Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Исроил

Партияи Коммунистии Исроил

Партияи Коммунистии Исроил (ПКИ), марти 1919 чун Пар­тияи сотсиалистии коргарии Фаластин таъсис ёфт, аз соли 1921 Партияи Коммунистии Фаластин, аз соли 1948 (баъди ташкил шудани давлати Исроил) ПКИ номида мешавад. Солҳои 1921—42 партия дар пинҳонкорӣ буд. Партияи Коммунистии Исроил ПКИ ба муқобили империализм, си­онизм ва реаксия, барои барҳам до­дани мутеъии сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат ба штатҳои Муттаҳидаи Америка ва дигар давлатҳои империалистӣ, барои манфиатҳои куллии меҳнаткашон — яҳудиён ва арабҳо барои тараққиёти Исроил бо роҳи сулҳ, демократия ва прог­ресс, барои дӯстии байни халқҳо собитқадамона мубориза мебарад.

Партияи Коммунистии Исроил ПКИ барои барқароркунии сулҳи пойдор ва одилона дар Шарқи Наздик дар асоси аз заминҳои ишғолшудаи араб баровардани қушунҳои Исроил ва пурра татбиқ намудани резолютсияи Совети Амният аз 22 ноябри 1967 ва дигар резолютсияҳои ТДМ қатъиян ва устуворона мубориза меба­рад. Съезди 18-уми Партияи Коммунистии Исроил ПКИ (декабри 1976) ба ташкил кардани фронти васеи де­мократии зиддиимпериалистӣ, ба муттаҳидшавӣ дар муборизаи зидди сионизм ва гузаронидани ислоҳоти васеи демократӣ даъват намуд; нақшаи барқароркунии сулҳи одилона ва умумиро дар Шарқи Наздик қа­бул кард.

Ҳайатҳои вакилони Партияи Коммунистии Исроил ПКИ дар Маҷлисҳои машваратии байналхалқии партияҳои коммунистӣ ва коргарӣ (1957, 1960, 1969, Москва) иштирок карданд. Партияи Коммунистии Исроил ПКИ хуҷҷатҳои дар ин маҷлисҳо қабулшударо маъқул донист. Котиби генерали Комитети Марказии Партияи Коммунистии Исроил М. Вильнер.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …