле авҷ гирифт. Дар замони давлатдории Темур ва Темуриён низ Овариз ситонида …

Муфассал »