Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Тоҷикистон

Партияи Коммунистии Тоҷикистон

Партияи Коммунистии Тоҷикистон, яке аз отрядҳои ҷанговари Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС, ки роҳи пуршарафи мубориза ва ғалабаро тай кардааст.

Аввалин гурӯҳҳои сотсиал-демократ дар районҳои Тоҷикистони Шимолӣ дар давраи Револютсияи  якуми буржуазӣ-демократии рус (1905—07) ташкил ёфта буданд. Ташкилотҳои болшевикӣ дар охири 1917 ва ибтидои 1918 ба вуҷуд омаданд. Дар ташаккули ғоявию ташкилии онҳо болшевиков Б. А. Иваниский, Д. Т. Деканов, Ч- Зокиров, X,. Усмонов, Р. Эгамдбердиев ва дигар фаъолона иштирок карданд. Баҳори 1918 дар Тоҷикистони Шимолӣ 7 ташкилоти болшевикӣ амал мекарданд, ки онҳо бештар аз 170 коммунист ва 30 хайрхоҳро дарбар меги-рифтанд. 17 июни 1918 дар Съезди 1-ум Партияи Коммунистии Туркистон (Тошкент) ташкил ёфт ва ташкилотҳои болшевикии районҳои Тоҷикистони Шимолӣ ба ҳайати он .дохил шуданд. Декабри 1918 дар Хуҷанд Съезди 1-уми уездии партия (мувофиқи Устави партия Конференсия) барпо гардид.

Съезд зери шиори мустаҳкам намудани Советҳо аз унсурони контрреволютсионӣ тоза кардани онҳо гузашт. Дар кори барпо ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ дар Помир Комиссияи ҳарбию сиёсӣ, ки КИМ Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Туркистон соли 1921 бо роҳбарии Т. М. Дяков, Ш. Шоҳтемур ба Помир фиристода буд ва инчунин ташкилоти партиявии отряди сарҳадӣ роли калон бозиданд. То соли 1924 дар ин ҷо зиёда аз 20 нафар намояндагони меҳнаткашони миллатҳои маҳаллӣ ба партия қабул карда шуданд. Бюрои партиявии Помир 28 октябри 4924 қарор дод аз ҷумлаи коммунистони маҳаллӣ ячейкаҳои алоҳидаи номзадӣ ташкил намояд. Ячейкаҳои номзадӣ ба ҳайата Комитети Марказии  Партияи Коммунистии  Туркистон дохил мешуданд. Ташкилотҳои болшевикии муҳоҷирони Когон, Чорнуй, Каркӣ, Тирмиз, ки охири 1917 аввали 1918 ташкил ёфта буданд, дар байни аҳолии маҳаллӣ кори сиёсӣ мебурданд.

Ноябри 1918 гурӯҳи коммунистон ва ҷавонбухороиёни револютсионер, ки аз Бухоро ба Тошкент мухоҷират карда буданд, бо роҳбарии Г. Полтораский ва Н. Хусейнов Съезди 1-уми партияро даъват намуд, ки он ташкил ёфтани Партияи Коммунистии  Бухороро аз ҷиҳати ташкилӣ  ба расмият даровард. Съезди 4-уми Партияи Коммунистии Бухоро, ки августи 1920 дар Чорчуй барпо гардид (Съезди 2-юм — июни 1919 ва 3-юм—декабри 1919), аз зулму истибдоди аморат норозӣ будани оммаи меҳнаткашро ба назар гирифта, қарор намуд, ки дар Бухоро шӯриши мусаллаҳона сар карда шавад, 2 сентябри 1920 оммаи меҳнаткаши Бухоро бо рохбарии’ Партияи Коммунистии Бухоро ва дастгирии пролетариати Россия аморати Бухороро сарнагун карда, Республикаи Халқии Советии Бухоро (РХСБ)-ро ташкил намуд. Феврал— апрели 1921 дар Бухорои Шарқӣ (ҳоло Тоҷикистони Марказӣ ва ҷанубӣ) Ҳокимияти Советӣ барпо шуд. Дар баробари ташкил ёфтани органҳои маҳаллии Ҳокимияти Советӣ дар Бухорои Шарқӣ ташкилотҳои партиявӣ низ таъсис ёфтанд.

Барои роҳбарӣ ба фаъолияти онҳо марти 1921 Комитети Марказии Партияи Коммунистии Бухоро Бюрои марказии ташкилӣ (БМТ) таъсис дод, ки он ба ташкил кардани органҳои партиявӣ дар маҳалҳо ва роҳбарӣ ба фаъолияти органҳои партиявию советӣ ваколатдор буд. 18 июни 1923 Комитети Марказии Партияи Коммунистии Бухоро дар хусуси таъсис додани Бюрои ташкилии Комитети Марказии Партияи Коммунистии Бухоро дар Бухорои Шарқӣ қарор қабул кард, ки он то ташкил ёфтани Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон ва ташкилоти партиявии республика амал мекард.

Бюрои Сиёсии Комитети Марказии  РКП (б) ба муносибати тақсимоти ҳудуди  миллӣ дар Осиёи Миёна 12 июни 1924 қарор кард, ки партияҳои коммунистии Туркистон ва Бухоро мувофиқи аломатҳои тақсимоти миллӣ тағйир дода шаванд. Дар натиҷа Партияи Коммунистии Ӯзбекистон, Партияи Коммунистии Туркменистон, ташкилотҳои партиявии вилоятии Кирғизистон ва Тоҷикистон таъсис ёфтанд. Дар мачлиси Бюрои Сиёсии Комитети Маркази РКП (б) 11 октябр 1924 қарор қабул карда шуд, ки Ташкилоти партиявии вилоятии Тоҷикистон ба РКП (б) ба воситаи Партияи Коммунистии (б) Ӯзбекистон дохил шавад (зеро Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Республикаи Советии Сотсиалистии  Ӯзбекистон  буд). 6 декабри 1924 ор-гани роҳбарикунандаи муваққатии партиявии республика — Бюрои ташкилии Партияи Коммунистии  (б) Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ташкил ёфт.

Котиботи масъули Бюрои ташкилӣ Ҷ. Имомов ва С. М. Соколов тасдиқ шуданд. 5 феврали 1925 дар Душанбе маҷлиси якҷояи Бюрои ташкилии Партияи Коммунистии (б) Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ва Бюрои ташкилии Партияи Коммунистии Бухоро дар Бухорои Шарқӣ барпо гардид. Маҷлис дар бораи катъ гардидани фаъолияти Бюрои ташкилии Партияи Коммунистии Бухоро дар Бухорои Шарқӣ ва Комитети Иттиҳоди Марказии Бухорои Шарқӣ қарор қабул кард.

Ташкилоти партиявии Тоҷикистон он вақт ташкилотҳои камшумор ва камтаҷрибаро дарбар мегирифт. Яинвари 1925 дар ташкилотҳои партиявии Уротеппва ва Панҷакент 259, дар ташкилоти партиявии Бухорои шарқӣ 113 ва ташкилоти партиявии Помир 24 нафар коммунистон буданд. Органи олии партиявии республика пленуми Бюрои ташкилӣ ҳисоб меёфт. Дар давраи байни пленумҳо ба ташкилоти партиявӣ Комиссияи иҷроия рохбарӣ мекард. Комиссияи иҷроия масъалаҳоеро дида мебаромад, ки Котибот, коллегияи ташкилӣ, коллегияи агитасияи) пропагандӣ ва дигар ба миён мегузоштанд. Дар назди Бюрои ташкилӣ шуъбаҳои ташкилӣ-партиявӣ, агитатсионию пропа-гандистӣ, занон ва комиссияи қабулкунӣ ба партия, комиссияи оид ба кори деҳот, комиссияи оид ба масъалаҳои кооператсия ва ғайра мавҷуд буданд.

Бюрои ташкилӣ мувофиқи тақсимоти маъмурии республика сохти органҳои партиявиро дигар кард, аппарати партиявиро тағйир дод ва дар баъзе мавридҳо аз нав сохт. Комитетҳои партиявии районҳои Ӯротеппа ва Панҷакент ба комитетҳои вилоятии (округии) партия табдил дода шуданд. Ба ин комитетҳои партиявӣ то декабри 1926 бевосита Комитети Марказии Партияи Коммунистии (б) Ӯзбекистон роҳбарӣ мекард. Маи 1925 комитети партиявии райони Душанбе ташкил карда шуд. Охири 1925 баробари ба вилояти Ҳисор табдил ёфтани вилояти Душанбе ҷои Комитети Партиявии вилоят Ҳисор қарор гирифт, дар Душанбе бошад, Комитети партиявии шаҳр ташкил карда шуд. Бо роҳбарии ташкилоти партиявии республика ташкилотҳои оммавии меҳнаткашон — Иттифоқи «Куш чӣ» (Иттифоқи ҷуфтгарӣ), иттифоқҳои касаба, комсомол таъсис ёфтанд.

Дар ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои давлатӣ фраксияҳои коммунистӣ ба вуҷуд омаданд, ки Бюрои ташкилӣ ва органҳои партиявии маҳаллӣ ба воситаи онҳо роҳбарӣ мекарданд.

Ячейкаҳои партиявӣ аз рӯи аломати территориявӣ ташкил карда шуда буданд. Ячейкаҳои деҳот коммунистони якчанд қишлоқро муттаҳид мекарданд. То ноябри 1925 дар ташкилоти партиявӣ ҳамагӣ 525 нафар коммунистон буданд, ки 31 ячейкаи  партиявӣ, 12 ячейкаи шаҳрӣ за 19 ячейкаи деҳотро ташкил медоданд.

Ноябри 1925 дар Душанбе пленуми 1-ми васеи Бюрои ташкилии Партияи Коммунистии (б) Ӯзбекистон дар Тоҷикистои барпо гардид, ки он ҳисоботи Бюрои ташкилӣ, маърӯзадоро дар бораи сохтмони советӣ ва хоҷагӣ дар республика, дар бораи инкишофи маорифи халқ, ташкил намудани ҷисмҳои Ҳарбии миллӣ ва ғайра муҳокима кард. Пленум қарор кард, ки бо маҷсади пурра барҳам додани босмачигӣ ва таъмин намудани ҳаёти осоишта дар ҳудуди республика бетарафии як қисми боён ва руҳониён истнфода карда шавад. Советҳо аз унсуро- ни душман тоза ва ба кори онҳо намояндагони меҳнаткашон бештар ҷалб карда шаванд.

Дар съезди 2-юми Партияи Коммунистии (б) Ӯзбекистон (ноябри 1925) вакилони ташкилоти партиявии Тоҷикистон мавқеи «Гурӯҳи 18»-ро қатъиян маҳкум карданд, ки он ба ислоҳоти замин  зид баромада, миллатчигии маҳаллии буржуазиро тарафдорӣ менамуд.

Бюрой ташкилӣ бо мақсади барҳам додани оқибатаҳои қаҳтии соли 1925, ки душманони синфӣ барои пурзӯр кардани босмачигӣ истифода карданӣ буданд, тамоми қуввҳои партиявӣ ва захираҳои республикаро сафарбар намуд. Комитети Иҷроияи Марказии СССР ба тариқӣ ёрӣ барои Тоҷикистон илова ба маблағи бюҷетӣ бештар аз 980 ҳазор сум, кариб 200 ҳазор пуд ғалла ва қариб 55 ҳазор пуд тухмӣ ҷудо кард.

Ноябри 1926 пленуми 2-юми васеи Бюрои ташкилӣ ҷамъ омад. Дар давраи байни пленумҳо сафи аъзоёни ташкилоти партиявии Тоҷикистон афзуд ва худи ташкилот аз ҷиҳати ғоявию сиёсӣ мустаҳкам гардид. Ташкилоти партиявӣ дар сафҳои худ 864 нафар коммунистонро (421 аъзо ва 443 номзад ба аъзоии партия) муттаҳид менамуд. 23,3%’ коммунис­тонро коргарон ва батракон, 43,7%- ро деҳқонон, 33%-ро хизматчиён ва дигар ташкил медоданд. Пленум натиҷаҳои фаъолияти ташкилӣ ва хоҷагию сиёсии Бюрои ташкилиро дар соли 1926 ҷамъбаст намуд ва вазифа­ҳои асосии сохтмони партиявиро дар республика — вусъат додани кори дохилипартиявӣ, ба тартиб даровардани афзоиши сафи партия ва ҳайати иҷтимоии ташкилоти партиявӣ, пурзӯр кардани кори идеологиро муайян намуд.

Мувофиқи маълумоти барӯйхаттирии партиявӣ, ки соли 1927 дар Тоҷикистон гузаронда шуд, октябри ҳамон сол ташкилоти партиявии республика1147 нафар коммунистонро (614 аъзо ва 533 номзад ба аъзоии партия) дар бар мегирифт, ки 69,6% онҳо коммунистони миллатҳои маҳаллӣ буданд. 21—27 октябр 1927 дар Душанбе Конференсияи 1- уми партиявии вилоятии Тоҷикистон барпо гардид, ки он фаъолияти 3- солаи ташкилоти партиявиро ҷамъбаст намуда, аз ҷиҳати ғоявию сиёсӣ ва ташкилӣ мустаҳкам шудани онро бо қаноатмандӣ қайд намуд. Конференсия иродаи ҳамаи коммунистони республикаро ифода наму­да, роҳи сиёсии Комитети Марказии ВКП (б)-фо якдилона маъқул донист, блоки зиддипартиявии троскичиёну зиновёвчиёнро қатъиян маҳкум кард.

Конфе­ренсия дастури қатъӣ дод, ки дар деҳот аз ҷумлаи кашбағалон ва бат­ракон такягоҳи мустаҳками партия ба вуҷуд оварда шавад. Ба ҷои Бю­рои ташкилӣ Комитетӣ партиявии вилоятии Тоҷикистон интихоб карда шуд. Бояд қайд кард, ки муборизаи тӯлонии зидди босмачиён тараққиёти Тоҷикистонро нисбат ба тамоми мамлакат хеле боздошт. Дар даврае, ки ВКП (б) умуман барои индустронии мамлакат мубориза бурда, роҳи коллективонидани хоҷагии қишлоқро пеш гирифта буд, ташкилоти пар­тиявии Тоҷикистон масъалаҳои барқарор намудани хоҷагии халқро, ки дар давраи муборизаи зидди босмачиён хароб гардида буд, ҳал мекард.

3—10 февр. 1929 дар Душанбе Кон­ференсияи 2-юми партиявии вилоятии Тоҷикистон барпо гардид. Кон­ференсия ба фаъолияти Комитети вилоятии партия баҳои мусбат дод. Дар қарорҳои конференсия натиҷаҳои барқарор намудани хоҷагии халқ ҷамъбаст ва вазифаҳои азнавсозии сотсиалистии республика муайян карда шуданд. Конференсия лоиҳаи плани панҷсолаи 1-уми та­раққиёти хоҷагии халқи республикаро муҳокима намуд ва ҳайата нави Комитети партиявии вилоятии Тоҷи­кистонро интихоб кард. Дар натиҷаи ба Тоҷикистон ҳамроҳ карда шуда­ни округи Хуҷанд (25 августи 1929) ба ташкилоти партиявии вилоятии Тоҷикистон ташкилоти партиявии ок­руги Хуҷанд (1572 коммунист, аз ҷумла 757 аъзо ва 815 номзад ба аъзоии партия) ҳамроҳ гардид.

Шумораи аъзоёни ташкилоти партия­вии Тоҷикистон дучанд афзуд. Съез­ди 3-юми фвқулодаи Советҳои рес­публика (октябри 1929) Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии  Тоҷикис­тонро ба Республикаи Советии Со­тсиалистӣ табдил дод. Ба ин муносибат ташкилоти партиявии вилоятии Тоҷикистон Партияи Коммунистии (болшевикони) Тоҷикистон (25 но­ябри 1929) ном гирифт. Дар ин давра ташкилоти партиявии Тоҷикистон 3848 нафар коммунистонро (1939 аъзо ва 1909 номзад ба аъзоии партия) муттаҳид мекард. Партияи Коммунистии (б) Тоҷикис­тон роҳи генералии Комитети Марказии ВКП (б)-ро ба амал бароварда, дар сохтмони со­тсиализм дар республика ба меҳнаткашон роҳбарӣ менамуд.

6—15 июни 1930 дар Душанбе Съезди 1-уми муассисони Партияи Коммунистии (большевиков)-и То­ҷикистон барпо гардид. Дар съезд 288 нафар вакилон иштирок доштанд. Аз давраи Конференсияи 2-юми ви­лоятии партиявии Тоҷикистои то Съезди муассисон сафи ташкилоти партиявии республика 2,5 маротиба афзуда, 5358 нафар коммунистонро муттаҳид мекард. Съезд маърӯзаҳои Ҳисоботии Комитети Марказӣ ва Комиссияи тафтишоти Партияи Коммунистии (б) Тоҷикистон, маърӯзаҳои оид ба сохтмони саноатӣ ва колхозӣ, оид ба иттифоқҳои касаба ва маорифро шунид ва муҳокима намуд. Съезд натиҷаҳои кори ташкилоти партиявии республикаро дар давраи баъди Конференсияи 2-юми вилоятии партиявии Тоҷикистон ҷамъбаст намуд ва вазифаҳои сохтмони сотсиалистиро дар республика муайян кард.

Съезд ба масъалаи тараққӣ додани саноати вазнин  (сӯзишворӣ, металлҳои ранга ва ғайра) диққати ҷиддӣ дод, «Дар бораи сохтмони колхозӣ» резолютсия қабул намуд ва чораҳои инкишоф додани маданиятро пешбинӣ кард Съезди 1-уми муассисони Партияи Коммунистии (б) Тоҷикистон гаъсис ёфтани Партияи Коммунистии (б) Тоҷикистонро аз ҷиҳати ташкилӣ ба расмият даровард, Комитети Марказии ПК (б) Тоҷикис­тон ва Комиссияи марказии назорати Партияи Коммунистии (б) Тоҷикистонро интихоб намуд. Дар пленуми Комитети Марказии Партияи Коммунистии(б) Тоҷикистон, ки баъди съезд ҷамъ омад, М. Д. Ху­сейнов котиби якум, III. Шохтемур котиби дуюми Комитети Марказии интихоб карда шуданд. Дар ин давра Партияи Коммунистии (б) Тоҷикистон аз 7 ташкилоти партиявии округӣ (Сталинобод, Ғарм, Кӯлоб, Қурғонтеппа, Ӯротеппа, Панҷакент, Хуҷанд), ташкилоти партиявии Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, 2 комитети шаҳрӣ ва 9 комитети районии партия, 183 ячейкаи партиявӣ ва 39 гурӯҳи номзадӣ иборат буд. Ҷиҳати хоси Партияи Коммунистии (б) Тоҷикистон дар ин давра ҳамин буд, ки ядрои коргарии сафҳои он калон набуда, аксариятро деҳқонон ва хизматчиёи ташкил медоданд. Қариб нисфи ҳайати он аз номзадҳо ба аъзоии ВКП (б) иборат буд. Соли 1930 дар Тоҷикистон ба ҷои округҳо районҳои маъмурӣ (ғайр аз Помир, ки дар он 40 шакли пештараи волости боқӣ монд) ташкил карда шуданд. Ин им- коният дод, ки аппарати партиявӣ ва давлатӣ ба омма наздик карда шуда, роҳбарии партиявӣ ба маъракаҳои сиёсӣ ва хоҷагӣ беҳтар гардад.

Афзоиши сафи Партияи Коммунистии (б) Тоҷикистон ва чорабиниҳои мустаҳкамкунии он имконият доданд. ки соли 1932 қариб дар ҳамаи районҳои рес­публика ташкилотҳои партиявӣ бо сарварии комитетҳои районии пар­тия (ба ҷои собиқ ташкилотчиёни партиявӣ ва бюроҳои партиявӣ) бар­по карда шаванд. Дар охири панҷсо­лаи 1-ум дар Тоҷикистон 35 комите­ти районии партиявии қишлоқ мавҷуд буд. Мувофиқи нишондоди Комитети Марказии ВКП (б) соли 1930 дар комитетҳои мар­казии партияҳои коммунистии республикаҳои иттифоқӣ, комитетҳои округӣ ва вилоятии партия доир ба ҳар соҳаи конкретии хоҷагии халқ ва маданият шуъба ва секторҳо ташкил карда шуданд. Аппарат Комитети Марказии Партияи Коммунистии (б) Тоҷикистон баъди дигаргунсозӣ на 5 шуъба иборат буд: умумӣ, ташкилию инструкторӣ, ҷобаҷогузории кадрҳо, агитасия ва маъракаҳои оммавӣ, маданият ва пропаганда.

Дар солҳои панҷсолаи 1-ум дар иқтисодиёт ва ҳайати иҷтимоии аҳо­лии Тоҷикистон тағйироти ҷиддӣ ба амал омад. Дар рафти индустронии мамлакат синфи коргар ташаккул ёфт ва афзуд. Коллективонии хоҷагии  қишлоқ ба амал бароварда мешуд. Синфи коргар ва деҳқонони колхозӣ манбаи боэътимоди афзоиши минбаъдаи сафҳои Партияи Коммунистии (б) Тоҷикистон буданд. Танҳо дар ду соли баъди Съезди 1- уми Партияи Коммунистии (б) Тоҷикистон шумораи коммунистони республика се баробар афзуд. То 1 январи 1933 дар саф­ҳои ташкилоти партиявии республи­ка 11329 нафар коммунистон, аз ҷумла 1378 нафар занон буданд. Аз ҷиҳати ҳайати иҷтимоӣ коргарон 30,8%, деҳқонон 47,2%, хизматчиён 12,7% ва дигар 9,3% -ро ташкил медоданд.

Миқдори ташкилотҳои партиявӣ зиёд шуд. Дар аввали соли 1933 дар респуб­лика 502 ташкилоти ибтидоии пар­тиявӣ ва 181 гурӯҳи номзадӣ буданд. Ин имконият медод, ки ташкилот­ҳои партиявии деҳот аз рӯи нишонаи территориявию истеҳсолӣ тадри- ҷан аз нав сохта шаванл. Афзоиши босуръати сафҳои ташкилоти партиявии республика (асосан аз ҳисоби деҳқонон) беҳтар кардани кори дохилипартиявӣ ва тарбиявӣ, маҳви бесаводиро дар байни коммунистон талаб мекард. Соли хониши 1930/31 аз 18 райони республика 1700 нафар коммунистон ва 1100 нафар комсомо- лон бо шаклҳои гуногуни омӯзиши сиёсӣ фаро гирифта шуда буданд. Дар охири соли 1932 дар республика 8 мактаби советию партиявӣ кор ме­кард.

Аз ҷиҳати ташкилӣ ва ғоявию си­ёсӣ мустаҳкам гардидани Партияи Коммунистии республика роли роҳбаронаи онро дар тамоми соҳаҳои сохтмони сотсиалистӣ беш аз пеш баланд бардошт. Меҳнаткашон бо роҳбарии ташкилоти партиявии рес­публика плани панҷсолаи 1-умро бомуваффақият иҷро карданд.

7—14 январи 1934 Съезди 2-юми Партияи Коммунистии (болшевикон)-и Тоҷикистон барпо гардид. Съезд про­граммаи васеи тараққиёти хоҷагии халқи республикаро барои панҷсо­лаи 2-юм пешбинӣ кард. Съезд дар соҳаи саноат вазифа гузошт, ки иқтидори корхонаҳои мавҷуда пурра ба кор андохта, сохтмони ГЭС-и Варзоб ва истифодаи кони Қаромазор тезонида, чораҳои истифодаи саноа- тии сарватҳои зернзаминии Тоҷикис­тон андешида шаванл. Дар соҳаи хоҷагии қишлоқ вазифа гузошта шуд, ки мубориза барои афзун гардондани ҳосилнокии навъҳои зироат, махсусан пахта пурзӯр карда шавад. Съезд ба сохтмони маданӣ дар республика диққати ҷиддӣ дод. Дар ин даври дар республи­ка 527 ташкилоти ибтидоии партия­вӣ ва 292 гурӯҳи номзадӣ буданд, ки онҳо 10.489 нафар коммунистон, аз чумла 1111 нафар занонро муттаҳид мекарданд.

Бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи қобилиятнокӣ ва муттаҳидии сафҳои партия аз май 1934 дар республикаҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла дар Тоҷикистон, аз унсурони бегона тозакунии ташкилотҳои партиявӣ сар шуд. Қабул ба партия муваққатан қатъ гардид. Дар натиҷа бисёр унсурони тасодуфӣ ва бего- на аз партия хориҷ карда шуданд, ки ин дараҷаи қобилиятнокии таш­килоти партиявии республикаро ба­ланд бардошт. 4042 нафар коммунистон ҳуҷҷати нави партиявӣ гирифтанд. Кори хоҷагидории партиявӣ ба тартиб дароварда шуд. Аз сентябри 1936 қабул ба партия аз нав ба роҳ монда шуд. Вале вайронкуниҳои ҷиддии қонунияти сотсиалистӣ ва нормаҳои ленинии ҳаёти партиявию давлатӣ, ки дар давраи шахспарастӣ содир шуданд, аз партия гурӯҳ-гурӯҳ хориҷ кардани коммунистон, ҷазодиҳиҳои беасос ба кадрҳои роҳбарикунандаи партиявӣ ва советӣ ба ташкилоти партиявии республика зарари калон расонданд.

Шумораи аъзоёни партия нисбат ба ибтидои соли 1933 3 баробар кам шуд. Аммо таш­килоти партиявии республика, қатъи назар аз душвориҳои ҷиддӣ, фаъолияти сиёсӣ ва меҳнатии меҳнаткашонро баланд бардошт ва онҳоро ба иҷрои супоришҳои плани панҷсолаи 2- юм сафарбар намуд. Дар солҳои панҷсолаи 2-юм дар республика кори навсозии техникии хоҷагии халқ ва ба роҳи тараққии коллективонаи сотсиалистӣ гузарондани хоҷагиҳои майдаи деҳқонӣ асосан ба анҷом ра­сонда шуд. Дар гузаронидани револютсияи маданӣ ва ташаккули интеллигенсияи советии тоҷик муваффаққиятҳои калон ба даст омаданд. Халқи тоҷик таҳти роҳбарии ташкилоти партиявии республика ба миллати сотсиа- листӣ табдил ёфта, давлатӣ худро мустаҳкам намуд. Дар Тоҷикистон, чун дар тамоми мамлакат, сотсиа­лизм асосан ғалаба кард. Халқи тоҷик ба шарофати ғамхории доимии Комитети Марказии ВКП(б) ва Ҳукумати Иттифоқ мисли дигар халқҳои Осиёи Миёна давраи капитализмро аз сар нагузаронда, бевосита ба сотсиализм гузашт.

Ғалабаи сотсиализм дар Тоҷикис­тон дар Конститутсияи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки марти 1937 дар асоси Констнтутсияи СССР (соли 1936) қабул карда шуда буд, ба ҳукми қонун дароварда шуд.

Дигаргуниҳои куллие, ки дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва сохти синфии ҷамъияти советӣ ба туфайли ғалабаи сотсиализм ба амал омаданд, боиси тағйир ёфтани ҳайати иҷтимоии ташкилоти партиявии Тоҷикитон гардиданд. Дар натиҷа дар саф­ҳои партия коргарон нисбат ба деҳқонон аксариятро ташкил доданд. Дар охири декабри аз 4715 нафар коммунистони республика 1998 нафарашон коргарон, 1783 нафарашон деҳқонон 934 нафарашон хизматчиён ва дигар буданд. Ҷиҳати дигари хоси ҳаёти ташкилоти партиявии республика ин буд, ки шумораи номзадҳо ба аъзоии партия нисбат ба аъзоёни ВКП (б) хеле кам шуд. Дар байни коммунистон ва фаъолони бепартиявӣ бесаводи асосан маҳв карда шуд.

Августи 1937 Съезди 3-юми Партиям Коммунистии (болшевикон)-и То­ҷикистон барпо гардид, ки он муваффақиятҳои калони дар сохтмони со- тсиалистӣ ба дастовардаи халқи то­ҷикро қайд намуда, вазифаҳои тараққиёти минбаъдаи иқтисодиёт ва маданияти республикаро муайян на­муд. То январи 1938 дар республика 361 ташкилоти ибтидоии партиявӣ ва 132 гурӯҳи номзадӣ вуҷуд доштанд. Дар республика 1 комитети вилоятӣ, 2 комитети шаҳрӣ ва 64 комитети районии партия амал мекарданд. Дар қарори Комитети Марказии ВКП (б) ва Ҳукумати Советӣ аз 11 апрели 1938 “Дар бораи чорабнииҳои оид ба инкишофи сохтмони хоҷагӣ ва маданию маишӣ дар Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон* программаи васеи сохтмони иқтисодӣ ва маданӣ дар республика пешбинӣ карда шуд ва он асоси плани панҷсолаи 3-юм гардид.

7—14 июни 1938 Съезди 4-уми Партияи Коммунистии (болшевикон) -и Тоҷикистон барпо гардид. Съезд қайд намуд, ки бо ёрии Комитети Марказии ВКП (б), Ҳукумати СССР ва ҳамаи халқҳои мамлакатамон масъалаи барҳам додани нобаробарии ҳақиқии халқи тоҷик бомуваффақият ҳал шуд. Соли 1937 даф Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон нисбат ба 1913 116 маротиба зиёдтар маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд. Зироати сотсиалистӣ ба муваффақиятҳои калон ноил гардид. Колхозҳо 92%-и ҳамаи хоҷагиҳои деҳқониро муттаҳтид менамуданд.

Дар вазъияти болоравии бузурги меҳнатӣ ва сиёсӣ дар арафаи Съез­ди 18-уми ВКП (б) Съезди 5-уми Партияи Коммунистии (болшевикон)-и Тоҷикистон (22—27 феврали 1939) барпо гардид. Коммунистони Тоҷикистон ба муборизаи меҳнаткашон барои бомуваффақият ба ҳаёт татбиқ намудани қарорҳои Съезди 18-уми ВКП (б) роҳбарӣ намуданд. Саноат, нақлиёти автомобили ва роҳи оҳан, ҳамаи намудҳои алоқаи ҳозиразамон босуръат тараққӣ мекар­данд. Ташаккул ёфтани кадрҳои мил­лии синфи коргар, баланд шудани шуурнокии сиёсӣ ва дараҷаи мада­нию техникии он муваффақияти муҳими Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон буд. Меҳнаткашони хоҷагии қишлоқ махсусан дар истеҳсоли маҳсу­лоти асосии зироат — пахта, ба комёбиҳои калон соҳиб шуданд. Сохт­мони маданӣ низ инкишоф меёфт.

Тии Испания таҳти унвони Партияи Коммунистии Испания барпо карда шуд. Баъди таъсис ба Интернатсионали Коммунистӣ ҳамроҳ шуд. Ташкили Партияи Коммунистии Испания  чудошавиро дар сафи Партияи сотсиалистии коргарии Испания (ПОКИ) тезонид. Апрели 1921 вакилони чапи Съезди фавқулодаи  Партияи сотсиалистии коргарии Испания ПСКИ таъсиси Партияи Коммунистии коргарии Испания (ПККИ)-ро  эълон намуданд. Ноябри 1921 дар Мадрид дар конференсияи ҳар ду партияи коммунистӣ партияи ягона —Партияи Коммунистии Испания барпо карда шуд. Марти 1922  Съезди 1-уми партия, ҷамъ омад, ки  он сиёсати фронти ягонаро бо меҳнаткашон — аъзоёни Иттифоқи умумии меҳнаткашон (ИУМ) ва анархистон маъқул донист.

Баъди он ки сентябри 1923 дар мамлакат диктатураи ҳарбии генерал Примо де Риваро барқарор гардид. Партияи Коммунистии Испания ПКИ маҷбур шуд ба пинҳонкорӣ гузарад. Дар вазъияти нави баъди сарнагуншавии монархия (14 апрели 1931), ки ба Револютсияи солҳои 1931—39 ибтидо гузошт дар назди партияи нав  аз пинҳонкорӣ баромада вазифаи ҷиддии мубориза бо сектантчигӣ меистод. Партияи Коммунистии Испания ПКИ бо роҳбарии Хосе Диас  (солҳои 1932—42 котиби генералии Партияи Коммунистии Испания (ПКИ), Долорес Ибаррури ва дигар, ки  дар Съезди 4-уми Партияи Коммунистии Испания ПКИ ба ҳайати  Комитети Маркази интихоб гардиданд, дере нагузашта ба яке аз қувваҳои бонуфузи  сиёсии мамлакат табдил ёфт. Партияи Коммунистии Испания ПКИ  таклиф кард, ки фронти васеи зиддифашистӣ ба вуҷуд оварда шавад.

Январи 1(936 бо ташаббуси Партияи Коммунистии Испания ПКИ партияҳои коммунистӣ, сотсиалистӣ ва республикавӣ Фронти халқии ташкил намуданд, ки он дар интихоботи парламент 16 феврали 1936 бар блоки пар- } тияҳои монархистӣ ва клерикалӣ — фашистӣ ғалаба кард. Дар давраи Ҷанги миллию револютсионии солҳои 11936—39 Партияи Коммунистии Испания ПКИ ташкилотчии асосии  зарбаи халқи инспан ба исёни ҳарбию фашистӣ буд. Дар давраи Ҷанги  миллию револютсионӣ шумораи аъзоёни Партияи Коммунистии Испания ПКИ ба 300 ҳазоранд. Баъди мағлубияти республика (марти 1939) ва дар Испания барқарор гардидани  диктатураи -Франко Партияи Коммунистии Испания ПКИ дар шароити душвори пинҳонкорӣ ва ҷазодиҳиҳои бераҳмона сафи худро аз нав сохт. Дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939—45) Партияи Коммунистии Испания ПКИ кӯшиш намуд, ки Испания аз тарафи Германия ба ҷанг дохил нашавад ва ба вусъати ҳаракати партизанӣ дар мамлакат мадад расонд.

Баъди тамом шудани (Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Партияи Коммунистии Испания ПКИ ба кор карда баромадани тактикаи нав шурӯъ намуд, ки он дар шароити нави сиёсӣ ба ҳам пайвастани шаклҳои муборизаи легалӣ ва ғайрилегалиро пешбинӣ мекард. Партияи Коммунистии Испания ПКИ аз муборизаи ‘Партизанӣ, чун шакли муборизаи ба вазъияти нав номувофиқ даст кашида, ба баромадҳои калони оммавӣ, ки бар зидди диктатураи франкистӣ барои ба даст овардани истиқлолияти хақиқии миллӣ ва барҳам задани базаҳои америкоӣ дар территорияи Испания нигаронида шуда буданд, роҳбарӣ кард. Ноябри 1954 Съезди 5-уми Партияи Коммунистии Испания ПКИ чамъ омад, ки он «Про­граммаи Партияи Коммунистии Ис­пания дар мубориза барои истиқлолият ва демократикунонии Испания, барои қатъиян беҳтар намудани ша­роити зиндагии халқи испанро қа­бул кард.

Дар Программаи нави Партияи Коммунистии Испания ПКИ ду давраи револютсияи Испания—де­мократӣ ва сотсиалистӣ нишон дода шудааст, инчунин таъкид карда шудааст, ки Партияи Коммунистии Испания ПКИ нест кардани дикта­тураи Франко ва тоза кардани. роҳи тараққиёти демократии мамлакатро вазифаи аввалини худ меҳисобад. Съезди 6-уми Партияи Коммунистии Испания ПКИ (январи 1960) ба тарафдории ҳуқуқи халқҳои Ката­лония, Мамлакати Баскҳо ва Гали­ён ба автономияи миллӣ фикр баён кард ва озодии виҷдон, дину оин ва аз давлат ҷудо кардани калисоро талаб кард. Партияи Коммунистии Испания ПКИ дар ташкили шаклҳои гуногуни ҳаракати зиддифранкистӣ (корпартоиҳо, намоишҳо ва ғайра) фаъолона иштирок намуда, револютсионии осоиштаи демократиро тарафдорӣ ме­кард ва дар баробари он роҳи ғайри осоиштаро низ (дар сурати зарурӣ) инкор намекард.

Баъди марш Франко (ноябри 1975) мамлакат ба давраи озодшавӣ аз боқимондаҳои фашистӣ дохил шуд. Апрели 1978 дар Мадрид Съезди 9-уми Партияи Коммунистии Испания ПКИ барпо гардид, ки он аввалин съезди легалӣ (аз 1932) дар Испа­ния буд. Съезд Устави нави партияро қабул намуд; органҳои роҳбарикунандаи Партияи Коммунистии Испания ПКИ-ро интихоб кард. Дар ҳуҷҷатҳои съезд Партияи Коммунистии Испания ПКИ «партияи марксистӣ, револютсионӣ ва демократӣ» эълон карда шуд. Мувофиқи Устави нав Партияи Коммунистии Испания ПКИ аз рӯи принсипи сентрализми демократӣ сохта мешавад. Органи олии Партияи Коммунистии Испания ПКИ —съезди пар­тия, дар фосилаи байни съездхо — Комитети Марказӣ, ки аз ҳайати он Комитети иҷ- роия Комиссияи доимӣ ва Котибот интихоб мегардад.

Ҳайати вакилони Партияи Коммунистии Испания ПКИ дар ҳамаи съездҳои баъдиҷангии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС, Маҷлисҳои байналхалқии партияҳои коммунистӣ ва коргарии солҳои 1957, 1960, 1969 иштирок карданд. Раиси Партияи Коммунистии Испания ПКИ — Д. Ибаррури, ко­тиби генералии Партияи Коммунистии Испания ПКИ—X Иглесмас. Органи марказии Партияи Коммунистии Испания ПКИ — Мундо Обреро», органи назариявии Партияи Коммунистии Испания ПКИ — журнали «Нуэстра бандера».

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …