«Пахтакор», газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Тоҷикистон ва Совети депутатҳои халқии pаёони Қумсангир. Аз соли 1938 бо тиражи 5700 нусха ҳафтае 3 маротиба ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ нашр мешавад. Аввал «Борьба за хлопок» ном дошт, аз № 1 (2217) 1 янв. 1960 «Бо роҳи коммунизм» номида шуд. …
Муфассал »Паустовский Константин
Паустовский Константин Георгиевич (31. 5. 1892, Москва —14. 7. 1968, ҳамон ҷо; оромгодҳаш дар шаҳри Тарусаи вилояти Карлуга), нависандаи советии рус. Аввалин ҳикояаш («Дар рӯи об») соли 1912 ба табъ расид. Дар Университети Киев хондааст (1911—13). Пас аз Револютсияи Октябр дар газетаҳо ва баъд дар РОСТА-ю ТАСС (1924—29) ҳамкорӣ кардааст. …
Муфассал »Паулюс Фридрих
Паулюс (Paulus) Фридрих (23. 9. 1890; Брейтенау, Гессен—1. 2. 1957, Дрезден), генерал-фелдмаршали немис-фашист (1943). Аз соли 1910 дар хизмати ҳарбӣ. Иштирокчии Ҷанги якуми ҷаҳон (1914—48). Солҳои 1935— 39 сардори штаби қушунҳои танкӣ. Солҳои Ҷанги дуюми ҷадон (1939— 1945) дар давраи истилои Полша сардори штаби армияи 4-ум, дар амалиёти муқобили Франсия …
Муфассал »Пастарик
Пастарик, деҳаест дар Совети посёлкаи Куйбишеви pайони Коммунистӣ, вилояти Қурғонтеппа. Территорияи Совхоз-техникуми ба номи В. В. Куйбишев. Аз Пастариқ то маркази Совети посёлка 10 километр, то район 15 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 475 нафар. (1981), асосан тоҷикон. Деҳа мактаби ибтидоӣ ва магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ пахта ва ғаллакорист. Заминҳо …
Муфассал »Партияи Коммунистии Италия
Партияи Коммунистии Италия (ПКИ), 21 январи 1921 дар съезди Ливорно аз тарафи гурӯҳҳои чапи револютсионии Партияи сотсиалистии Италия (ПСИ) ташкил карда шуд. То соли 1943 вай, ки сексияи италиявии Интернатсионали Коммунистӣ буд, Партияи Коммунистии Италия ном дошт. Дар солҳои аввали мавҷудияти Партияи Коммунистии Италия дар он ҷараёни сектантчигӣ (сардораш А. …
Муфассал »Партияи Коммунистии Исроил
Партияи Коммунистии Исроил (ПКИ), марти 1919 чун Партияи сотсиалистии коргарии Фаластин таъсис ёфт, аз соли 1921 Партияи Коммунистии Фаластин, аз соли 1948 (баъди ташкил шудани давлати Исроил) ПКИ номида мешавад. Солҳои 1921—42 партия дар пинҳонкорӣ буд. Партияи Коммунистии Исроил ПКИ ба муқобили империализм, сионизм ва реаксия, барои барҳам додани мутеъии …
Муфассал »Партияи Коммунистии Тоҷикистон
Партияи Коммунистии Тоҷикистон, яке аз отрядҳои ҷанговари Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС, ки роҳи пуршарафи мубориза ва ғалабаро тай кардааст. Аввалин гурӯҳҳои сотсиал-демократ дар районҳои Тоҷикистони Шимолӣ дар давраи Револютсияи якуми буржуазӣ-демократии рус (1905—07) ташкил ёфта буданд. Ташкилотҳои болшевикӣ дар охири 1917 ва ибтидои 1918 ба вуҷуд омаданд. Дар ташаккули …
Муфассал »Партияи Коммунистии Таиланд
Партияи Коммунистии Таиланд (ПКТ), аз гурӯҳҳои пинҳонкори марксистӣ дар Съезди 1-ум (1942), ки ғайрилегалӣ ҷамъ омада буд, барпо гардид. Партияи Коммунистии Таиланд ПКТ соли 1946 нахустин бор ба фаъолияти легалӣ имкон пайдо кард, аммо баъди табаддулот дар Таиланд (1947) маҷбур шуд ба пинҳонкорӣ гузарад. Ҳайата вакилони Партияи Коммунистии Таиланд ПКТ …
Муфассал »Партияи Коммунистии Сурия
Партияи Коммунистии Сурия (ПКС), соли 1924 таъсис ёфтааст. Съезди 1-уми Партияи Коммунистии Сурия ПКС соли 1930 барпо гардид. То соли 1958 (ба истиснои солҳои 1944—48) Партияи Коммунистии Сурия ПКС ташкилоти ягонаи коммунистони Сурия ва Лубнон буд. Солҳои 1948—58 Партияи Коммунистии Сурия ва Лубнон ном дошт. Партияи Коммунистии Сурия ПКС дар …
Муфассал »Партияи Коммунистии Судон
Партияи Коммунистии Судон (ПКС), соли 1946 таъсис ёфта, муддати дароз бо номи «Ҳаракати Судон барои озодии миллӣ» дар пинҳонкорӣ амал мекард. Съезди 3-юми Партияи Коммунистии Судон ПКС (1956) Программаи партияро («Роҳи Судон ба сӯи пойдоргардонии истиқлолият, демократия ва сулҳ) қабул кард. Партияи Коммунистии Судон ПКС мекӯшид, ки қувваҳои прогрессивии ватанпарвари …
Муфассал »